Пешвои миллат дар шаҳри Ваҳдат маркази ташхисӣ ва табобатии Лормедро ифтитоҳ намуданд
Боздошти марде бо гумони қаллобӣ: "Ваъда мекард, ки тавассути никоҳи сохта ба Амрико равон мекунад"
Хонаи истиқоматӣ ва мукофотпулӣ. Қадрдонии Шоҳрух Назаров пас аз муваффақият дар Бозиҳои V параосиёӣ
31 созишнома бо 1,2 миллиард сомонӣ. Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест – 2026» баргузор гардид
Аз 6-моҳа то 5-сола. Дар кишвар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ баргузор мегардад
Дар асоси фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 26-уми октябр то 6-уми ноябри соли равон рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон байни кӯдакони синнашон аз 6-моҳа то 5-сола (кўдаконе, ки аз 27 октябри соли 2021 то 26 апрели соли 2026 таваллуд шудаанд), гузаронида мешавад.
Манбаъ навиштааст, ки иммунизатсияи иловагӣ дар шаҳрҳои Ваҳдат, Ҳисор, Исфара ва Панҷакент, ноҳияҳои Рӯдакӣ, Варзоб, Қубодиён, Данғара, Шаҳритус, Кушониён, Восеъ, Вахш ва Фархор гузаронида намешавад, зеро дар ин минтақаҳо қаблан маъракаи мазкур роҳандозӣ гардида буд.
Гуфта мешавад, ки рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 53 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ, ки дар онҳо маъракаи мазкур соли 2025 гузаронида нашуда буд, амалӣ карда мешавад.
Иттилоъ дода мешавад, ки сурхча яке аз бемориҳои шадиди сироятӣ буда, тавассути ҳаво зуд паҳн мешавад ва метавонад боиси оризаҳои вазнин, аз ҷумла илтиҳоби шуш, энсефалит ва дигар мушкилоти саломатӣ мегардад. Гулафшон низ бемории сироятӣ буда, махсусан барои занони ҳомила хавфи ҷиддӣ дорад, зеро сироятёбӣ дар давраи ҳомиладорӣ метавонад ба ҷанин зарари вазнин расонад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Аз 6-моҳа то 5-сола. Дар кишвар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ баргузор мегардад
Пешвои миллат дар шаҳри Ваҳдат маркази ташхисӣ ва табобатии Лормедро ифтитоҳ намуданд
Боздошти марде бо гумони қаллобӣ: "Ваъда мекард, ки тавассути никоҳи сохта ба Амрико равон мекунад"
Дидгоҳи як тоҷик дар Синхуа. Наздикшавии Чин ва Осиёи Марказӣ ояндаи СҲШ шакл медиҳад