Кремл: Путин барои гуфтугӯ бо ҳамаи раҳбарони ҷаҳон омода аст
Узви НАТО ба Украина ҷангандаҳои низомӣ медиҳад
Русия ва Амрико дар мавриди лағви бархе таҳримҳо музокира мекунанд
Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз ҳамла ба Толибон дар Кунар хабар дод
Беш аз 100 миллиард евро зарар ба Аврупо: Олмон аз талош барои поён додани муноқишаи Эрон ва Амрико хабар дод
Фридрих Мертс, садри аъзами Олмон мегӯяд, ки муноқишаи Эрон ва ИМА роҳи ҳалли низомӣ надорад. Ба гуфтаи ӯ, идомаи даргириҳо то кунун ба Аврупо беш аз 100 миллиард евро зарар расонидааст.
Фридрих Мертс, садри аъзами Олмон, хостори ҳалли дипломатии муноқишаи миёни Эрон ва Амрико шуда, таъкид кардааст, ки ин мушкил бо роҳи низомӣ ҳал намешавад.
Ба гузориши шабакаи телевизионии “RTL”, Мертс ин мавқеъро дар поёни сафараш ба Кореяи Ҷанубӣ ва дар посух ба эҳтимоли ҳамлаҳои нави Амрико ба Эрон баён кардааст.
Ӯ аз ҳамаи тарафҳои даргир даъват кардааст, ки барои хотима додан ба ҷанг аз роҳи дипломатия истифода кунанд.
Садри аъзами Олмон ҳамчунин, таъкид кардааст, ки кишвараш тавассути роҳҳои гуногун ҳамоҳангӣ ва талошҳои дипломатиро тақвият медиҳад, то низоъ ҳарчи зудтар ба поён расад.
Ба гуфтаи ӯ, Олмон барои ҳарчи зудтар хотима ёфтани даргириҳо манфиатҳои муҳимми иқтисодӣ дорад. Мертс афзудааст, ки болоравии нархи барқ то кунун ба иқтисоди Аврупо беш аз 100 миллиард евро зарар овардааст.
Ин изҳорот дар ҳоле садо медиҳад, ки дар ҳафтаҳои охир масъалаи эҳтимоли ҳамлаҳои нави Амрико ва Исроил ба Эрон, пас аз интихоботи миёндавраии Конгресси ИМА, ки қарор аст рӯзи сешанбеи оянда баргузор шавад, матраҳ шудааст.
Бо вуҷуди ин, расонаҳои амрикоӣ ахиран аз талошҳои нави ҳукумати Доналд Трамп ва миёнаравҳои минтақавӣ барои расидан ба роҳи ҳалли дипломатии низоъ бо Эрон хабар додаанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Беш аз 100 миллиард евро зарар ба Аврупо: Олмон аз талош барои поён додани муноқишаи Эрон ва Амрико хабар дод
Кремл: Путин барои гуфтугӯ бо ҳамаи раҳбарони ҷаҳон омода аст
Пешвои миллат Маркази аутизми шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Беш аз 23 фоиз зиёд. Буҷети Тоҷикистон барои соли 2027-ум 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ мегардад