16 Октябр 2026,
ҷумъа, 11:52, Душанбе
16.10.2026 10:31

Навзоде, ки аз таваллудхона гум шуда буд, ёфт шудааст

Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе бо нашри иттилоияе хабар дод, ки кӯдаки навзоде, ки аз Пажӯҳишгоҳи акушерӣ, гинекологӣ ва перинатологии Тоҷикистон гум шуда буд, ёфт шудааст.

Манбаъ навиштааст, ки вобаста ба ҳодисаи мазкур аз ҷониби кормандони Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе маҷмуи чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ баргузор гардида, кӯдаки навзод сиҳату саломат пайдо карда шуд.

Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе афзудааст, ки ҳодисаи мазкурро ба зудӣ ба таври муфассал шарҳ медиҳад.

Ёдовар мешавем, ки шаби 11-ум ба 12-уми октябр, тақрибан соати як аз Пажӯҳишгоҳи акушерӣ, гинекологӣ ва перинатологии Тоҷикистон кӯдаки навзоде гум шуда буд. 

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

16.10.2026 09:45

“Дом”-и ҳиҷоб бар зидди ҳукумати Илҳом Алиев миёни Туркия ва Озарбойҷон фосила андохт

Як гурӯҳи духтарони ҳиҷобпӯш дар Озарбойҷон бар зидди қоидаҳои ягонаи либоси мактабӣ, ки аз ҷониби ҳукумати Озарбойҷон қабул шуд, намоиши эътирозӣ доир карданд. Онҳо аз ҳукумати Озарбойҷон даъват карданд, ки қоидаҳои манъи таҳсил бо ҳиҷоб дар мактабҳо бекор карда шавад.
16.10.2026 09:07

Обама: “Исроил бояд бипазирад, ки фаластиниҳо сарзамини худро тарк нахоҳанд кард”

Барак Обама, раиси ҷумҳури пешини Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, дар изҳороте бо таъкид бар ин ки ҳудуди ҳафт миллион фаластинӣ дар он минтақа зиндагӣ мекунанд ва аз он ҷо нахоҳанд рафт, гуфт, ки режими Исроил бояд ин воқеиятро бипазирад.
16.10.2026 08:58

Трамп Зеленскийро ба надоштани иродаи воқеӣ барои созиш бо Русия муттаҳам кард

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури ИМА бори дигар аз ҳамтои украинии худ Владимир Зеленский интиқод карда, иддао намуд, ки ӯ дар амал барои расидан ба созиш бо Русия иродаи воқеӣ надорад. Трамп ҳамчунин, ҳамлаҳои Украина ба корхонаҳои коркарди нафти Русияро ба болоравии нархи ҷаҳонии нафт рабт дод.
16.10.2026 08:42

Қирғизистон бо Толибон дар бораи таъсиси роҳи мустақими тиҷоратӣ гуфтугӯ кард

Сафири Қирғизистон дар Кобул бо масъулони Палатаи тиҷорат ва сармоягузории гурӯҳи террористии Толибон дар бораи таъсиси роҳи мустақими тиҷоратӣ, густариши ҳамкориҳои транзитӣ ва эҳёи лоиҳаи роҳи оҳани панҷкишварӣ гуфтугӯ кардааст.
15.10.2026 16:41

Масъалаи иштироки бахши хусусӣ дар рушди энергетика дар дидори Далер Ҷумъа ва Моаззам Мекан матраҳ гардид

Имрӯз, 15-уми октябр вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо роҳбари самти шарикии давлат ва бахши хусусӣ дар Осиёи Ҷанубӣ, хизматрасониҳои машваратӣ оид ба муомилотии Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ (IFC), узви Гурӯҳи Бонки Умумиҷаҳонӣ Моаззам Мекан мулоқот кард.
15.10.2026 16:40

Русия дар шаш ҳафта пойгоҳи бузурги партоби паҳподҳо бунёд кард

Русия дар вилояти Ростови ин кишвар пойгоҳи бузурги партоби паҳподҳои ҳамлаварро дар муддати тақрибан шаш ҳафта сохтааст. Бино ба гузориши хабаргузории “Ройтерз” бо такя ба аксҳои моҳвораӣ, масоҳати ин иншоот ба тақрибан 126 майдони футбол баробар аст.
15.10.2026 13:28

Ҳамлаи паҳподҳои Украина ба корхонаи коркарди нафти Русия: сӯхтор дар Рязан

Дар пайи ҳамлаи густурдаи дронҳои Украина ба вилояти Рязани Русия, дар як корхонаи коркарди нафт сӯхтор сар задааст. Ин ҳодиса дар ҳоле рух медиҳад, ки масъалаи қатъи ҳамлаҳо ба зерсохторҳои энергетикии ду кишвар матраҳ аст.