Иттиҳоди Аврупо 27 шахс ва ниҳоди марбут ба Русияро таҳрим кард
Раҳбари католикҳои ҷаҳон бар ҷилавгирӣ аз озори ҷинсӣ тавассути аъзои калисо таъкид кард
Дар ҳамлаи мушакии Эрон дар Ҳурмуз 8 низомии Амрико захмӣ шуданд
Иштироки Пешвои миллат дар тантанаҳои идона ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳри Хоруғ
Осиф Алӣ Зардорӣ: “Ҳинд дар ҳоли омодасозии ҷанг аст”
Осиф Алӣ Зардорӣ, президенти Покистон, Ҳиндро муттаҳам кардааст, ки дар ҳоли омодасозӣ барои як ҷанги дигар аст ва аз Деҳлӣ хостааст, аз он чӣ ӯ “саҳнаи ҷанг” хонда, фосила гирифта ва ба мизи музокирот бозгардад.
Зардорӣ рӯзи душанбе, 2-юми март дар ҷаласаи муштараки парлумон гуфтааст, ки Исломобод ҳамчунон омодаи гуфтугӯ аст ва ягона роҳи ҳифзи амнияти минтақавӣ ҳаракат ба самти музокироти маънодор мебошад.
Ӯ ҳамчунин, тасмими Ҳинд барои боздоштани Муоҳидаи обҳои Синдро маҳкум карда ва онро “терроризми обӣ” хонда ва гуфтааст, ки Деҳлӣ аз ҷараёни об барои фишори сиёсӣ истифода мекунад.
Президенти Покистон таъкид кардааст, ки Исломобод ба ҳимояти дипломатия ва ахлоқӣ аз мардуми Ҷамму ва Кашмир идома хоҳад дод ва сулҳи пойдор дар ҷануби Осиё то замони ҳалли масоили Кашмир дастёфтанӣ нахоҳад буд.
Зардорӣ ба таҳдидҳои террористӣ аз Афғонистон низ ишора карда ва гуфтааст, ки хоки Покистон “муқаддас” аст ва иҷоза нахоҳад дод ҳеч гурӯҳи дохилӣ ё хориҷӣ аз хоки ҳамсоя барои бесубот кардани амнияти кишвар истифода кунад.
Ӯ Толибонро муттаҳам кардааст, ки ба тааҳҳудоти худ дар Тавофуқномаи Дуҳа пойбанд набуда ва хостори тақвияти гурӯҳҳои террористӣ шудааст.
Президенти Покистон ҳамчунин, буҳронҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ, аз ҷумла даргириҳои Ховари Миёна ва ҳамлаҳо ба кишварҳои ҳавзаи Халиҷи Форсро маҳкум кардааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Кремл: Украина посухи ҳамлаҳои ахирашро интизор бошад
Иттиҳоди Аврупо 27 шахс ва ниҳоди марбут ба Русияро таҳрим кард
Иштирок ва суханронии вазири рушди иқтисод ва савдо дар муколамаи шарикони рушд
Президенти Сербистон истеъфо дод