28 Октябр 2026,
чоршанбе, 16:05, Душанбе
28.10.2026 14:47

Баррасии рушди минбаъдаи низоми таҳсилоти олии касбӣ бо намояндаи ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон

Дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии муовини вазири маориф ва илм, Илҳомуддин Иброҳимзода, намояндагони раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломии вазорат, Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии назди Вазорати маориф ва илм бо намояндаи ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон Эраҷ Содатсайров ва мушовири миллӣ Бибиҷон Умарова баргузор гашт.

Бинобар иттилои маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба рушди минбаъдаи низоми таҳсилоти олии касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, такмили механизмҳои идоракунӣ ва таъмини сифати таҳсилот, мутобиқ намудани барномаҳои таҳсилотӣ ба талаботи муосир, таҳкими робитаи таҳсилот бо бозори меҳнат ва истифодаи таҷрибаи пешқадами байналмилалиро мавриди баррасӣ қарор доданд.

“Ҳамзамон, оид ба такмили стандартҳои давлатии таҳсилоти олии касбӣ, таҷдиди барнома ва нақшаҳои таълимӣ, рушди низоми кредитии таҳсилот, тавсеаи имкониятҳои таҳсилоти дуалӣ ва модулӣ, баланд бардоштани сатҳи омодагии касбии хатмкунандагон ва тақвияти ҳамкории муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ бо корфармоён мубодилаи афкор сурат гирифт”, - афзудааст манбаъ.

Инчунин, дар рафти мулоқот ба масъалаи омӯзиш ва истифодаи таҷрибаи байналмилалӣ дар самти таҳсилоти олии касбӣ, аз ҷумла, такмили сохтор ва муҳлати барномаҳои таҳсилотӣ, мутобиқати тахассусҳо ба талаботи бозори меҳнат ва таҳкими низоми арзёбии натиҷаҳои таълим таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

28.10.2026 14:47

Баррасии рушди минбаъдаи низоми таҳсилоти олии касбӣ бо намояндаи ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон

Дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии муовини вазири маориф ва илм, Илҳомуддин Иброҳимзода, намояндагони раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломии вазорат, Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии назди Вазорати маориф ва илм бо намояндаи ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон Эраҷ Содатсайров ва мушовири миллӣ Бибиҷон Умарова баргузор гашт.
28.10.2026 10:57

Мухолифони Нетаняҳу аз пирӯзӣ мегӯянд: оё тағйири раҳбарӣ сиёсати Исроилро дигар мекунад?

Натиҷаҳои пешакии интихобот мавқеи эътилофи Бенямин Нетаняҳуро заиф нишон медиҳанд, аммо мухолифони ӯ низ барои ташкили ҳукумати аксарият бо мушкил рӯ ба рӯ ҳастанд. Ихтилофҳои дохилии сиёсӣ, масъулияти нокомиҳои амниятӣ ва мавқеи ҳизбҳои араб метавонанд ояндаи ҳукумати Исроилро муайян кунанд.
28.10.2026 09:47

Маскав: содиркунандагони газ зидди таҳримҳои якҷониба садо баланд карданд

Нишасти ҳаштуми сарони Форуми кишварҳои содиркунандаи газ бо баёнияи муштарак ба анҷом расид. Дар маркази таваҷҷуҳи иштирокдорон на танҳо мухолифат ба таҳримҳои якҷониба, балки амнияти энергетикӣ, устувории нархи газ, ҷалби сармоягузорӣ ва ояндаи ҳамкориҳои байналмилалӣ қарор дошт.
28.10.2026 09:16

Даҳҳо нафар дар пайи ҳамлаи паҳподӣ ба бозоре дар Судон кушта шудаанд

Як гурӯҳи ҳуқуқи башари Судон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи паҳподии артиши Судон ба бозоре дар шаҳри Ниола, воқеъ дар ҷанубу ғарби ин кишвар, беш аз 100 нафар ба ҳалокат расидаанд.
28.10.2026 09:07

Дар Душанбе ду касро барои роҳ додани ноболиғ ба нуқтаи бозиҳои компютерӣ ҷазо доданд

Иттилоъ дода мешавад, ки кормандони Шуъбаи огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе як ҳолати вайрон намудани реҷаи корӣ ва дидаву дониста роҳ додани ноболиғ ба нуқтаи бозиҳои компютериро муайян намуданд.
27.10.2026 17:27

Иштироки Матлубахон Сатториён дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ»

27-уми октябр вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» иштирок намуд.
27.10.2026 16:14

Тоҷикистону Қатар масъалаи таъсиси корхонаҳои муштаракро баррасӣ карданд

Имрӯз, 27-уми октябр дар шаҳри Давҳа вазири рушди иқтисод ва савдо Абдураҳмон Абдураҳмонзода бо раиси Анҷумани соҳибкорони Давлати Қатар, раиси Шӯрои директорони маҷмуи ширкатҳои “Файсал Ҳолдинг” Шайх Файсал ибни Қосим Оли Сонӣ мулоқот намуд.