3 Ноябр 2026,
сешанбе, 16:33, Душанбе
29.04.2025 09:29

Сарвазири пешини Покистон: “Агар Ҳинд ба шаҳрҳои мо ҳамла кунад, ба шаҳрҳояшон ҳамла мекунем”

Анварулҳақ Кокар, сарвазири пешини Покистон гуфт, таҳлилҳо нишон медиҳад, ки Ҳиндустон қасди ҳамла ба Покистонро дорад. Ӯ дар суҳбат бо расонаҳо ҳушдор дод, ки агар Ҳинд ба шаҳрҳои Покистон ҳамла кунад, Покистон низ шаҳрҳои Ҳиндустонро мавриди ҳамла қарор хоҳад дод. Анварулҳақ Кокар афзуд, ки посухи Покистон ба Ҳиндустон вобаста ба шиддати ҳамла хоҳад буд.

“Агар Ҳинд ба макони мушаххасе ҳамла кунад, мо ҳамон маконро ҳадаф хоҳем гирифт. Агар ба шаҳрҳои мо ҳамла кунад, мо низ ба шаҳрҳои Ҳиндустон ҳамла хоҳем кард”- гуфт сарвазири пешини Покистон.

Ӯ афзуд, ки кишвараш дар посух додан ба ҳамлаи Ҳинд тарсе нахоҳад дошт.

Дар посух ба суоли хабарнигор дар хусуси изҳори пушаймонии вазири дифои Покистон Хоҷа Осиф дар бораи ҳимоят аз терроризм гуфт, ки Покистон аз ҳеч амале, ки анҷом додааст, пушаймон нест. Ӯ Ғарбро ба он гумонбар кард, ки баъд аз анҷоми Ҷанги сард Покистонро ба ҳоли худ раҳо кард ва ҳоло ин кишвар қурбонии терроризм шудааст.

Қабл аз ин Хоҷа Осиф, вазири дифои Покистон дар суҳбат бо телевизиони “Скай Нюз” гуфт, ки Покистон бо намояндагӣ аз Ғарб “кори касифи ҳамоят аз терроризм”-ро анҷом додааст.

Сарвазири пешини Покистон дар идомаи суҳбати худ дар мавриди стратегияи ҳимоят аз Покистон гуфт, ки чунин бардошт ғалат аст: “Таҳрики Толибон натиҷаи ҷанг ва даргириҳои гурӯҳҳои ҳафтгонаи муҷоҳиддин буд, ки ба халқи худ раҳм накарданд ва Кобулро вайрон намуданд”.

Ӯ афзуд, ки Покистон гурӯҳи Толибонро эҷод накардааст, зеро ин гурӯҳ бархоста аз шароити дохилии Афғонистон аст.

Сарвазири пешини Покистон дар мавриди сафари ҳайати дипломатии Ҳиндустон ба Афғонистон гуфт, ки Афғонистон ҳамчун кишвари мустақил ҳақ дорад дӯст ва душманони худро интихоб кунад. Ба таъкиди ӯ, робитаҳои дипломатии Ҳинд ва Афғонистон набояд бар зарари Покистон бошад.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

03.11.2026 13:57

Артиши Эрон ҳушдор дод: агар Амрико ҳамла кунад, посухи Эрон аз Ғарби Осиё фаротар меравад

Муҳаммад Акраминиё, сухангӯи артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт, дар сурати ҳамлаи дубораи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Эрон бо вокуниши фаврӣ, шадидтар ва густурдатар аз гузашта посух хоҳад дод.
03.11.2026 13:49

Сафири Тоҷикистон хостори густариши сармоягузории Покистон дар Тоҷикистон шуд

Шарифзода Юсуф Тоир, Сафири Тоҷикистон дар Покистон дар суҳбат бо расонаҳои покистонӣ хостори тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ, густариши тиҷорати дуҷониба ва афзоиши сармоягузорӣ дар миёни Тоҷикистон ва Покистон шудааст.
03.11.2026 13:12

Тоҷикистон бо Лаос дар бораи ҳамкориҳои дуҷониба гуфтугӯ кард

Рӯзи 2-юми ноябр намояндагони Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии халқӣ-демократии Лаос дар шаҳри Вентян масъалаҳои таҳкими муколамаи байниҳукуматӣ, рушди робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва ҳамкориҳои фарҳангиро баррасӣ намуданд.
02.11.2026 14:36

Рӯзноманигорон ва блогерони Беларус барои дидани имкониятҳои сайёҳӣ ба Тоҷикистон омадаанд

Як гурӯҳ рӯзноманигорон ва блогерони Беларус барои шиносоӣ бо имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ва муаррифии он ба Тоҷикистон сафар кардаанд. Ҳадафи ин сафар муаррифии имкониятҳои сайёҳӣ, мероси таърихию фарҳангӣ ва анъанаҳои миллии кишвар дар расонаҳои Беларус аст.