Қирғизистон беш аз 326 километр марз бо Тоҷикистонро симхорбандӣ кард
Навзоде, ки аз таваллудхона гум шуда буд, ёфт шудааст
Беш аз як тонна маҳсулоти гӯштии ғайрисанитарӣ ошкор гардид
Дар Хатлон мақомот 17 мухлиси футболро ба ҷавобгарии маъмурӣ кашид
Қирғизистон беш аз 326 километр марз бо Тоҷикистонро симхорбандӣ кард
Ҷумҳурии Қирғизистон дар ноҳияи Бодканд ва Лайлак беш аз 327 километр марзи Қирғизистон бо Тоҷикистонро симхорбандӣ кард. Дар назди минтақаҳои наздисарҳадӣ барои ҳаракат 338,5 километр роҳи саҳроӣ бунёд шуд.
Хадамоти давлатии марзбонии Ҷумҳурии Қирғизистон аз анҷоми корҳои муҳандисӣ ва қитъаи марзи ин кишвар бо Тоҷикистон дар вилояти Бодканд хабар додааст.
Бар асоси иттилои ин ниҳод дар ду соли охир дар ноҳияи Бодканд ва Лайлак беш аз 327,7 километр панҷараҳои марзӣ насб карда, 338, 5 километр роҳи саҳроӣ низ бунёд кардааст.
Мақомоти Қирғизистон гуфтаанд, дар ҷараёни бунёди симхорҳо дар марз шароити географии минтақа ба назар гирифта шуд ва дар қитъаҳои гуногун навъҳои мухталифи панҷара ба истифода дода шуд.
Корҳо на фақат дар заминҳои ҳамвор, балки дар минтақаҳои кӯҳӣ ва баландкӯҳи душворгузар низ анҷом ёфтааст. Бар асоси иттилои марзбонӣ нишебиҳои баланд, релефи мураккаб ва мушкилоти интиқоли масолеҳи сохтмонӣ ва техника аз монеаҳои асосӣ будаанд.
Дар иҷрои ин лоиҳа сарҳадбонон дар ҳамкорӣ бо воҳидҳои Вазорати дифоъ ва Вазорати ҳолатҳои фавқулода, Вазорати корҳои дохилӣ ва Хадамоти давлатии гумруки Қирғизистон ширкат намудаанд.
Тоҷикистон ва Қирғизистон 13-уми марти соли 2025 созишнома дар хусуси сарҳади давлатиро имзо карданд. Ин рӯйдод қадами муҳим дар роҳи ҳалли баҳсҳои тӯлонии марзӣ миёни ду кишвар арзёбӣ мешавад.
Равобити сиёсӣ ва иқтисодии Тоҷикистон баъди ҳалли муноқишаи марзӣ ва имзои созишномаи дуҷониба дар бораи таъйини хати марз ба ҳолати одӣ бозгашт. Ҳаракати ҳавоӣ дар миёни кишварҳо дар 14-уми марти соли 2025 барқарор карда шуд.
Дар пасманзари барқарор шудани равобити иқтисодиву тиҷоратӣ Душанбе ва Бишкек мақсад доранд, то соли 2030 ҳаҷми гардиши мол ва маҳсулотро ба 500 миллион доллар расонанд.
Корҳои симхоркашӣ дар марз дар ҳоле анҷом мешавад, ки ду кишвар барои эътидол овардани муносибатҳои дуҷониба ва рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ талош менамоянд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Қарзу афзоиши нархи зиндагӣ мардуми хашмгини Фаронсаро ба майдонҳо овард
Лавров: “Гурӯҳҳои террористӣ мехоҳанд дар либоси паноҳанда ва сайёҳ ба Осиёи Марказӣ ворид шаванд”
Чин мехоҳад дар Тоҷикистон сармоягузориро зиёд ва воридоти мол ба Чинро афзоиш диҳад
Раиси вилояти Синди Покистон хостори афзоиши содирот ба Тоҷикистон аст