31 созишнома бо 1,2 миллиард сомонӣ. Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест – 2026» баргузор гардид
Байни Тоҷикистону Узбекистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ дар соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ба имзо расид
“Ҳар чизе дар дасти мо буд, кардем”. Нурулло Алиев ба муҳимтарин муҳорибааш омода аст
Ҷабҳаи озодӣ: Мо се Толибро дар вилояти Парвони Афғонистон куштем
31 созишнома бо 1,2 миллиард сомонӣ. Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест – 2026» баргузор гардид
Дар шаҳри Бохтар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест – 2026» бо иштироки 1000 нафар, аз ҷумла соҳибкорон, сармоягузорон ва меҳмонон аз 30 давлати ҷаҳон баргузор гардид.
Тибқи иттилои Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон, дар чорабинӣ намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳои давлатӣ, созмонҳои байналмилалии молиявӣ, шарикони рушд ва ширкатҳои сармоягузории ватаниву хориҷӣ иштирок карданд.
Иттилоъ дода мешавад, ки дар доираи форум се панели соҳавӣ баргузор гардид. Панели якум ба имкониятҳои сармоягузорӣ дар соҳаи кишоварзӣ, коркард ва содироти маҳсулоти аз лиҳози экологӣ тоза, панели дуюм ба рушди саноат ҳамчун омили асосии рушди иқтисодиёт ва фароҳам овардани шароити мусоид барои сармоягузорон ва панели сеюм ба истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир ва логистика бахшида шуда буданд.
Гуфта мешавад, ки дар форум 31 созишномаи ҳамкорӣ ба маблағи умумии беш аз 1,2 миллиард сомонӣ ба имзо расонида шуд. Созишномаҳои мазкур ба рушди соҳибкорӣ, татбиқи ташаббусҳои нави иқтисодӣ ва густариши ҳамкориҳои сармоягузорӣ нигаронида шуданд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Русия даст доштан бар таблиғоти интернетии зидди яҳудиёнро рад кард
Аббос Ироқчӣ: “Амрико барои дифоъ аз Исроил 11 миллиард доллар сарф кардааст”
Дар натиҷаи ҳамлаи Ҷабҳаи озодӣ ба фурудгоҳи низомии Багром 10 Толиб кушта шудааст
Хонаи истиқоматӣ ва мукофотпулӣ. Қадрдонии Шоҳрух Назаров пас аз муваффақият дар Бозиҳои V параосиёӣ