Боздошти марде бо гумони қаллобӣ: "Ваъда мекард, ки тавассути никоҳи сохта ба Амрико равон мекунад"
Хонаи истиқоматӣ ва мукофотпулӣ. Қадрдонии Шоҳрух Назаров пас аз муваффақият дар Бозиҳои V параосиёӣ
31 созишнома бо 1,2 миллиард сомонӣ. Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест – 2026» баргузор гардид
Байни Тоҷикистону Узбекистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ дар соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ба имзо расид
Пешвои миллат дар шаҳри Ваҳдат маркази ташхисӣ ва табобатии Лормедро ифтитоҳ намуданд
Имрӯз, 24-уми октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум ва ифтитоҳи як қатор иншооти ҷашнӣ ба шаҳри Ваҳдат сафар карданд.
Тавре ки хадамоти матбуоти Президенти мамлакат иттилоъ медиҳад, дар шаҳри Ваҳдат нахуст, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маркази ташхисӣ ва табобатии Лормедро ба истифода доданд.
Иттилоъ дода мешавад, ки иншооти нави тандурустӣ аз ҷониби соҳибкор Сулаймон Алиев бунёд гардида, дар он 25 ҷойи кор таъсис ёфта, ҷавонони донишманду соҳибтаҷриба барои фаъолият ҷалб шудаанд.
Гуфта мешавад, ки дар озмоишгоҳ ҳуҷраҳои рентген, физиотерапия, бастабандӣ, доругузаронӣ ва ҳуҷраи кории табибон мавҷуд буда, дастгоҳҳо барои ташхис ва ҷарроҳӣ аз Русия, Корея, Ҷопон ва Чин ворид гардидаанд.
Ҳамчунин, ду синфхона барои фарогирии шаҳрвандон ба курсҳои кутоҳмуддати омӯзишӣ ва баланд бардоштани донишҳои тиббии аҳолӣ пешбинӣ шудааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Пешвои миллат дар шаҳри Ваҳдат маркази ташхисӣ ва табобатии Лормедро ифтитоҳ намуданд
Боздошти марде бо гумони қаллобӣ: "Ваъда мекард, ки тавассути никоҳи сохта ба Амрико равон мекунад"
Дидгоҳи як тоҷик дар Синхуа. Наздикшавии Чин ва Осиёи Марказӣ ояндаи СҲШ шакл медиҳад
Русия даст доштан бар таблиғоти интернетии зидди яҳудиёнро рад кард