Кремл: Путин барои гуфтугӯ бо ҳамаи раҳбарони ҷаҳон омода аст
Узви НАТО ба Украина ҷангандаҳои низомӣ медиҳад
Русия ва Амрико дар мавриди лағви бархе таҳримҳо музокира мекунанд
Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз ҳамла ба Толибон дар Кунар хабар дод
Кремл: Путин барои гуфтугӯ бо ҳамаи раҳбарони ҷаҳон омода аст
Сухангӯи Кремл мегӯяд, Владимир Путин омода аст бо ҳамаи раҳбарони ҷаҳон, аз ҷумла президентҳои Фаронса ва Украина ва садри аъзами Олмон гуфтугӯ кунад.
Кремл рӯзи ҷумъа, 30-юми октябр, аз омодагии Владимир Путин, президенти Федератсияи Русия, барои гуфтугӯ бо раҳбарони кишварҳои гуногуни ҷаҳон хабар дод.
Дмитрий Песков, сухангӯи давлати Русия, дар изҳороте гуфт, ки Путин омода аст бо ҳар кас, аз ҷумла бо Эммануэл Макрон, президенти Фаронса ва Фридрих Мертс, садри аъзами Олмон, гуфтугӯи телефонӣ анҷом диҳад.
Ба гузориши хабаргузории “Спутник”, Песков ҳамчунин, дар посух ба саволе дар бораи эҳтимоли гуфтугӯи Путин бо Владимир Зеленский, президенти Украина, изҳор дошт, ки то кунун аз ҷониби Киев ҳеч тамосе гирифта нашудааст.
Ёдовар мешавем, ки Путин рӯзи сешанбе бо Александр Стубб, президенти Финландия ва Йонас Гар Стере, нахуствазири Норвегия, ба таври телефонӣ гуфтугӯ карда буд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Беш аз 100 миллиард евро зарар ба Аврупо: Олмон аз талош барои поён додани муноқишаи Эрон ва Амрико хабар дод
Кремл: Путин барои гуфтугӯ бо ҳамаи раҳбарони ҷаҳон омода аст
Пешвои миллат Маркази аутизми шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Беш аз 23 фоиз зиёд. Буҷети Тоҷикистон барои соли 2027-ум 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ мегардад