8 Ноябр 2026,
якшанбе, 07:35, Душанбе
15.09.2026 18:19

Суҳробшоҳ Давлатзода: “Фаҳмидам, ки бе кори эҷодӣ наметавонам”

Суҳробшоҳ Давлатзода иқтисоди ҷаҳон ва маркетингро омӯхта, бовар дошт, ки бонкдор мешавад, вале як мусоҳибаи одӣ роҳашро тағйир дод ва ба телевизион рӯ овард. Имрӯз ӯ яке аз наттоқони шинохтаи барномаи иттилоотии “Навид” буда, инчунин, муаллифи барномаҳои гуногун низ ҳаст. 

Суҳробшоҳ Давлатзода дар суҳбат бо Dialog.tj аз роҳи аҷиби тайкардааш дар соҳаи журналистика гуфт, ки фишурдаи онро пешкаши хонандагон мегардонем.

- Нахуст, бигӯед, ки дар чӣ гуна оилаву муҳит ба воя расидаед?

- Падарам ошпази касбӣ ва модарам дӯзанда ҳастанд. Солҳои зиёд аст, ки падарам дар маъракаҳои гуногун ҳамчун ошпаз хизмат мекунанд ва корашонро бисёр дӯст медоранд. Модарам орзу доштанд, ки сароянда шаванд. Ҳатто дар мактаб тахаллусашон “Булбул” будааст. Вале аҳли оилаашон барои интихоби пешаи сарояндагӣ розӣ нашудаанд. Дар умум, дар оила ва муҳити орому осудаву якдигарфаҳм ба воя расидаам. 

- То ҷое медонем, шумо дар риштаи иқтисод таҳсил кардаед. Бигӯед, ки чаро маҳз иқтисодро интихоб намудед?

- Аслан, ман замони мактабӣ маҳфилоро, суханвару шеърдон будам. Забони арабиву англисӣ меомӯхтам ва мехостам дар ихтисоси англисӣ-арабии факултети шарқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳсил бикунам. Вақте ки ҳуҷҷатҳоямро ба донишгоҳ супурданӣ шудам, гуфтанд, ки ихтисоси мехостаам дигар нест ва англисию арабиро аз ҳам ҷудо кардаанд. Сипас, як ҳамсояамон пешниҳод кард, ки ба Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дохил шавам. Ӯ гуфт, ки дар курси дуюм имкон аст, ки ба Амрико интиқол ёбаму кору таҳсиламро он ҷо идома диҳам. Ман розӣ шудам ва соҳаи иқтисодро омӯхтам.  

- Шумо Донишгоҳи технологии Тоҷикистонро хатм кардаед, бигӯед, ки чӣ гуна ба Телевизиони “Сафина” роҳ ёфтед?

- Cоли 2014, вақте ки дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон таҳсил мекардам, бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ба Телевизиони “Сафина” мусоҳиба додам. Пас аз мусоҳиба, журналисти телевизион ба ман  гуфт, ки тарзи суханрониат хуб аст ва чеҳраи телевизионӣ низ дорӣ, агар хоҳӣ барои кор даромадан ба телевизион як маротиба кӯшиш бикун. Азбаски риштаи иқтисодро меомӯхтам ва баробари таҳсил, дар як ташкилоти қарзӣ таҷрибаомӯзӣ мекардам, тамоман фикри ба журналистика омаданро надоштам, балки ояндаамро маҳз дар соҳаи бонкдорӣ медидам. Сипас, дар ташкилоти қарзӣ шоҳиди як ҳодисаи нохуше шудам, ки он манзара маро пурра дилмонда кард. Донишгоҳро хатм кардам ва дар ҷустуҷӯйи кор шудам. Қисса кӯтоҳ, ба хулосае омадам, ки як бор худамро дар телевизион бисанҷам ва бо лоиҳаи “Таърихи варзиш” бо пешниҳоди як бародари қадрдон аввал ба Телевизиони “Душанбе” рафтам ва баъдан фикрҳоямонро иваз кардаму ба Телевизиони “Сафина” омадам. Лоиҳаро ман пурра муаррифӣ кардам ва сармуҳаррири идораи ҷавонӣ, варзиш ва зебоӣ, ки он замон Умед Аҳмадзода буданд, хеле хуш қабул карданд. Ҳамин тавр, маро ба кор пазируфтанд ва фаъолиятамро ҳамчун муаллиф ва ровии барномаи “Таърихи варзиш” оғоз намудам.

- Надоштани дипломи журналистӣ барои ба кор даромадан монеа нашуд? 

- Фикр мекунам, телевизион пеш аз ҳама ҷойи нафаронест, ки малакаву маҳорати хуб доранд. Он вақт директори Телевизиони “Сафина” Лутфулло Давлатзода буданд ва ҷавононро хеле зиёд дастгирӣ мекарданд. Маълумоти олии рӯзноманигорӣ надоштанам, монеа нашуд. Чун дар вуҷудам ҷавҳари эҷодӣ ва истеъдоди кор дар ин соҳаро диданд.

- Чанд муддат барномаи “Таърихи варзиш”-ро таҳия кардед ва чӣ гуна наттоқи барномаи “Навид” шудед?

- Барномаи “Таърихи варзиш”-ро то соли 2016 таҳия кардам. Ҳамон сол аз телевизион рафтам ва роҳбари филиали як маркази забономӯзӣ шудам. 9 моҳ кор кардам ва боз ба телевизион баргаштам. Фаҳмидам, ки ман бе кори эҷодӣ наметавонам. Вақте дубора омадам, директори телевизион Носир Саидов буданд. Гарчанде лоиҳаҳои муаллифӣ доштам, вале ин навбат корамро аз идораи “Субҳ ба хайр, Тоҷикистон” оғоз кардам. Як моҳ кор кардам ва сипас, Носир Саидов пешниҳод карданд, ки дар барномаи “Навид” фаъолият бикунам ва ҳамин тавр, аз моҳи январи соли 2018 то ҳол дар баробари чанд барномаи муаллифӣ, наттоқи барномаи “Навид” ҳастам. 

- Наттоқи барномаи “Навид” будан, кори саҳлу осон нест. Оё ҳолатҳои ногувор буданд?

- Пеш аз эфир баромадан, ду ҳафта тамрин кардам ва аслан бовар надоштам, ки ин қадар зуд дар ин минбари хеле маъруфу муҳим дар фазои иттилоотӣ ба кор шуруъ мекунам. Дар оғоз, хеле зиёд метарсидам, ҳатто дасту поям меларзиданд. Ҳар лаҳза фикр мекардам, ки ҳоло хато мекунам. Рафта-рафта тарс хеле кам шуд ва ҳоло тарс танҳо дар оғози барнома каме ҳасту тамом. Яъне, баробари “Ассалому алейкум” гуфтан, озод мешавам ва масъулияти иттилоърасониро то қадри имкон иҷро мекунам. Дар мавриди ҳолати ногувор бояд бигӯям, ки чанд сол пеш, дар рафти барнома, вақте ки хабареро мехондам, нохост қалам аз дастам афтид ва то миёни миз рафт. Ман аз бинанда чашмамро накандам, вале ғайриихтиёр оҳиста-оҳиста дастамро сӯйи қалам бурдам ва пеш аз тамом шудани хабар, онро гирифтам. То ҳол шукр, дар вақти пахши мустақим хатои дағал накардаам. 

- Кори наттоқ дар телевизион чӣ гуна тартиб дорад?

- Дар Телевизиони “Сафина” ҳамарӯза шаш нашри хабарӣ аст, ки ҳамааш мустақиманд. Ман дар бахши тоҷикӣ фаъолият мекунам ва рӯзҳои навбатдориям, яъне чоршанбе ва ҷумъа, чор нашри барномаи иттилоотии “Навид”-ро пеш мебарам.

- Ба ҷуз наттоқӣ, шумо муаллифи як қатор барномаҳои хубу диданӣ ҳастед. Лутфан, бигӯед, ки лоиҳаи “Ҷаҳонзеб” чӣ гуна тавлид гардид?

- Вақте ки расман наттоқи барномаи “Навид” шудам, пеши худ мақсад гузоштам, ки бояд дар баробари наттоқӣ, барномаи муаллифӣ низ таҳия бикунам ва лоиҳаи “Ҷаҳонзеб”-ро бо шиори “Тоҷикон зеби ҷаҳонанд” роҳандозӣ кардам. Барномаи мазкур 100 нашр пешниҳод шуд ва қиссаи зиндагиву фаъолияти 100 шахсеро, ки бо ҳунару маҳорати худ Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ кардаанд, ба бинандагон расонидам. Ҳоло барномаро муваққатан боздоштем. Ба он хотир, ки шумораи афроде, ки Тоҷикистонро бо ҳунару истеъдоди худ дар сатҳи ҷаҳонӣ арзандаву шоиста муаррифӣ менамоянд кам шуда буд. Аммо дар муддати ин се соле, ки мо барнома таҳия накардем шумораи ин гуна шахсон афзуд. Мо умед дорем, ки дар ояндаи наздик мубаллиғони кишварамон дар арсаи ҷаҳониро боз дар барномаи “Ҷаҳонзеб” ба мардуми тоҷик муаррифӣ менамоем. 

- Тавассути барномаи “Ҷаҳонзеб” намояндагони касбу кори гуногун муаррифӣ шуданд ва ин як навъ қадр кардани хизмати онҳост. Оё барномаи мазкурро ба ҷуз телевизион ҷое тамошо кардан мумкин аст?

- Бояд бигӯям, ки дар сад нашри барномаи “Ҷаҳонзеб” мо ягон меҳмони такрорӣ надоштем ва қисме аз онҳоро бори аввал маҳз мо муаррифӣ кардем. Ҳама нашрҳои барнома пурра дар телевизион пахш шуданд ва ҳоло бархе аз онҳо дар саҳифаи расмии “Сафина” дар шабакаи Ютуб дастрасанд. 

- Барномаи дигаратон “Қаҳва бо Суҳробшоҳ” аст. Ин чӣ гуна пайдо шуд?

- Соли 2022 идеяи “Қаҳва бо Суҳробшоҳ” пайдо шуд. Ин барнома дар дохили худ чанд жанрро муттаҳид мекунад. Ҳам суҳбати озод, ҳам ҳазлу шӯхӣ ва ҳам суруду мусиқиро дар бар мегирад.

- Шунидем, ки коргардонӣ ҳам мекунед, дуруст аст?

- Бале, дуруст аст. Чандин курсҳои кӯтоҳмуддати Академияи ВАО-и кишварро хатм кардам. Соле қабл дар Донишгоҳи Сатяҷит Райи Ҳиндустон ба таври фишурда дар самти фаъолияти коргардонӣ дар телевизион ва синамо курси кӯтоҳмуддатро гузаштам ва инак, барномаи “Муд ва зебоӣ”-и ҳамкорам Фарзонаро коргардонӣ мекунам.

-  Ба наздикӣ 21-солагии таъсисёбии Телевизиони “Сафина” буд. Доир ба нақши “Сафина” дар фазои иттилоотӣ чӣ гуфта метавонед?

- Дар замоне дар телевизион фаъолият карда истодаем, ки таваҷҷуҳи мардум бештар ба шабакаҳои иҷтимоӣ банд аст, аммо ин моро ноумед намекунад, зеро медонем, ки телевизион ҳоло ҳам мавқеъ дорад ва бинандаи доимии худро аз даст надодааст. Воқеан ҳам, Телевизиони “Сафина” бо пешниҳоди барномаҳои гуногун дар рушди фазои иттилоотии кишвар саҳмгузор аст. Ман ифтихор дорам, ки тӯли 10 сол аст дар ин дастгоҳи иттилоотӣ фаъолият мекунам ва шукр, маҳз бо шарофати фаъолият дар телевизион бо нишонҳои Аълочии телевизион ва радиои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон шарафманд шудам. Муҳимтар аз ҳама, дӯстдориву эътимоди мардумро ба даст овардам.

-  Ба ҷуз кор дар Телевизион боз ҷое фаъолият доред ва умуман ояндаи худро чӣ гуна мебинед?

- Дар баробари дипломи риштаи иқтисод доштан, боз дипломи ихтисоси “Идоракунии давлатӣ”-ро аз Академияи Идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дорам. Мехоҳам, дипломи рӯзноманигорӣ низ дошта бошам ва нақша дорам, ки соли оянда ба факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳуҷҷат супорам. Имрӯз дар радиои “Сафина”, ки нав таъсис ёфтааст, ҳафтае се маротиба давоми ду соат дар пахши мустақим барнома пеш мебарем. Ҳамчунин, ба таври фосилавӣ менеҷери робита бо ҷомеаи як ширкати навтаъсиси ватанӣ ҳастам. Дар умум, мехоҳам бигӯям, ки сарчашмаи ҳама кору дастоварду муваффақиятҳои мо Истиқлоли давлатӣ аст. Истиқлол аст, ки дар фазои кишвари азизамон сулҳу амнияту оромӣ аст. Маҳз дар ҳамин гуна фазо ҳамаи мо мардуми тоҷик якдилона ба роҳи рушд мерасем ва ояндаи наздик Тоҷикистонро ба як кишвари мутараққии ҷаҳон табдил медиҳем. 

Мусоҳиб

Ҳафизуллоҳ Тоҳирӣ

Хатти хабарҳо

07.11.2026 16:36

Тоҷикистон ва Қазоқистон дар эраи нави робитаҳои сиёсиву иқтисодӣ

Чанд ҳафта қабл иттилое нашр шуд, ки таваҷҷуҳи аксари коршиносони масоили хориҷиро ба худ ҷалб кард. Ин иттилоъ дар бораи ҳаҷми тиҷорати Тоҷикистону Қазоқистон буд. Гуфта шуд, ки ҳаҷми тиҷорати Тоҷикистон ва Қазоқистон дар давоми 9 моҳи соли 2026 ба 1 миллиарду 130 миллион доллар расидааст. Ин рақам баёнгари тақвият ва густариши равобити сиёсӣ ва иқтисодии Тоҷикистону Қазоқистон аст.
07.11.2026 16:13

Ба Президенти мамлакат ордени Хоҷа Аҳмади Ясавӣ тақдим гардид

Тавре ки хадамоти матбуоти Президенти мамлакат иттилоъ медиҳад, барои саҳми барҷаста дар таҳким ва рушди пайвастаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ миёни ду кишвар, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷоизаи олии давлатии Қазоқистон - ордени Хоҷа Аҳмади Ясавӣ сарфароз гардонида шуданд.
07.11.2026 15:12

Ба оилаи афсари ҳалокшуда дар сарҳад хонаи истиқоматӣ тақдим гардид

Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар ноҳияи Панҷ ба оилаи афсари ҳалокшудаи Раёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон калиди хонаи истиқоматиро тақдим намуд.
07.11.2026 10:21

Президенти кишвар бо Подшоҳи Шоҳигарии Ҳошимии Урдун Абдуллоҳи II ибни Ал-Ҳусайн мулоқот намуданд

6-уми ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон бо Подшоҳи Шоҳигарии Ҳошимии Урдун Абдуллоҳи II ибни Ал-Ҳусайн мулоқот намуданд.
07.11.2026 10:20

Сарвари давлат: “Гурӯҳу созмонҳои ҷиноятпеша метавонанд зеҳни сунъиро барои ихтироъ ва истеҳсоли аслиҳаи муосир истифода намоянд”

6-уми ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон дар ҷаласаи “Раванди Ақаба” оид ба масъалаҳои таъмини амният дар соҳаи зеҳни сунъӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
07.11.2026 08:32

Амрико ҳашт ширкати молиявии Канадаро ба далели анҷоми муомилот бо Эрон таҳрим кард

Вазорати молияи Амрико эълон кардааст, ки ҳашт ширкати хидматрасонии молиявии мустақар дар Канадаро, ки ба гуфтаи ин вазоратхона, муомилот бо ниҳодҳои таҳримшудаи Эронро осон кардаанд, таҳрим кардааст.
07.11.2026 07:23

Мақоми Созмони Милали Муттаҳид хостори иқдоми фаврӣ барои ҳимоят аз таҳсили духтарони Афғонистон шуд

Мелисса Флеминг, муовини дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид дар умури равобити ҷаҳонӣ, хостори иқдоми фаврӣ барои ҳимоят аз таҳсили духтарон дар Афғонистон шудааст.
05.11.2026 17:27

Ҳушдори Русия ба Аврупо: ҷойгир кардани неру ва амалиётӣ низомӣ Баҳри Сиёҳро ноором мекунад

Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Русия гуфт, талошҳои Иттиҳоди Аврупо барои оғози амалиёти низомӣ дар Баҳри Сиёҳ боиси афзоиши танишҳо мешавад. Русия ҳушдор дод, ки чунин иқдом метавонад боиси ноамнии бештар дар минтақа шавад.
05.11.2026 17:18

Муовини Трамп: Ҷанг бар зидди Эрон ва ҳамкорӣ бо Исроил далели шикаст дар интихобот аст

Ҷей Ди Вэнс, муовини президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико гуфт, ҷанг бар зидди Ҷумҳурии Исломии Эоон ва ҳамкории Вашингтон бо Исроил омилҳои асосии шикасти Ҷумҳурихоҳон дар интихоботи миёндавраии Амрико аст.