«Донишнома»-и Абуалӣ ибни Сино ба се забон нашр шуд
Ислом Махачев розӣ нашуд. Рақобати Карлос Пратес ва Майкл Моралес барои камарбанди муваққатӣ
Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» ҷамъбаст мегардад
Баррасии рушди минбаъдаи низоми таҳсилоти олии касбӣ бо намояндаи ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон
Фараҳноз Шарафова: “Намехоҳам духтарам сароянда шавад”
Фараҳноз Шарафова, сарояндаи ҷавону соҳибистеъдоди тоҷик дар саҳифаи расмиаш дар шабакаи Инстаграм саволу ҷавоб кард ва ба пурсишҳои мухлисону обуначиёнаш посух гардонид.
Нахуст мухлисон аз орзуҳо, махсусан, орзуҳои амалинашудааш пурсидаанд. Дар посух сарояндаи ҷавон гуфтааст, ки то имрӯз ба ҷуз як орзу дигар ҳама орзуҳояш амалӣ шудаанд. Орзуи амалинашудааш ин зиёрати хонаи Худост. Сароянда меафзояд, ки ҳоло омода нест барои ба Ҳаҷ рафтан ва мехоҳад вақте сафар кунад, ки сидқан омода бошад.
Яке аз саволҳои дигар дар мавриди духтараш аст. Яъне пурсидаанд, ки оё мехоҳад духтараш низ роҳи сарояндагиро интихоб намояд, вале Фараҳноз Шарафова қанъиян гуфтааст, ки намехоҳад. Меафзояд, ки худаш касби сарояндагиро дӯст медорад, вале намехоҳад, ки кӯдакаш ба ин роҳ биравад.
Дар мавриди идомаи фаъолияти овозхониаш низ мепурсанд ва посух додааст, ки ҳоло дар мавриди қатъи фаъолияти ҳунариаш чизе гуфта наметавонад.
Ҳамчунин, аз Фараҳноз Шарафова дар мавриди шавҳараш пурсон гардидаанд. Ӯ посух додааст, ки дар мавриди ҳаёти шахсиаш сухани зиёд дорад ва ба наздикӣ дар мусоҳибае қисса хоҳад кард.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Беш аз 100 миллиард евро зарар ба Аврупо: Олмон аз талош барои поён додани муноқишаи Эрон ва Амрико хабар дод
Кремл: Путин барои гуфтугӯ бо ҳамаи раҳбарони ҷаҳон омода аст
Пешвои миллат Маркази аутизми шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Беш аз 23 фоиз зиёд. Буҷети Тоҷикистон барои соли 2027-ум 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ мегардад