30 Октябр 2026,
ҷумъа, 09:31, Душанбе
30.10.2026 08:17

Узви НАТО ба Украина ҷангандаҳои низомӣ медиҳад

Полша дар доираи як бастаи кумаки низомӣ ба арзиши тақрибан 50 миллион евро ду ҳавопаймои ҷангии МиГ-29-ро ба Украина интиқол медиҳад. Ин баста ҳамчунин, муҳимоти тӯпхонаӣ, лавозимоти ҷангии ҷангандаҳои F-16 ва мушакҳои низоми дифои ҳавоиро дар бар мегирад.

Расонаҳои Полша хабар додаанд, ки Варшава бо интиқоли ду ҷанганда ва муҳимоти низомӣ ба Украина мувофиқат кардааст.

Рӯзномаи “Жечпосполита” навиштааст, ки ин тасмим аз ҷониби генерал-лейтенант Дариуш Вуковский, мудири бахши стратегия ва банақшагирии дифоӣ дар Вазорати дифои Полша, таъйид шудааст.

Ба гуфтаи ӯ, яке аз ин ду ҳавопаймо ҳанӯз қобилияти анҷоми парвозҳои ҷангиро дорад, аммо муҳлати истифодаи ҳавопаймои дувум ба поён расидааст. Аз ин рӯ, эҳтимол дорад, ки он барои таъмини қисмҳои эҳтиётӣ истифода шавад.

Вуковский гуфтааст, ки ин ду ҷанганда “дар ояндаи наздик” ба Украина супурда мешаванд.

Бастаи низомӣ фаротар аз ду ҷанганда аст

Павел Залевский, муовини вазири дифои миллии Полша дар суҳбат бо шабакаи “ТВП Инфо” низ мавҷудияти тавофуқ дар бораи интиқоли ин ду ҳавопайморо тасдиқ кардааст.

Ба гуфтаи ӯ, масъалаи интиқоли дигар ҷангандаҳои МиГ ҳанӯз дар ҳоли баррасӣ қарор дорад.

Вазорати дифои Полша эълом кардааст, ки кумаки низомӣ аз таҷҳизоте иборат хоҳад буд, ки аз хидмати неруҳои мусаллаҳи ин кишвар хориҷ карда мешаванд. Ин раванд бо назардошти ниёзҳои низомӣ ва мулоҳизаҳои амнияти миллӣ амалӣ хоҳад шуд.

Бо вуҷуди ин, вазорат ҷузъиёти пурраи таҷҳизоти воридшуда ба бастаи нави кумакро ошкор накардааст.

Ба навиштаи “Жечпосполита”, ин баста илова ба ду ҷанганда, муҳимоти тӯпхонаии калибри 155 ва 152 миллиметр ва ҳамчунин, муҳимоти 20 бар 102 миллиметриро дар бар мегирад, ки дар тӯпҳои шашмиллаи ҷангандаҳои F-16 истифода мешаванд.

Ин навъи муҳимот, аз ҷумла, барои сарнагун кардани паҳподҳо ва киштиҳои бесарнишини Русия истифода мешавад.

Ҳамчунин, дар бастаи нави кумаки низомии Полша мушакҳо барои низоми дифои ҳавоии кӯтоҳбурди “Пёрун” (Piorun), ки сохти худи ин кишвар аст, пешбинӣ шудаанд.

Қаблан масъалаи интиқоли ҷангандаҳо ба таъхир афтода буд

Ин тасмим пас аз чанд моҳи номуайянӣ дар бораи пешниҳоди интиқоли ҷангандаҳои МиГ-29-и Полша ба Украина гирифта шудааст.

Пештар Варшава масъалаи табодули ин ҳавопаймоҳоро бо фанновариҳои украинӣ дар заминаи паҳподҳо ва мушакҳо баррасӣ карда буд.

Владислав Косиняк-Камиш, вазири дифои Полша моҳи июн гуфта буд, ки Украина ба ин табодул пойбанд намондааст.

Қобили зикр аст, ки Полша қаблан, дар солҳои 2022 ва 2023, 14 ҷангандаи МиГ-29-и худро ба Украина дода буд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

30.10.2026 07:54

Беш аз 23 фоиз зиёд. Буҷети Тоҷикистон барои соли 2027-ум 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ мегардад

29-уми октябр таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
30.10.2026 08:25

Ҷон Керрӣ: “Трамп бар асоси фарзияҳои ғалат ба Эрон ҳамла кард”

Вазири пешини корҳои хориҷии Амрико Ҷон Керрӣ гуфтааст, ки Доналд Трамп бо такя ба фарзияҳои нодуруст амалиёти низомӣ алайҳи Эронро оғоз карда, худро дар мавқеи бисёр номусоид барои музокирот қарор додааст.
30.10.2026 08:17

Узви НАТО ба Украина ҷангандаҳои низомӣ медиҳад

Полша дар доираи як бастаи кумаки низомӣ ба арзиши тақрибан 50 миллион евро ду ҳавопаймои ҷангии МиГ-29-ро ба Украина интиқол медиҳад. Ин баста ҳамчунин, муҳимоти тӯпхонаӣ, лавозимоти ҷангии ҷангандаҳои F-16 ва мушакҳои низоми дифои ҳавоиро дар бар мегирад.
29.10.2026 14:50

Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид

Имрӯз, 29-уми октябр дар толори бинои Парламенти Тоҷикистон таҳти раёсати раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ҷаласаи Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ бо шиори «Ваҳдат ба хотири сулҳ, амният ва шукуфоии Осиёи Марказӣ» баргузор гардид.
29.10.2026 13:29

Паёми нави мушакии Кореяи Шимолӣ ба Амрико ва шариконаш

Кореяи Шимолӣ беш аз 10 мушаки баллистикии кӯтоҳпарвозро ба самти Дарёи Шарқӣ (Баҳри Ҷопон) партоб кардааст. Артиши Кореяи Ҷанубӣ аз ин ҳодиса хабар дода, эълом кардааст, ки назорат ва омодагии худро барои муқобила бо партобҳои эҳтимолии баъдӣ тақвият медиҳад.
29.10.2026 10:27

Русия ва Амрико дар мавриди лағви бархе таҳримҳо музокира мекунанд

Маскав ва Вашингтон дар бораи лағви таҳримҳо алайҳи Сандуқи сармоягузории мустақими Русия музокира доранд. Ҳамзамон, музокироти сеҷонибаи Русия, Украина ва Амрико барои поён додан ба буҳрони Украина қарор аст пас аз 4-уми ноябр дар Абу Забӣ баргузор шавад.
29.10.2026 08:39

Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо раиси Маҷлиси Туркманистон Дунягозел Гулманова

28-уми октябр дар шаҳри Душанбе раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо раиси Маҷлиси Туркманистон Дунягозел Гулманова мулоқот намуд.