Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз ҳамла ба Толибон дар Кунар хабар дод
Обама гуфт, ҷанг бо Эрон Амрикоро “осебпазир” кардааст
Мухолифони Нетаняҳу аз пирӯзӣ мегӯянд: оё тағйири раҳбарӣ сиёсати Исроилро дигар мекунад?
Чин барои коҳиши танишҳо намояндаи вижаашро ба Ховари Миёна мефиристад
Русия ва Амрико дар мавриди лағви бархе таҳримҳо музокира мекунанд
Маскав ва Вашингтон дар бораи лағви таҳримҳо алайҳи Сандуқи сармоягузории мустақими Русия музокира доранд. Ҳамзамон, музокироти сеҷонибаи Русия, Украина ва Амрико барои поён додан ба буҳрони Украина қарор аст пас аз 4-уми ноябр дар Абу Забӣ баргузор шавад.
Ёрдамчии раиси ҷумҳури Русия Юрий Ушаков шоми рӯзи чоршанбе ин хабарро дар нишасти матбуотӣ дар Кремл эълом кард.
Ба гузориши расонаҳои Русия, Ушаков дар бораи музокироти марбут ба Украина гуфт, ки то кунун танҳо барои азсаргирии машваратҳои сеҷонибаи Маскав, Киев ва Вашингтон тавофуқ ҳосил шудааст.
Ӯ, ҳамчунин, таъкид кард, ки ҳоло ҳеч гуфтугӯе дар бораи ҳузури намояндагони Аврупо дар музокироти ҳалли низои Украина вуҷуд надорад.
Нишасти Русия ва кишварҳои арабӣ ба вазъи Эрон вобаста аст
Ба навиштаи хабаргузории “Спутник”, Ушаков гуфтааст, ки вазъ дар Осиёи Ғарбӣ имкон намедиҳад нишасти Русия ва кишварҳои арабӣ ба зудӣ баргузор шавад.
Ба гуфтаи ӯ, ин нишаст ҳамоно дар дастури кор қарор дорад, аммо замони баргузории он ба вазъи Эрон вобаста аст.
Ҳамин тавр, изҳороти мақоми рус аз идомаи музокирот бо Амрико дар бораи бархе таҳримҳо ва омодагӣ барои азсаргирии машваратҳои сеҷониба дар бораи Украина дарак медиҳад. Аммо дар мавриди замони дақиқи баргузории музокироти сеҷониба ва нишасти Русияву кишварҳои арабӣ ҳанӯз ҷузъиёти бештар пешниҳод нашудааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
«Донишнома»-и Абуалӣ ибни Сино ба се забон нашр шуд
Русия ва Амрико дар мавриди лағви бархе таҳримҳо музокира мекунанд
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо раиси Маҷлиси Туркманистон Дунягозел Гулманова
Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз ҳамла ба Толибон дар Кунар хабар дод