29 Октябр 2026,
панҷшанбе, 19:38, Душанбе
29.10.2026 13:32

Ҷӯра Ҳошимӣ, адиби кӯдакону наврасон дар 78-солагӣ даргузашт

28-уми октябр Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, адиби кӯдакону наврасон Ҷӯра Ҳошимӣ дар синни 78-солагӣ аз олам чашм пӯшид.

Тибқи иттилои дастрас, Ҷӯра Ҳошимӣ 9-уми январи соли 1948 дар Конибодом таваллуд шуда, соли 1971 факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленинро (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) хатм кардааст.

Фаъолияти касбии Ҷӯра Ҳошимӣ ба ҳайси мусаҳҳеҳ дар Нашриёти давлатии «Ирфон» оғоз ёфта, минбаъд ҳамчун муҳаррири Идораи барномаҳои мусиқии Кумитаи давлатии телевизион ва радиошунавонии Тоҷикистон, мудири бахши адабиёт ва санъати рӯзномаи «Пионери Тоҷикистон» («Анбоз»-и имрӯза), котиби масъули маҷаллаи «Чашма» ва сардабири ҳафтаномаи ҷумҳуриявии мактаббачагон «Гул-гул», адои вазифа кардааст. Солҳои тӯлонӣ ҳамчун мудири бахши адабиёти кӯдакон ва наврасони Иттифоқи нависандагон фаъолият дошт

Китобҳои «Соябони садранга» (1980), «Офтобак» (1986), «Ман Алифбо мехонам!» (бо ҳамқаламии Абдумалик Баҳорӣ, 1994), «Нинӣ бапо шуд» (1998), «Аз як-як то лак-лак» (2000), «Кулча чаро ширин аст?» (2000), «Ман ба куҷо медавам?» (бо забони русӣ, 2000), «Ре» мегӯям ман бурро!» (2003), «Рӯзи нав» (2004), «Чаро шамолак вазид?» (2008), «Баччаҳову кӯчаҳо» (2008), «Мусиқии хомӯшӣ» (2012) ва ғайра ба қалами ӯ тааллуқ доранд.

Dialog.tj

 

Хатти хабарҳо

29.10.2026 14:50

Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид

Имрӯз, 29-уми октябр дар толори бинои Парламенти Тоҷикистон таҳти раёсати раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ҷаласаи Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ бо шиори «Ваҳдат ба хотири сулҳ, амният ва шукуфоии Осиёи Марказӣ» баргузор гардид.
29.10.2026 13:29

Паёми нави мушакии Кореяи Шимолӣ ба Амрико ва шариконаш

Кореяи Шимолӣ беш аз 10 мушаки баллистикии кӯтоҳпарвозро ба самти Дарёи Шарқӣ (Баҳри Ҷопон) партоб кардааст. Артиши Кореяи Ҷанубӣ аз ин ҳодиса хабар дода, эълом кардааст, ки назорат ва омодагии худро барои муқобила бо партобҳои эҳтимолии баъдӣ тақвият медиҳад.
29.10.2026 10:27

Русия ва Амрико дар мавриди лағви бархе таҳримҳо музокира мекунанд

Маскав ва Вашингтон дар бораи лағви таҳримҳо алайҳи Сандуқи сармоягузории мустақими Русия музокира доранд. Ҳамзамон, музокироти сеҷонибаи Русия, Украина ва Амрико барои поён додан ба буҳрони Украина қарор аст пас аз 4-уми ноябр дар Абу Забӣ баргузор шавад.
29.10.2026 08:39

Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо раиси Маҷлиси Туркманистон Дунягозел Гулманова

28-уми октябр дар шаҳри Душанбе раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо раиси Маҷлиси Туркманистон Дунягозел Гулманова мулоқот намуд.
29.10.2026 08:23

Муовини Трамп ба Муҳсин Ризоӣ барои музокира нома навишт

Як мақоми амрикоӣ ба “Аксиос” гуфтааст, ки Ҷей Ди Вэнс, муовини раиси ҷумҳури Амрико, ба Муҳсин Ризоӣ, дабири Шурои амнияти миллии Эрон, нома фиристода ва дар он таъкид кардааст, ки ҳар гуна музокира ниёзманди гуфтугӯ дар бораи масъалаи ҳастаӣ аст.
28.10.2026 16:24

Трамп: “Мулоқоти Путин ва Зеленский ба зудӣ баргузор мешавад”

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури ИМА мегӯяд, ки дар талошҳо барои ҳалли ҷанги Русияву Украина пешрафти назаррас ба даст омадааст ва мулоқоти роҳбарони ду кишвар ба зудӣ баргузор хоҳад шуд.
28.10.2026 10:57

Мухолифони Нетаняҳу аз пирӯзӣ мегӯянд: оё тағйири раҳбарӣ сиёсати Исроилро дигар мекунад?

Натиҷаҳои пешакии интихобот мавқеи эътилофи Бенямин Нетаняҳуро заиф нишон медиҳанд, аммо мухолифони ӯ низ барои ташкили ҳукумати аксарият бо мушкил рӯ ба рӯ ҳастанд. Ихтилофҳои дохилии сиёсӣ, масъулияти нокомиҳои амниятӣ ва мавқеи ҳизбҳои араб метавонанд ояндаи ҳукумати Исроилро муайян кунанд.
28.10.2026 09:47

Маскав: содиркунандагони газ зидди таҳримҳои якҷониба садо баланд карданд

Нишасти ҳаштуми сарони Форуми кишварҳои содиркунандаи газ бо баёнияи муштарак ба анҷом расид. Дар маркази таваҷҷуҳи иштирокдорон на танҳо мухолифат ба таҳримҳои якҷониба, балки амнияти энергетикӣ, устувории нархи газ, ҷалби сармоягузорӣ ва ояндаи ҳамкориҳои байналмилалӣ қарор дошт.