Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо раиси Маҷлиси Туркманистон Дунягозел Гулманова
Тоҷикистону Қатар масъалаи таъсиси корхонаҳои муштаракро баррасӣ карданд
Гузоштани санги асоси эстакадаҳо ва ифтитоҳи корхонаҳои истеҳсолӣ дар пойтахт
Дар як қатор вазорату кумитаҳо таъиноти кадрӣ сурат гирифт
Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Имрӯз, 29-уми октябр дар толори бинои Парламенти Тоҷикистон таҳти раёсати раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ҷаласаи Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ бо шиори «Ваҳдат ба хотири сулҳ, амният ва шукуфоии Осиёи Марказӣ» баргузор гардид.
Тавре ки хадамоти матбуоти раиси шаҳри Душанбе хабар додааст, барои иштирок дар форуми мазкур раиси Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон Танзила Нарбаева, раиси Курултайи Ҷумҳурии Қазоқистон Айбек Дадебай, раиси Маҷлиси Туркманистон Дунягозел Гулманова ва муовини якуми раиси Жогорку Кенеши Ҷумҳурии Қирғизистон Медербек Алиев бо ҳайатҳои расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омаданд.
Гуфта мешавад, ки раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба кори ҷаласаи Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ ифтитоҳ бахшида, суханронӣ намуд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Ҷӯра Ҳошимӣ, адиби кӯдакону наврасон дар 78-солагӣ даргузашт
Паёми нави мушакии Кореяи Шимолӣ ба Амрико ва шариконаш
«Донишнома»-и Абуалӣ ибни Сино ба се забон нашр шуд