“Ҳар чизе дар дасти мо буд, кардем”. Нурулло Алиев ба муҳимтарин муҳорибааш омода аст
Ҷабҳаи озодӣ: Мо се Толибро дар вилояти Парвони Афғонистон куштем
Тарғиби фарҳанги китобхонӣ. XIV Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Душанбе» баргузор мегардад.
Мақомот зани гумонбар ба дуздидани навзод аз таваллудхонаро дастгир кард
Аз селу тарма то заминларзаву раъду барқ. Ҳодиса ва ҳолати фавқулодаи табиӣ афзудааст
Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни нишасти хабарӣ иброз дошт, ки давоми соли равон дар кишвар 741 ҳодиса ва ҳолати фавқулодаи дорои хусусияти табиӣ ба қайд гирифта шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 519 ҳолат зиёд мебошад.
Дар нишасти матбуотии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дода шуд, ки дар ҳудуди ҷумҳурӣ 123 сел, 508 фаромадани тарма, 27 сангрезӣ, 26 заминларза, 27 шамоли сахт, 10 ярч, 11 бориши шадиди борон, 4 болоравии сатҳи об, 4 бориши зиёди барф ва 1 раъду барқ ба вуқуъ омадааст.
Гуфта шуд, ик аз шумораи умумии ҳолатҳои фавқулодаи дорои хусусияти табиӣ дар 28 ҳолат ба иқтисодиёти шаҳру ноҳияҳо ба маблағи 52 миллиону 827 ҳазор сомонӣ зарар расидааст. Дар натиҷаи офатҳои табиӣ 12 нафар ба ҳалокат расида, воҳидҳои наҷотдиҳии кумита 47 шаҳрвандро наҷот доданд.
Dialog.TJ
Хатти хабарҳо
Толибон бе Тоҷикистону Чин роҳи Долони Вахонро боз карданд. Чин гуфт, роҳ баста мемонад
Путин: “Шикасти Русия дар ҷанг ғайриимкон аст”
Заминларза бо қувваи 7 бал дар Тибет: 16 нафар ба ҳалокат расида ва 65 тани дигар захмӣ шуданд
Байни Тоҷикистону Узбекистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ дар соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ба имзо расид