31 Октябр 2026,
шанбе, 07:38, Душанбе
19.10.2026 17:00

Дар Душанбе семинари омӯзишӣ оид ба рушди шахсияти хонандагону донишҷӯён баргузор шуд

Зиёда аз 100 нафар донишҷӯ ва толибилм аз муассисаҳои гуногуни Тоҷикистон дар семинари омӯзишӣ таҳти унвони “Рушди шахсияти талабагон ва донишҷӯён”, ки бо ибтикори Маркази таълимии “Фаввора” дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, иштирок карданд.

Семинар рӯзи 18-уми октябр бо ҳадафи таваҷҷуҳ ба рушди шахсӣ, ташаккули малакаҳои зарурӣ ва фароҳам овардани имкониятҳои нави омӯзишӣ барои насли ҷавон баргузор шуд.

Дар чорабинӣ намояндагони бахшҳои тиҷорату молия ва муассисаҳои таълимӣ иштирок карда, дар атрофи мавзуи рушди шахсияти хонандагону донишҷӯён суханронӣ намуданд.

Аз ҷумла, Равшан Қурбонов, директори сармоягузории “FIFTYFIVE GROUP” (55 Group), Шерзод Содирзода, намояндаи расмии “Алиф Бонк” ва Шуҳрат Маликзода, намоянда ва яке аз масъулини Донишкадаи инноватсионии Душанбе (DII), аз ҷумлаи баромадкунандагони семинар буданд.

Мавзуи асосии чорабинӣ ба масъалаи рушди шахсияти ҷавонон бахшида шуда, барои баррасии нақши дониш, таҷриба ва муҳити омӯзишӣ дар ташаккули малакаҳои шахсӣ ва касбии онҳо замина фароҳам овард. Иштироки намояндагони соҳаҳои гуногун ҳамчунин, имконият дод, ки мавзуъ аз дидгоҳҳои мухталиф баррасӣ шавад.

Дониш танҳо оғози роҳи муваффақият аст

“Дар шароити имрӯза, ки бозори меҳнат пайваста тағйир меёбад ва талабот ба мутахассисони дорои малакаҳои гуногун меафзояд, гирифтани дониши назариявӣ барои расидан ба ҳадафҳои касбӣ кофӣ нест. Ҷавонон ҳамчунин, бояд қобилияти муоширати муассир, тафаккури мустақил, қабули қарор, идоракунии вақт ва кор дар гурӯҳро инкишоф диҳанд.

Маҳз ташаккули чунин малакаҳо метавонад ба хонандагону донишҷӯён дар муайян кардани ҳадафҳои шахсӣ, интихоби дурусти роҳи таҳсил ва омодагӣ ба фаъолияти касбӣ кумак расонад” – мегӯяд Равшан Қурбонов, директори сармоягузории “FIFTYFIVE GROUP” (55 Group).

Иштироки намояндагони бахшҳои гуногун дар семинар имконият фароҳам овард, ки мавзуи рушди шахсият дар иртибот бо муҳити таҳсил ва фаъолияти касбӣ баррасӣ шавад. Шиносоӣ бо таҷрибаи амалии намояндагони ташкилоту муассисаҳо метавонад ба ҷавонон дарки равшантар аз талаботи муҳити корӣ ва аҳаммияти омӯзиши пайвастаро диҳад.

Барои хонандагону донишҷӯён чунин чорабиниҳо ҳамчунин, имкони муносиб барои табодули андеша, шиносоӣ бо ҳамсолон ва ошноӣ бо дидгоҳҳои гуногун мебошанд. Ин омилҳо метавонанд дар ташаккули эътимод ба нафс, тавсеаи ҷаҳонбинӣ ва муайян кардани самтҳои минбаъдаи рушд нақш дошта бошанд.

“Фаввора”: таваҷҷуҳ ба рушди шахсияти ҷавонон

Шукуров Сулаймон, директори Маркази таълимии “Фаввора”, ҳадафи баргузории семинарро мусоидат ба рушди шахсияти хонандагону донишҷӯён арзёбӣ кард. Ба гуфтаи ӯ, ташкили чунин чорабиниҳо яке аз самтҳои асосии фаъолияти марказ мебошад.

“Рушди шахсияти ҷавонон раванди фарогир буда, дар баробари донишомӯзӣ, ташаккули масъулиятшиносӣ, мустақилият, қобилияти муошират ва муносибати огоҳона ба интихоби ояндаро низ дар бар мегирад. Аз ин рӯ, ҳамкории муассисаҳои таълимӣ бо намояндагони соҳаҳои гуногун метавонад барои фароҳам овардани муҳити мусоиди омӯзишӣ замина гузорад” – мегӯяд, директори Маркази таълимии “Фаввора”

Баргузории семинари мазкур нишон медиҳад, ки масъалаи рушди шахсӣ ва омодасозии ҷавонон ба марҳилаҳои минбаъдаи таҳсилу зиндагӣ дар меҳвари таваҷҷуҳи Маркази таълимии “Фаввора» қарор дорад.

Ҷалби беш аз 100 иштирокчӣ аз муассисаҳои гуногуни кишвар низ аз таваҷҷуҳи хонандагону донишҷӯён ба чунин чорабиниҳои омӯзишӣ дарак медиҳад. Идомаи ташаббусҳои мазкур ва фароҳам овардани имконият барои омӯзиши малакаҳои амалӣ метавонанд дар таҳкими робитаи ҷавонон бо муҳити касбӣ ва муайян кардани ҳадафҳои ояндаи онҳо мусоидат кунанд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

30.10.2026 17:44

Беш аз 100 миллиард евро зарар ба Аврупо: Олмон аз талош барои поён додани муноқишаи Эрон ва Амрико хабар дод

Фридрих Мертс, садри аъзами Олмон мегӯяд, ки муноқишаи Эрон ва ИМА роҳи ҳалли низомӣ надорад. Ба гуфтаи ӯ, идомаи даргириҳо то кунун ба Аврупо беш аз 100 миллиард евро зарар расонидааст.
30.10.2026 13:10

Пешвои миллат Маркази аутизми шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд

Имрӯз, 30-юми октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт бинои нави муассисаи давлатии Маркази аутизм дар шаҳри Душанберо мавриди истифода қарор доданд.
30.10.2026 12:41

Беш аз 23 фоиз зиёд. Буҷети Тоҷикистон барои соли 2027-ум 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ мегардад

29-уми октябр таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
30.10.2026 08:25

Ҷон Керрӣ: “Трамп бар асоси фарзияҳои ғалат ба Эрон ҳамла кард”

Вазири пешини корҳои хориҷии Амрико Ҷон Керрӣ гуфтааст, ки Доналд Трамп бо такя ба фарзияҳои нодуруст амалиёти низомӣ алайҳи Эронро оғоз карда, худро дар мавқеи бисёр номусоид барои музокирот қарор додааст.
30.10.2026 08:17

Узви НАТО ба Украина ҷангандаҳои низомӣ медиҳад

Полша дар доираи як бастаи кумаки низомӣ ба арзиши тақрибан 50 миллион евро ду ҳавопаймои ҷангии МиГ-29-ро ба Украина интиқол медиҳад. Ин баста ҳамчунин, муҳимоти тӯпхонаӣ, лавозимоти ҷангии ҷангандаҳои F-16 ва мушакҳои низоми дифои ҳавоиро дар бар мегирад.
29.10.2026 14:50

Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид

Имрӯз, 29-уми октябр дар толори бинои Парламенти Тоҷикистон таҳти раёсати раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ҷаласаи Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ бо шиори «Ваҳдат ба хотири сулҳ, амният ва шукуфоии Осиёи Марказӣ» баргузор гардид.
29.10.2026 13:29

Паёми нави мушакии Кореяи Шимолӣ ба Амрико ва шариконаш

Кореяи Шимолӣ беш аз 10 мушаки баллистикии кӯтоҳпарвозро ба самти Дарёи Шарқӣ (Баҳри Ҷопон) партоб кардааст. Артиши Кореяи Ҷанубӣ аз ин ҳодиса хабар дода, эълом кардааст, ки назорат ва омодагии худро барои муқобила бо партобҳои эҳтимолии баъдӣ тақвият медиҳад.
29.10.2026 10:27

Русия ва Амрико дар мавриди лағви бархе таҳримҳо музокира мекунанд

Маскав ва Вашингтон дар бораи лағви таҳримҳо алайҳи Сандуқи сармоягузории мустақими Русия музокира доранд. Ҳамзамон, музокироти сеҷонибаи Русия, Украина ва Амрико барои поён додан ба буҳрони Украина қарор аст пас аз 4-уми ноябр дар Абу Забӣ баргузор шавад.