25 Октябр 2026,
якшанбе, 08:12, Душанбе
08.09.2026 17:42

Мариам Раҳмонова: «Ояндаамро дар соҳаи тиб мебинам, аммо моделиро низ идома медиҳам»

Мариам Раҳмонова дар як вақт се роҳи гуногунро пеш гирифтааст. Модел аст ва либосҳои миллиро муаррифӣ мекунад. Ҳамчун ҳунарпеша дар силсилафилми «Дӯкон» нақши асосиро иҷро кардааст, ки бисёр самимӣ ва хотирмон аст. Дар риштаи стоматология таҳсил мекунад ва дар оянда худро табиб мебинад. Мариам Раҳмонова мегӯяд, моделӣ шавқи кӯдакиаш аст, актёрӣ тасодуфан ба зиндагияш ворид шудааст ва тиб касбест, ки ояндаашро дар он мебинад. Азбаски ӯ барандаи унвони «Face of Tajikistan 2022» низ ҳаст, мегӯяд, модел бояд танҳо зебоӣ не, балки фарҳангу рафтору гуфтори кишварашро низ муаррифӣ кунад. 

Дар суҳбат бо мо аз интихоби касб, нақшофариаш дар «Дӯкон», масъулияти «Чеҳраи Тоҷикистон» будан ва нақшаҳои ояндааш гуфт.

- Шуморо ҳамчун ҳунарпеша, модел ва табиби оянда мешиносанд ва якбора дар чанд соҳа муваффақ шудаед. Нахуст бигӯед, ки аз ин ҳама касбҳо кадомаш ба шумо наздиктар аст?

- Фикр мекунам, аксар маро ҳамчун модел мешиносанд. Дар умум, ба ҳама коре, ки машғул ҳастам, аз таҳти дил иҷро мекунам ва ҳоло намехоҳам миёни онҳо якеро болотар ё поинтар гузорам. 

- Шумо, ки расман дар риштаи стоматология таҳсил мекунед, бигӯед, ки ин касбро чӣ гуна интихоб кардед?

- Азбаски модарам табиб ҳастанд, аз хурдӣ орзу доштам, ки касби модарамро интихоб кунам. Шукр, ба ин орзуям расидам ва интихоби касбам тасодуфӣ нест, балки дар натиҷаи роҳнамоии аҳли оилаву шавқу завқи худам аст. 

- Оё дар оянда ҳамчун дандонпизишк фаъолият мекунед?

- Албатта, ман касби асосиамро дӯст медорам ва ояндаамро маҳз дар соҳаи тиб мебинам.

- Чӣ хел шуд, ки шумо ҳамчун як табибшаванда ба касбҳои ҳунарӣ, аз қабили актёрӣ ва моделӣ шавқ пайдо кардед?

- Моделӣ низ шавқи кӯдакиам аст. Аз хурдӣ ба фаъолияти моделҳои ҷаҳонӣ таваҷҷуҳ доштам ва ин соҳаро низ барои худам мувофиқ медонистам. Аслан, ман ба моделӣ ҳамчун шуғл муносибат мекунам ва ин корамро низ хеле зиёд дӯст медорам. 

- Тавре медонем, барои табиб шудан солҳои зиёд таҳсил кардан лозим аст ва ин роҳ хеле мушкил мебошад. Лутфан, бигӯед, ки ба актёрӣ ва моделӣ ворид шудан чӣ мушкилиҳо дорад?

- Аксар одамон шуғл доранд ва аз рӯйи шавқу ҳавас ба корҳои гуногун машғул мешаванд. Ҳамин шавқу ҳавас сабаб мешавад, ки ҳар гуна мушкилиро сарфи назар кунӣ ва ба кори дӯстдоштаат машғул шавӣ. Масалан, барои ман, ки моделиву ҳунарпешагиро дӯст медорам, машғул шудан ба ин корҳо ҳам осон аст ва ҳам шавқовар. Албатта, бархе монеаҳову душвориҳо пайдо мешаванд, вале чун шавқ зиёд аст, роҳ давом меёбад. 

- Шумо дар силсилафилми “Дӯкон” нақши асосиро иҷро кардаед. Чӣ гуна ба ин филм даъват шудед?

- Иҷро кардани нақши асосӣ дар силсилафилми “Дӯкон” як навъ тасодуфӣ буд. Созандагони филми мазкур маро ҳамчун модел шинохтанд ва ба кастинг даъват намуданд. Он замон ман ба пешаи ҳунарпешагӣ шавқи зиёд надоштам, аммо чун даъват шуд, хостам як бор худамро бисанҷам. Ҳамин тавр, қабул шудам ва корро оғоз кардам. 

- Маълум аст, ки пеш аз силсилафилми “Дӯкон” таҷрибаи нақшофарӣ дар филмҳоро надоштед. Чӣ гуна ба худ боварӣ пайдо кардед ва иҷрои нақши асосиро дар силсилафилм қабул намудед?

- Фикр мекунам, модарам маро аз хурдӣ дар рӯҳияе калон кардаанд, ки ба худ боварӣ дошта бошам. Чун имкони худро дар экрани калон санҷидан пайдо шуд, худамро санҷидам ва шукр, ки муваффақ гардидам. 

- Мегӯянд, ки актёр бояд қаҳрамонашро дӯст дорад, ҳатто агар ӯ кори нодуруст кунад? Шумо нисбат ба қаҳрамони худ чӣ эҳсос доштед?

- Ман дар силсилафилми “Дӯкон” нақши духтари одиеро бозӣ кардам, ки бо ҳама самимӣ аст ва махсусан падару модарашро хеле дӯст медораду ҳамеша дар фикри беҳбудии оила мебошад. Фикр мекунам, ба чунин нақш ворид шудан, ки инъикоскунандаи зиндагии ҳаррӯзаи мост, кори душвор нест. Дар ҷараёни кор ман то андозае қаҳрамонамро дӯст доштам. 

- Оё ягон саҳна буд, ки баъди иҷро карданаш фикр карда бошед: «Ман агар дар зиндагии воқеӣ дар чунин вазъ мебудам, ҳамин тавр рафтор мекардам?»

- Ҳоло лаҳзаи муайянеро ба ёд оварданам душвор аст, вале дар аксар ҳолат ман мисли қаҳрамонам рафтор намекардам, зеро ӯ хеле орому хоксор аст.  

- Оё ҳамчун ҳунарпеша ба филмҳои нав даъват мешавед, ё ҳоло болои лоиҳае кор карда истодаед?

- Бале, ба ҳайси ҳунарпеша ба филмҳои гуногун даъват шудаам ва насиб бошад, моҳҳои оянда дар чанд лоиҳа иштирок хоҳам кард. 

- Шумо ҳамчун модел дар лоиҳаҳои зиёд иштирок кардаед ва хеле хуб шинохта шудаед. Ба фикри шумо, модел кист ва чӣ рисолат дорад? 

- Модел муаррифгар аст. Ӯ либосҳоро ба таври муносиб муаррифӣ карда, таваҷҷуҳи алоқамандон ва харидоронро ба маҳсулоти тарроҳон ҷалб мекунад.

- Шуморо “Face of Tajikistan-2022” мегӯянд. Ғолиб омадан ва унвони “Face of Tajikistan-2022”-ро соҳиб шудан чӣ қиссае дорад? 

- Соли 2022 дар кастинг иштирок кардам ва бо ду довталаби дигар ба даври баъдӣ гузаштам. Сипас, аз миёни се нафар маро ҳам доварони тоҷик ва ҳам доварони кореягӣ ғолиб интихоб карданд ва унвони “Face of Tajikistan 2022”-ро ба даст овардам. Вазифаи ғолиби озмуни мазкур муаррифии либоси тоҷикӣ дар арсаи байналмилалӣ аст. 

- Ба назари худи шумо, модели тоҷик вақте Тоҷикистонро дар хориҷ намояндагӣ мекунад, бояд ғайр аз зебоӣ боз чиро бо худ барад?

- Албатта, моделӣ танҳо зебоии намуди зоҳирӣ нест. Дар баробари чеҳраи зебову қомати баланд, бояд рафтору гуфтори хуб дошта бошӣ ва таъриху фарҳанги худро донӣ, то ки кишваратро ба таври шоиста муаррифӣ намоӣ. 

- Тарзи зиндагии модел аз берун зебо менамояд ва бисёриҳо орзу ҳам мекунанд. Бигӯед, ки ин касб чӣ душвориҳо дорад? 

- Шукр, соҳаи моделӣ дар кишвари мо рӯз то рӯз рушд мекунад ва талабот ба ин касб рӯз то рӯз бештар мешавад. Душворӣ ё паҳлуи манфии ин пеша дар он аст, ки мардум моделҳоро бештар мавриди муҳокима қарор мегиранд, баъзан шарҳҳои нохуб менависанд. Ҳамчунин, дар ҷараёни кор аз сабабе, ки ҳамеша бо пойафзоли пошнабаланд мегардӣ, хеле душвор аст. 

- Агар байни тиб ва моделӣ интихоб кардан лозим шавад, кадомашро интихоб мекунед?

- Ҳар ду. Ҳам табибӣ ва ҳам моделӣ бароям шавқовар ҳастанд ва якеро интихоб карда наметавонам. 

Мусоҳиб 

Ҳафизуллоҳ Тоҳирӣ

Хатти хабарҳо

24.10.2026 13:50

Аз 6-моҳа то 5-сола. Дар кишвар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ баргузор мегардад

Дар асоси фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 26-уми октябр то 6-уми ноябри соли равон рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон байни кӯдакони синнашон аз 6-моҳа то 5-сола (кўдаконе, ки аз 27 октябри соли 2021 то 26 апрели соли 2026 таваллуд шудаанд), гузаронида мешавад.
24.10.2026 11:07

Пешвои миллат дар шаҳри Ваҳдат маркази ташхисӣ ва табобатии Лормедро ифтитоҳ намуданд

Имрӯз, 24-уми октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум ва ифтитоҳи як қатор иншооти ҷашнӣ ба шаҳри Ваҳдат сафар карданд.
24.10.2026 11:04

Дидгоҳи як тоҷик дар Синхуа. Наздикшавии Чин ва Осиёи Марказӣ ояндаи СҲШ шакл медиҳад

Хабаргузории “Синхуа”-и Чин дар як гузориш бо Гузел Майтдинова, директори Маркази таҳқиқоти геополитикии Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон дар бораи тақвияти ҳамкории Чин ва Осиёи Марказӣ дар доираи Созмони ҳамкории Шанхай суҳбат намудааст. Коршинос дар ин суҳбат таъкид мекунад, ки афзоиши тиҷорат, рушди долонҳои нақлиётӣ ва ҳамкории технологӣ метавонанд самтҳои фаъолияти Созмони ҳамкории Шанхайро густариш диҳанд.
24.10.2026 10:32

Русия даст доштан бар таблиғоти интернетии зидди яҳудиёнро рад кард

Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Русия бо пахши як изҳорот гуфт, ки иттиҳоми Бенямин Нетаняҳу дар мавриди нақш доштани Русия дар роҳандозии маъракаи интернетии зиддияҳудӣ беасос аст. Ин вазорат матраҳ шудани чунин иттиҳомро ба интихоботи Исроил, ки рӯзи 27-уми октябр бояд баргузор шавад, вобаста донист.
24.10.2026 10:23

Аббос Ироқчӣ: “Амрико барои дифоъ аз Исроил 11 миллиард доллар сарф кардааст”

Сайид Аббос Ироқчӣ, вазири корҳои хориҷии Эрон гуфт, ки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар се соли охир 11 миллиард доллар аз маблағҳои андозсупорандагони худро барои дифои мушакии Исроил харҷ кардааст.
24.10.2026 10:17

Дар натиҷаи ҳамлаи Ҷабҳаи озодӣ ба фурудгоҳи низомии Багром 10 Толиб кушта шудааст

Ҷабҳаи озодии Афғонистон хабар додааст, ки неруҳои ин ҷабҳа ба иншоот ва марказҳои таълимии гурӯҳи террористии Толибон дар фурудгоҳи низомии Багром, воқеъ дар шимоли Кобул ҳамлаи мушакӣ анҷом додааст.
24.10.2026 09:06

Хонаи истиқоматӣ ва мукофотпулӣ. Қадрдонии Шоҳрух Назаров пас аз муваффақият дар Бозиҳои V параосиёӣ

Шоҳрух Назаров барандаи медали нуқраи Бозиҳои V параосиёӣ шуда, аввалин медали ҳайати мунтахаби Тоҷикистонро дар таърихи иштироки кишвар дар мусобиқаи мазкур ба даст овард.
24.10.2026 07:05

31 созишнома бо 1,2 миллиард сомонӣ. Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест – 2026» баргузор гардид

Дар шаҳри Бохтар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест – 2026» бо иштироки 1000 нафар, аз ҷумла соҳибкорон, сармоягузорон ва меҳмонон аз 30 давлати ҷаҳон баргузор гардид.
24.10.2026 07:04

Сироҷиддин Муҳриддин дар мулоқоти вазирони корҳои хориҷии давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Гурҷистон иштирок намуд

Имрӯз, 23-юми октябр дар шаҳри Батуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар мулоқоти вазирони корҳои хориҷии давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Гурҷистон иштирок кард.
23.10.2026 14:15

Толибон бе Тоҷикистону Чин роҳи Долони Вахонро боз карданд. Чин гуфт, роҳ баста мемонад

Чанд рӯз қабл масъулони гурӯҳи террористии Толибон бидуни ҳузури Чин роҳи Долони Вахонро, ки Афғонистонро бо Чин мепайвандад, ифтитоҳ намуданд. Чин фавран изҳорот дод, ки роҳ ба таври якҷониба аз сӯйи масъулони Толибон ифтитоҳ шуда, баста боқӣ мемонад ва ҳеч гуна равобити транзитӣ дар ин минтақа сурат нахоҳад гирифт.
23.10.2026 13:55

Путин: “Шикасти Русия дар ҷанг ғайриимкон аст”

Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия изҳор дошт, ки шикасти ин кишвар дар майдони ҷанг ғайриимкон буда, идеяи расонидани шикасти стратегӣ ба Маскав воқеӣ нест. Ӯ ҳамчунин, гуфт, ки Русия нияти ҷанг бо Аврупоро надорад.