3 Ноябр 2026,
сешанбе, 15:49, Душанбе
16.06.2025 09:02

Вазири дифои Покистон: “Ҳимояти Аврупо аз Исроил паёмадҳои фоҷеабор хоҳад дошт”

Хоҷа Муҳаммад Осиф, вазири дифои Покистон бо ишора ба ҳимояти бархе кишварҳои аврупоӣ аз Исроил гуфт, ки ҷаҳони Аврупо дар хусуси ҷанге, ки аз сӯйи Исроил оғоз шуд ва тамоми минтақаро фаро мегирад, нигарон бошанд. Ҳимоят аз ин режими саркаш, ки ба ҳеч яке аз муқаррароти байналмилалӣ пойбанд нест, паёмадҳои фоҷеабор хоҳад дошт.

Вазири дифои Покистон бо нашри паёме дар шабакаи иҷтимоии “Х” навишт: “Ҷаҳон бояд нисбат ба иқтидори атомии Исроил, ки ба ҳеч яке аз муқаррароти байналмилалии атомӣ ва Созишномаи густариши силоҳҳои атомӣ пойбанд нест ва ҳеч муоҳидаи ҳуқуқи байналмилалиро имзо кардааст, нигарон бошад”.

Хоҷа Муҳаммад Осиф таъкид кард, Покистон ҳама муқаррароти байналмилалии атомиро имзо кардааст ва қудрати атомии мо барои манфиати мардум ва дифоъ аз кишварамон дар баробари нақшаҳои душманона аст.

“Мо сиёсати таҳоҷумӣ нисбат ба ҳамсоягонамон надорем, сиёсати таҳаммулнопазире, ки имрӯзҳо Исроил ба таври рӯшан онро ба намоиш гузоштааст”- зикр кард вазири дифои Покистон.

Вазири дифои Покистон гуфт, ҷаҳони Ғарб дар хусуси низоъҳое, ки Исроил эҷод кардааст, бояд нигарон бошад. Ин низоъҳо тамоми минтақа ва бештари онро фаро хоҳад гирифт. Бо ин далел, ҳимоят аз режими саркаши Исроил метавонад оқибатҳои фоҷеабор дошта бошад.

Хоҷа Муҳаммад Осиф шаби гузашта зимни суханронӣ дар парлумони Покистон бо маҳкум кардани ҳамлаҳои террористии режими Исроил ба Эрон гуфт: “Покистон дар канори Ҷумҳурии Исломии Эрон қарор дорад ва ба ҳамкорӣ бо он дар созмонҳои байналмилалӣ идома хоҳад дод. Покистон аз манфиатҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон дифоъ хоҳад кард”.

Дар ҳамин ҳол, рӯзи гузашта Маҷлиси Сено ва Маҷлиси намояндагони Покистон қатъномаеро оид ба маҳкум намудани ҳамлаи режими Исроил ба Эрон тасвиб кард ва ҳамбастагиву ҳимоят аз давлат ва мардуми Эронро эълон намуд.

Мақомоти Покистон ҳушдор додаанд, ки дар сурати ҳамлаи атомӣ ба Эрон Покистон бо ҳамлаи атомӣ ба ҳимоят аз Эрон посух хоҳад дод.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

03.11.2026 13:57

Артиши Эрон ҳушдор дод: агар Амрико ҳамла кунад, посухи Эрон аз Ғарби Осиё фаротар меравад

Муҳаммад Акраминиё, сухангӯи артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт, дар сурати ҳамлаи дубораи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Эрон бо вокуниши фаврӣ, шадидтар ва густурдатар аз гузашта посух хоҳад дод.
03.11.2026 13:49

Сафири Тоҷикистон хостори густариши сармоягузории Покистон дар Тоҷикистон шуд

Шарифзода Юсуф Тоир, Сафири Тоҷикистон дар Покистон дар суҳбат бо расонаҳои покистонӣ хостори тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ, густариши тиҷорати дуҷониба ва афзоиши сармоягузорӣ дар миёни Тоҷикистон ва Покистон шудааст.
03.11.2026 13:12

Тоҷикистон бо Лаос дар бораи ҳамкориҳои дуҷониба гуфтугӯ кард

Рӯзи 2-юми ноябр намояндагони Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии халқӣ-демократии Лаос дар шаҳри Вентян масъалаҳои таҳкими муколамаи байниҳукуматӣ, рушди робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва ҳамкориҳои фарҳангиро баррасӣ намуданд.
02.11.2026 14:36

Рӯзноманигорон ва блогерони Беларус барои дидани имкониятҳои сайёҳӣ ба Тоҷикистон омадаанд

Як гурӯҳ рӯзноманигорон ва блогерони Беларус барои шиносоӣ бо имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ва муаррифии он ба Тоҷикистон сафар кардаанд. Ҳадафи ин сафар муаррифии имкониятҳои сайёҳӣ, мероси таърихию фарҳангӣ ва анъанаҳои миллии кишвар дар расонаҳои Беларус аст.