28 Октябр 2026,
чоршанбе, 13:49, Душанбе
28.10.2026 12:52

Ҳайати васеи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар мусобиқаи «King’s Cup 2026» маълум шуд

Ситоди мураббиёни тими миллии Тоҷикистон бо роҳбарии Игор Ангеловский ҳайати васеи дастаро барои иштирок дар 52-юмин мусобиқаи байналмилалии «King’s Cup 2026» эълон кард.

Тавре ки Федератсияи футболи Тоҷикистон навиштааст, ба рӯйхати васеи мунтахаби Тоҷикистон 37 футболбоз шомил шудаанд, ки аз ин шумора 4 дарвозабон, 13 ҳимоятгар, 13 нимҳимоятгар ва 7 ҳамлагар мебошанд.

Гуфта мешавад, ки аз ин шумора барои иштирок дар мусобиқа 24 футболбоз ба ҳайати ниҳоии даста дохил мегарданд.

Манбаъ иттилоъ медиҳад, ки дар даври нимниҳоии мусобиқаи «King’s Cup 2026» мунтахаби Тоҷикистон бо тими миллии Уммон  вомехӯрад. Дар бозии дигари нимниҳоӣ мунтахабҳои Тайланд ва Бруней бо ҳам рӯ ба рӯ мешаванд.

Ҳамин тавр, ғолибони вохӯриҳои нимниҳоӣ ба финал роҳ ёфта, дастаҳои мағлубшуда барои ба даст овардани ҷойи сеюм мубориза мебаранд.

Дар умум, мусобиқа аз 14-ум то 19-уми ноябр дар шаҳри Сисакети Тайланд баргузор мешавад.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

28.10.2026 10:57

Мухолифони Нетаняҳу аз пирӯзӣ мегӯянд: оё тағйири раҳбарӣ сиёсати Исроилро дигар мекунад?

Натиҷаҳои пешакии интихобот мавқеи эътилофи Бенямин Нетаняҳуро заиф нишон медиҳанд, аммо мухолифони ӯ низ барои ташкили ҳукумати аксарият бо мушкил рӯ ба рӯ ҳастанд. Ихтилофҳои дохилии сиёсӣ, масъулияти нокомиҳои амниятӣ ва мавқеи ҳизбҳои араб метавонанд ояндаи ҳукумати Исроилро муайян кунанд.
28.10.2026 09:47

Маскав: содиркунандагони газ зидди таҳримҳои якҷониба садо баланд карданд

Нишасти ҳаштуми сарони Форуми кишварҳои содиркунандаи газ бо баёнияи муштарак ба анҷом расид. Дар маркази таваҷҷуҳи иштирокдорон на танҳо мухолифат ба таҳримҳои якҷониба, балки амнияти энергетикӣ, устувории нархи газ, ҷалби сармоягузорӣ ва ояндаи ҳамкориҳои байналмилалӣ қарор дошт.
28.10.2026 09:16

Даҳҳо нафар дар пайи ҳамлаи паҳподӣ ба бозоре дар Судон кушта шудаанд

Як гурӯҳи ҳуқуқи башари Судон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи паҳподии артиши Судон ба бозоре дар шаҳри Ниола, воқеъ дар ҷанубу ғарби ин кишвар, беш аз 100 нафар ба ҳалокат расидаанд.
28.10.2026 09:07

Дар Душанбе ду касро барои роҳ додани ноболиғ ба нуқтаи бозиҳои компютерӣ ҷазо доданд

Иттилоъ дода мешавад, ки кормандони Шуъбаи огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе як ҳолати вайрон намудани реҷаи корӣ ва дидаву дониста роҳ додани ноболиғ ба нуқтаи бозиҳои компютериро муайян намуданд.
27.10.2026 17:27

Иштироки Матлубахон Сатториён дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ»

27-уми октябр вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» иштирок намуд.
27.10.2026 16:14

Тоҷикистону Қатар масъалаи таъсиси корхонаҳои муштаракро баррасӣ карданд

Имрӯз, 27-уми октябр дар шаҳри Давҳа вазири рушди иқтисод ва савдо Абдураҳмон Абдураҳмонзода бо раиси Анҷумани соҳибкорони Давлати Қатар, раиси Шӯрои директорони маҷмуи ширкатҳои “Файсал Ҳолдинг” Шайх Файсал ибни Қосим Оли Сонӣ мулоқот намуд.
27.10.2026 11:55

Гузоштани санги асоси эстакадаҳо ва ифтитоҳи корхонаҳои истеҳсолӣ дар пойтахт

Имрӯз, 27-уми октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар хиёбони С. Шерозии ноҳияи Синои пойтахт, бо гузоштани санги асос ба сохтмони эстакадаҳо ва як пул дар ду марҳила оғоз бахшиданд.