30 Октябр 2026,
ҷумъа, 09:32, Душанбе
30.10.2026 08:25

Ҷон Керрӣ: “Трамп бар асоси фарзияҳои ғалат ба Эрон ҳамла кард”

Вазири пешини корҳои хориҷии Амрико Ҷон Керрӣ гуфтааст, ки Доналд Трамп бо такя ба фарзияҳои нодуруст амалиёти низомӣ алайҳи Эронро оғоз карда, худро дар мавқеи бисёр номусоид барои музокирот қарор додааст.

Ба гузориши расонаҳои Амрико, Ҷон Керрӣ рӯзи панҷшанбе дар суҳбат бо Кристиан Аманпур, муҷрии шабакаи “CNN”, дар бораи эҳтимоли оғози дубораи ҷанг аз ҷониби раиси ҷумҳури Амрико изҳори назар кардааст.

Ӯ гуфтааст, вазъ то ҳадде пешгӯинашаванда аст, ки тақрибан ҳар ҳодисае метавонад рух диҳад.

Керрӣ ҳамчунин, таъкид кардааст, ки оғози ҳамлаи низомӣ пас аз интихоботи миёндавраии Амрико иштибоҳи бузург хоҳад буд. Ба гуфтаи ӯ, чунин иқдом наметавонад Эронро ба тағйири мавқеъ водор кунад ё барои бозгашт ба мизи музокирот ташвиқ намояд, балки метавонад онро аз музокирот дуртар созад.

Керрӣ: “Трамп барои расидан ба тавофуқ пешниҳоди мушаххас надод”

Вазири пешини корҳои хориҷии Амрико ҳангоми ишора ба хуруҷи Трамп аз тавофуқи ҳастаии Барномаи муштараки ҷомеъ (БАРҶОМ) суол гузоштааст, ки агар раиси ҷумҳури Амрико воқеан мехост ба тағйирот ва тавофуқи беҳтар даст ёбад, чаро пешниҳоди мушаххасе рӯйи миз нагузошт?

Ӯ ҳамчунин, пурсидааст, ки чаро Вашингтон барои дарёфти посухи Теҳрон ё оғози даври нави музокирот иқдоми мушаххас накард.

Керрӣ дар идома гуфтааст, ки Трамп дар моҳҳои гузашта бар асоси яксилсила фарзияҳои нодуруст шитобкорона вориди ҷанг шуд. Ба гуфтаи ӯ, ин фарзияҳо зиндагии мардумро дар саросари ҷаҳон гаронтар ва хатарноктар кардаанд.

Вазири пешини корҳои хориҷии Амрико таъкид кардааст, ки Трамп бо ин иқдом худро дар мавқеи бисёр номусоид барои музокирот қарор додааст. Бо вуҷуди ин, ӯ ҳанӯз бар ин назар аст, ки Амрико метавонад ба тавофуқе, ки қаблан вуҷуд дошт, хеле наздик шавад.

“Сохтани бомбро бо бомбаборон наметавон боздошт”

Керрӣ ҳамчунин, бо ишора ба ҳамлаи низомии Амрико ва нооромиҳо дар Ховари Миёна гуфтааст, ки ба даст овардани имтиёзҳои бештар нисбат ба он чӣ қаблан дар тавофуқ пешбинӣ шуда буд, кори осоне нахоҳад буд.

Ӯ дар айни замон изҳори умедворӣ кардааст, ки шояд дар баъзе масъалаҳо имкони ба даст овардани натиҷаҳои иловагӣ вуҷуд дошта бошад.

Керрӣ дар бахши дигари суҳбаташ таъкид кардааст: “Шумо наметавонед тарзи сохтани бомбро бо бомбаборон аз байн баред”.

Ба бовари ӯ, роҳи асосии ҳалли масъала ҷалби воқеӣ ба дипломатияи воқеӣ аст. Ин дипломатия метавонад ҳамзамон дар чанд масир пеш бурда шавад: яке дар сатҳи ошкоро ва дигаре ба таври махфӣ, бо ҳамоҳангии равшан.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

30.10.2026 07:54

Беш аз 23 фоиз зиёд. Буҷети Тоҷикистон барои соли 2027-ум 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ мегардад

29-уми октябр таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
30.10.2026 08:25

Ҷон Керрӣ: “Трамп бар асоси фарзияҳои ғалат ба Эрон ҳамла кард”

Вазири пешини корҳои хориҷии Амрико Ҷон Керрӣ гуфтааст, ки Доналд Трамп бо такя ба фарзияҳои нодуруст амалиёти низомӣ алайҳи Эронро оғоз карда, худро дар мавқеи бисёр номусоид барои музокирот қарор додааст.
30.10.2026 08:17

Узви НАТО ба Украина ҷангандаҳои низомӣ медиҳад

Полша дар доираи як бастаи кумаки низомӣ ба арзиши тақрибан 50 миллион евро ду ҳавопаймои ҷангии МиГ-29-ро ба Украина интиқол медиҳад. Ин баста ҳамчунин, муҳимоти тӯпхонаӣ, лавозимоти ҷангии ҷангандаҳои F-16 ва мушакҳои низоми дифои ҳавоиро дар бар мегирад.
29.10.2026 14:50

Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид

Имрӯз, 29-уми октябр дар толори бинои Парламенти Тоҷикистон таҳти раёсати раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ҷаласаи Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ бо шиори «Ваҳдат ба хотири сулҳ, амният ва шукуфоии Осиёи Марказӣ» баргузор гардид.
29.10.2026 13:29

Паёми нави мушакии Кореяи Шимолӣ ба Амрико ва шариконаш

Кореяи Шимолӣ беш аз 10 мушаки баллистикии кӯтоҳпарвозро ба самти Дарёи Шарқӣ (Баҳри Ҷопон) партоб кардааст. Артиши Кореяи Ҷанубӣ аз ин ҳодиса хабар дода, эълом кардааст, ки назорат ва омодагии худро барои муқобила бо партобҳои эҳтимолии баъдӣ тақвият медиҳад.
29.10.2026 10:27

Русия ва Амрико дар мавриди лағви бархе таҳримҳо музокира мекунанд

Маскав ва Вашингтон дар бораи лағви таҳримҳо алайҳи Сандуқи сармоягузории мустақими Русия музокира доранд. Ҳамзамон, музокироти сеҷонибаи Русия, Украина ва Амрико барои поён додан ба буҳрони Украина қарор аст пас аз 4-уми ноябр дар Абу Забӣ баргузор шавад.
29.10.2026 08:39

Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо раиси Маҷлиси Туркманистон Дунягозел Гулманова

28-уми октябр дар шаҳри Душанбе раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо раиси Маҷлиси Туркманистон Дунягозел Гулманова мулоқот намуд.