Иттиҳоди Аврупо 27 шахс ва ниҳоди марбут ба Русияро таҳрим кард
Раҳбари католикҳои ҷаҳон бар ҷилавгирӣ аз озори ҷинсӣ тавассути аъзои калисо таъкид кард
Дар ҳамлаи мушакии Эрон дар Ҳурмуз 8 низомии Амрико захмӣ шуданд
Иштироки Пешвои миллат дар тантанаҳои идона ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳри Хоруғ
Хоҷа Осиф: “Ҳинд бар зидди Покистон аз тариқи Толибон ҷанги ниёбатӣ роҳандозӣ кардааст”
Хоҷа Осиф, вазири дифои Покистон, гуфт, ки Ҳинд аз тариқи гурӯҳи террористии Толибон дар ҳоли пешбурди як ҷанги ниёбатӣ алайҳи Покистон аст.
Хоҷа Осиф рӯзи душанбе, 4-уми май дар гуфтугӯ бо расонаҳо гуфтааст, ки Толибон дар ин раванд амалан ба унвони намояндаи Ҳинд амал мекунанд ва Деҳлӣ аз хоки Афғонистон барои беcубот кардани Покистон истифода мекунад.
Ӯ афзудааст, ки гурӯҳҳои Толибони покистонӣ ва Толибони афғон низ аз ҳимояти Ҳинд бархӯрдор ҳастанд.
Вазири дифои Покистон таъкид кардааст, ки Исломобод ба дунболи субот ва сулҳ дар минтақа аст ва сиёсати ин кишвар бар асоси робитаи боэҳтироми дуҷониба ва ҳамкорӣ бо ҳамсоягон аст.
Ин изҳорот дар ҳоле матраҳ мешавад, ки танишҳо дар равобити Исломобод бо Ҳинд ва вазъияти амниятӣ дар марзҳо миёни Покистон ва Афғонистон дар моҳҳои ахир афзоиш ёфтааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Кремл: Украина посухи ҳамлаҳои ахирашро интизор бошад
Иттиҳоди Аврупо 27 шахс ва ниҳоди марбут ба Русияро таҳрим кард
Иштирок ва суханронии вазири рушди иқтисод ва савдо дар муколамаи шарикони рушд
Президенти Сербистон истеъфо дод