Ислом Махачев: “Рақобати навбатӣ яке аз охирин муҳорибаҳоям аст”
Масъалаи бештар ҷалб кардани қишри ниёзманд ба омӯзиши касбу ҳунар баррасӣ гардид
АСА дар Тоҷикистон: Фаридун Одилов Артём Фроловро шикаст дод
Тоҷикистон барои тағйирёбии иқлим 72 миллион евро мегирад
16.09.2026 13:24
Сӯхтор дар мағозаҳои қолин, курпаворӣ ва кошонаи ҳусн. Шарҳи мақомот
Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон сӯхтор дар дар мағозаҳои тиҷоратии воқеъ дар кӯчаи Крупскойи ноҳияи Фирдавсиро шаҳр дод.
Ба иттилои манбаъ, сӯхтор дар мағозаҳои қолин, курпаворӣ ва кошонаи ҳусн воқеъ дар рӯ ба рӯи даромадгоҳи якуми бозори “Корвон” масоҳати 180 метри мураббаъро фаро гирифтааст.
Гуфта мешавад, ки соати 08:21 дақиқа ба ҷойи ҳодиса 13 адад нақлиёти оташнишонӣ ва 5 адад нақлиёти Раёсати истифодабарии роҳҳои шаҳри Душанбе сафарбар гардида, сӯхтор соати 10:33 дақиқа пурра хомӯш карда шудааст.
Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон сабаби оташсӯзиро то ҳол нагуфтааст.
Dialog.TJ
Хатти хабарҳо
31.10.2026 14:28
Раиси парлумони Туркманистон: Осиёи Марказӣ ба маркази муҳимми геополитикӣ ва иқтисодӣ табдил меёбад
Дунягозел Гулманова, раиси Маҷлиси Туркманистон гуфт, ки афзоиши ҳамкориҳои минтақавӣ ва густариши робитаҳо бо шарикони байналмилалӣ мавқеи Осиёи Марказиро дар иқтисоди ҷаҳон тақвият мебахшад. Дунягозел Гулманова ин нуктаро рӯзи 29-уми октябр дар ҷараёни Форуми чоруми байнипарлумонии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар шаҳри Душанбе баён кардааст.
31.10.2026 13:54
Ноҳияи Данғара барандаи ҷоизаи байналмилалии «Барои шарикии барҷаста бо Чин» шуд
Имрӯз 31-уми октябр вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ҷоизаи байналмилалии «Барои шарикии барҷаста бо Чин» (Friendship City Award for Outstanding Partnership with China)-ро ба раиси ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон Сиҷоуддин Саломзода супорид.
31.10.2026 13:17
Ислом Махачев: “Рақобати навбатӣ яке аз охирин муҳорибаҳоям аст”
Чемпиони вазни ниммиёнаи UFC дар шабакаҳои иҷтимоияш навишт, ки рақобати навбатиаш, ки ҳоло расман эълон нашудааст, яке аз муҳорибаҳои охир дар корномааш мешавад.
31.10.2026 13:16
Масъалаи бештар ҷалб кардани қишри ниёзманд ба омӯзиши касбу ҳунар баррасӣ гардид
Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳа Холмаҳмадзода бо намояндаи навтаъини Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Габриэлла Ивонна Акимова мулоқот намуд.
31.10.2026 11:11
Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд
Си Ҷинпин, роҳбари Чуҳурии Халқии Чин дар дидор бо раиси ҷумҳури Швейтсария аз зарурати таҳкими ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ миёни Чин ва Аврупо таъкид кард. Си Ҷинпин дар дидор бо Ги Пармелен, раиси ҷумҳури Швейтсария, хостори густариш ва таҳкими ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд.
31.10.2026 11:01
Лавров: “Агар Зеленский хоҳони дидор бо Путин бошад, бояд ба Маскав биёяд”
Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия гуфтааст, ки агар раиси ҷумҳури Украина хоҳони дидор бо ҳамтои русаш бошад, бояд ба Маскав сафар кунад.
31.10.2026 10:51
Хитоби Ироқчӣ ба Мертс: Дигар ҳеч мулоҳиза нахоҳем кард
Сайид Аббос Ироқчӣ, вазири корҳои хориҷии Эрон дар посух ба изҳороти садри аъзами Олмон гуфт, ки 100 миллиард евро дар муқоиса бо зарбаи эҳтимолии неруҳои мусаллаҳи Эрон “ба ҳар таҷовузкор ҳеч аст”.
31.10.2026 10:04
Сироҷиддин Муҳриддин нусхаи эътимодномаи сафири Амороти Муттаҳидаи Арабиро қабул намуд
30-юми октябр вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин нусхаи эътимодномаи нахустин сафири муқими Фавқулода ва Мухтори Амороти Муттаҳидаи Арабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Носир Ҳувайдон Зейбон Алӣ Ал-Катбиро қабул кард.
31.10.2026 10:02
АСА дар Тоҷикистон: Фаридун Одилов Артём Фроловро шикаст дод
Пас аз 11 сол ташкилоти АСА ба Тоҷикистон омад ва мусобиқаи диданӣ ташкил кард.
31.10.2026 09:44
Озарбойҷон ва чор кишвари Осиёи Марказӣ байни худ низоми пардохти QR ҷорӣ мекунанд
Бонкҳои марказии Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Озарбойҷон барои таҳия намудани механизми ҳамгироии низомҳои миллии пардохтҳои QR то охири соли 2026 ба созиш расиданд.
31.10.2026 09:14
Путин: “Ҷанги Русия ва Аврупо ғолиб нахоҳад дошт”
Владимир Путин, президенти Федератсияи Русия ҳушдор дод, ки дар сурати оғози ҷанг миёни Русия ва кишварҳои Аврупо ҳеч ҷонибе ғолиб нахоҳад шуд. Ӯ гуфт, Маскав қасди ҳамла ба Аврупоро надорад, вале барои ҳама гуна таҳаввулот омода аст.
31.10.2026 07:58
Тоҷикистон ва Созмони байналмилалии муҳоҷират масъалаҳои ҳамкориро баррасӣ карданд
Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони байналмилалии муҳоҷират масъалаи тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи муҳоҷиратро баррасӣ намуданд. Ҷонибҳо ҳамчунин, дар хусуси вазъи кунунии муносибатҳо ва имкониятҳои рушди минбаъдаи ҳамкорӣ табодули назар намуданд.