Тарғиби фарҳанги китобхонӣ. XIV Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Душанбе» баргузор мегардад.
Мақомот зани гумонбар ба дуздидани навзод аз таваллудхонаро дастгир кард
Бошгоҳи "Истиқлол"-и Душанбе дастаи "Ал-Арабӣ"-и Қувайтро шикаст дод
Зиёда аз 4 миллион сомонӣ. Директори ҶДММ «Рахмон 2016» бо гумони қаллобӣ дастгир шуд
Тарғиби фарҳанги китобхонӣ. XIV Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Душанбе» баргузор мегардад.
Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташаббуси Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22–юм то 24-уми октябр дар Осорхонаи миллӣ XIV Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Душанбе» баргузор мегардад.
Бинобар иттилои маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар намоишгоҳ беш аз 30 муассисаи нашриявии ватанӣ ва хориҷӣ, аз ҷумла Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Узбекистон ва дигар кишварҳо иштирок менамоянд.
"Ҳадафи асосии намоишгоҳ рушди соҳаи табъу нашр, тарғиби фарҳанги китобхонӣ, муаррифии дастовардҳои ноширони ватаниву хориҷӣ, густариши ҳамкориҳои байналмилалии фарҳангӣ ва таҳкими робитаҳои касбӣ миёни намояндагони соҳаи нашри китоб мебошад", - навиштааст манбаъ.
Гуфта мешавад, ки намоишгоҳ ҳамарӯза аз соати 09:00 то 17:00 дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон баргузор мегардад.
Дар ин росто, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагони воситаҳои ахбори омма, аҳли илму адаб, ноширон, адибон ва тамоми дӯстдорони китобро барои иштирок ва инъикоси васеи XIV Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Душанбе» даъват менамояд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
26 сухани афкорсози устод Иброҳим Исмонов дар бораи зиндагӣ, сулҳ, журналистика ва сиёсат
Путин мегӯяд Русия барои ҳалли низоъ омода аст ба Эрон кумак кунад
Ҷабҳаи озодӣ: Мо се Толибро дар вилояти Парвони Афғонистон куштем
Тарғиби фарҳанги китобхонӣ. XIV Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Душанбе» баргузор мегардад.