21 Ноябр 2026,
шанбе, 15:41, Душанбе
21.11.2026 14:16

Вазорати хориҷии Покистон: миёнаравӣ миёни Вашингтон ва Теҳрон идома дорад

Вазорати корҳои хориҷии Покистон аз идомаи талошҳои ин кишвар барои миёнаравӣ миёни Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Эрон хабар дода, таъкид кардааст, ки ин раванд идома хоҳад ёфт.

Хабаргузории “Ваъ” гузориш медиҳад, ки Вазорати хориҷии Покистон эълон кардааст, бо вуҷуди баъзе монеаҳо дар иҷрои Ёддошти тафоҳуми Исломобод, талошҳои миёнаравӣ миёни Вашингтон ва Теҳрон ҳамоно идома доранд.

Сухангӯи ин вазорат аз ду ҷониб хостааст, ки ихтилофоти худро бар асоси тафоҳум ҳаллу фасл кунанд.

Сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Покистон дар нишасти хабарӣ гуфтааст, ки ёддошти тафоҳуми мазкур роҳи ҳалли ихтилофотро муайян мекунад. Ба гуфтаи ӯ, имзои ин ёддошт бо баргузории нишастҳо дар Бургенштоки Швейтсария ҳамроҳ буд, аммо иҷрои он ҳанӯз бо монеаҳо рӯбарӯ аст.

Вай ҳамчунин, афзудааст, ки вазири корҳои хориҷии Эрон зимни сафари ахири худ ба Исломобод масъалаи талошҳои миёнаравиро бо Шаҳбоз Шариф, нахуствазири Покистон ва генерал Осим Мунир баррасӣ карда, ҷонибҳо бар идомаи нақши Покистон дар ин раванд таъкид кардаанд.

Дар мавриди дигаргуниҳои минтақаӣ, Вазорати хориҷии Покистон хабар додааст, ки ин кишвар дар охири моҳи ноябр мизбони нишасти муштарак бо Арабистони Саудӣ ва Туркия хоҳад буд.

Ҳадафи ин нишаст баррасии иҷрои созишномаи муштараки дифоӣ ва тақвияти ҳамоҳангии ниҳодҳои се кишвар мебошад.

Сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Покистон таъкид кардааст, ки ин созишнома хусусияти дифоӣ дошта, зидди ҳеч кишвари дигар равона нашудааст.

Ин вазорат ҳамчунин, дар бораи қабули эътимодномаи намояндаи Исроил дар Конфронси халъи силоҳ аз ҷониби намояндаи Покистон тавзеҳ додааст.

Ба гуфтаи сухангӯи вазорат, ин иқдом танҳо дар доираи масъулияти Покистон ба ҳайси раиси конфронс ва бар асоси расмиёти ташрифотии Созмони Милали Муттаҳид анҷом шудааст ва ба маънои барқарории равобити дуҷониба бо Исроил нест.

Вазорати корҳои хориҷии Покистон бори дигар бар мавқеи доимии худ дар ҳимоят аз ташкили давлати мустақили Фаластин дар марзҳои пеш аз ҷанги соли 1967 ва бо пойтахт дар Байтулмуқаддаси Шарқӣ таъкид кардааст.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

21.11.2026 14:33

Баҳси ҷадид дар парлумони Озарбойҷон: қатъи маблағгузории давлатии мактабҳои русӣ

Намояндаи Ҳизби ҳокими Озарбойҷон пешниҳод кардааст, ки масъалаи маблағгузории давлатии таҳсил ба забони русӣ дар мактабҳои кишвар аз нав баррасӣ шавад. Ин пешниҳод дар ҳоле матраҳ шудааст, ки ҳоло дар бахшҳои русизабони мактабҳои Озарбойҷон 157 ҳазор хонанда таҳсил мекунанд.
21.11.2026 14:10

Гандӣ: “Бо Исроил равобити стратегӣ дорем”

Раҳул Гандӣ, раҳбари мухолифони Ҳиндустон ва рақиби Нарендра Модӣ барои мақоми нахуствазирӣ, зимни сафар ба ИМА аз равобити кишвараш бо Исроил ҳимоят карда, гуфт, ки аз миёнаравии Покистон дар музокироти Амрико ва Эрон “шок” шудааст.
21.11.2026 13:46

Дар 9 моҳи соли 2026 беш аз 36 ҳазор шаҳрванди Қазоқистон ба Тоҷикистон сафар кардаанд

Дар 9 моҳи соли 2026 ба Тоҷикистон 36 ҳазору 400 шаҳрванди Қазоқистон сафар кардаанд. Ин кишвар аз рӯи шумори шаҳрвандони воришуда ба Тоҷикистон дар миёни кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мақоми чорумро касб кардааст.
21.11.2026 11:26

Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин вазъи амниятӣ дар марзи Тоҷикистону Афғонистонро баррасӣ карданд

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар дидор бо Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия вазъи амниятӣ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон, мубориза бо қочоқи маводи мухаддир ва таҳдидҳои минтақавиро баррасӣ кардааст.
21.11.2026 11:17

Қазоқистон дар миёни се шарики бузурги тиҷоратии Тоҷикистон қарор гирифт

Гардиши савдои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Қазоқистон дар моҳҳои январ - октябри соли 2026 нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 30,3 фоиз афзоиш ёфта, ба тақрибан 1 миллиарду 280 миллион доллар расидааст. Бо ин нишондиҳанда Қазоқистон дар миёни се шарики асосии тиҷорати Тоҷикистон қарор дорад.
20.11.2026 17:43

Тоҷикистон дар шохиси ҷаҳонии рушди сайёҳӣ берун монд

Ҷумҳурии Тоҷикистон имсол дар шохиси нави ҷаҳонии Рушди сайёҳӣ ҷой нагирифт. Дар ин гузориш сабаби ба рӯйхат ворид нагардидани Тоҷикистон шарҳ дода нашудаст. Ин дар ҳолест, ки омори расмӣ мегӯяд, шумори сайёҳон афзоиш ёфтааст.