18 Ноябр 2026,
чоршанбе, 03:24, Душанбе
17.11.2026 17:57

Сарвазири Покистон кишварҳои узви СҲИ-ро ба ҳамкориҳои бузурги иқтисодӣ даъват кард

Шаҳбоз Шариф, сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон дар мулоқот бо вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ (СҲИ) дар шаҳри Исломобод ба зарурати таҳкими амнияти минтақавӣ, густариши тиҷорат ва рушди роҳҳои нақлиётӣ таъкид намуд.

Дар ин нишаст Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ширкат намуда, дар ҳошияи он бо Сарвазири Покистон Шаҳбоз Шариф ва Вазири корҳои хориҷии Покистон Муҳаммад Исҳоқ Дор масоили ҳамкориҳои Тоҷикистону Покистонро баррасӣ намуд.

“Барои ҳалли мушкилот ва таҳдидҳои марбут ба амнияти минтақавӣ талошҳои муштарак заруранд”, - таъкид кард сарвазири Покистон.

Шаҳбоз Шариф рӯзи 16-уми ноябр дар нишасти 30-юми Шурои вазирони корҳои хориҷии СҲИ аз кишварҳои узв даъват кард, ки барои рафъи мушкилоти амниятӣ ва  суръат бахшидан ба ҳамгироии иқтисодии минтақа иқдомҳои муштарак анҷом диҳанд.

Шаҳбоз Шариф таъкид кард, ки ҳалли ихтилофот ба воситаи музокира ва дипломатия барои таъмини суботи минтақа аҳамияти муҳим дорад. Тибқи гуфтаи ӯ, кишварҳои минтақа бояд барои муқобила бо таҳдидҳои амниятӣ ҳамоҳангии бештар дошта бошанд.

Ҷумҳурии Исломии Покистон дар давраи солҳои  2026 ва 2027 раёсати Созмони ҳамкориҳои иқтисодиро ба уҳда гирифтааст. Шаҳбоз Шариф ҳадафи асосии ин давраро эҳёи ҳамкориҳои минтақавӣ ва табдил додани созишномаҳои кишварҳои узв ба барномаи амалии иқтисодӣ арзёбӣ намуд.

Сарвазири Покистон аз қабули Эъломияи Исломобод ва ҳадафҳои стратегии ҳамкориҳои иқтисодии созмон барои солҳои 2026–2035 истиқбол намуда, онҳоро заминаи густариши ҳамкориҳои минтақавӣ номид.

Ӯ ҳамчунин, рушди тиҷорату сармоягузорӣ, энергетика, технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ва нақлиётро аз самтҳои афзалиятноки ҳамкории кишварҳои узв донист.

Шаҳбоз Шариф таъкид намуд, ки Покистон мехоҳад бо истифода аз имкониятҳои ҷуғрофии худ робитаҳои нақлиётии минтақаро тавассути роҳҳои автомобилгард, роҳи оҳан ва долонҳои бисёрсамта густариш диҳад. Ба гуфтаи ӯ, бандарҳои Карочӣ, Порт Қосим ва Гвадар метавонанд дастрасии кишварҳои ба баҳр роҳнадоштаи узви созмонро ба бозорҳои ҷаҳонӣ осонтар кунанд.

Сарвазири Покистон, инчунин, кишварҳои узвро барои иштирок дар чорабиниҳои соли 2027, ки ба эълон шудани шаҳри Лоҳур ҳамчун пойтахти сайёҳии СҲИ бахшида мешаванд, даъват кард.

Ӯ гуфт, ки Покистон барои таҳкими ҳамкорӣ бо ҳамаи кишварҳои узв ва Котиботи созмон талош карда, соли оянда мизбони иҷлосияи навбатии Шурои вазирони корҳои хориҷӣ ва нишасти сарони СҲИ хоҳад буд.

Раёсати Покистон дар созмон дар ҳоле оғоз мешавад, ки маҳдудиятҳои инфрасохторӣ, мушкилоти амниятӣ ва танишҳои сиёсӣ дар минтақа ба рушди тиҷорат ва долонҳои транзитӣ таъсир мерасонанд.

Созмони ҳамкории иқтисодӣ соли 1985 таъсис ёфта, Тоҷикистон, Покистон, Эрон, Туркия, Афғонистон, Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Туркманистонро муттаҳид мекунад. Ҳадафи асосии он густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва нақлиётӣ миёни кишварҳои узв мебошад.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

17.11.2026 17:57

Сарвазири Покистон кишварҳои узви СҲИ-ро ба ҳамкориҳои бузурги иқтисодӣ даъват кард

Шаҳбоз Шариф, сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон дар мулоқот бо вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ (СҲИ) дар шаҳри Исломобод ба зарурати таҳкими амнияти минтақавӣ, густариши тиҷорат ва рушди роҳҳои нақлиётӣ таъкид намуд.
17.11.2026 17:18

“Артиши Афғонистон об шуд”. Ҷо Байден пас аз 5 сол аз қарори хуруҷи неруҳои амрикоӣ аз Афғонистон дар китоби нави худ ҳимоят кард

Ҷо Байден, президенти пешини Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар китоби ёддоштҳои нави худ навишт, ки хуруҷи неруҳои амрикоӣ аз Афғонистон дар соли 2021 дуруст буд ва ӯ бо донистани оқибатҳои он ин тасмимро гирифт. Ӯ аз хуруҷи неруҳои амрикоӣ аз Афғонистон ҳимоят карда, навиштааст, ки суқути босуръати ҳукумати вақти ин кишвар ба фурӯпошии артиши Афғонистон вобаста буд.
17.11.2026 17:06

Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо рушди роҳи Транскаспий ва ҳамкориҳои иқтисодиро баррасӣ намуданд

Идибек Қаландар, муовини Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон рӯзи 16-уми ноябр дар шаҳри Брюссел дар нишасти дуюми вазирон оид ба амнияти байниминтақавӣ ва рушди робитаҳо дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ, Қафқози Ҷанубӣ, минтақаи Баҳри Сиёҳ ва Иттиҳоди Аврупо ширкат намуд.
17.11.2026 14:59

Тоҷикистон барои иҷрои нақшаҳои иқлимӣ то ба 22,5 миллиард доллар ниёз дорад

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сурати дарёфт кардани маблағ ва технологияҳои байналмилалӣ метавонад ҳаҷми коҳиши партови газҳои карбонро то соли 2035 аз 15 то 40 фоиз расонад. Ин нишондиҳанда дар муқосиа бо сатҳи соли 1990 ҳисоб шудааст.
17.11.2026 13:55

Айзенкот: “Нетаняҳу ҳатто як дақиқаи дигар набояд дар мақоми сарвазир боқӣ монад”

Сиёсатмадори исроилӣ Гади Айзенкот амалҳои сарвазир Бенямин Нетаняҳуро таҳдиди мустақим ба демократияи Исроил номида, хостори оғози фаврии тафтишот дар бораи дахолати эҳтимолии атрофиёни ӯ ба интихобот шудааст.
17.11.2026 10:58

Тими футболи Тоҷикистон барои ба даст овардани Ҷоми шоҳ бо тими Тайланд рақобат мекунад

Мунтахаби Тоҷикистон рӯзи 17-уми ноябр дар бозии ниҳоии мусобиқаи байналмилалии “Ҷоми шоҳ” (King’s Cup) бо тими миллии Тайланд рақобат мекунад. Вохӯрӣ дар варзишгоҳи музофотии Сисакети Тайланд, соати 19:30 ба вақти маҳаллӣ (17:30 ба вақти Душанбе) оғоз мешавад.
17.11.2026 10:51

Як мақоми олирутбаи ВКХ-и Амрико рӯзҳои оянда ба Тоҷикистон сафар мекунад

Муовини котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Кристофер Ландау дар доираи сафари минтақавӣ аз 16 то 24-уми ноябр ба Тоҷикистон, Туркия ва Туркманистон сафар мекунад. Дар Душанбе ӯ бо мақомоти баландпояи Тоҷикистон ва намояндагони бахши хусусӣ мулоқот карда, густариши ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ мекунад.
17.11.2026 09:44

Путин баъди дидор бо Трамп ва Ҷинпин рӯзҳои 18 ва 19-уми ноябр ба Душанбе меояд

Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин баъди дидор бо Доналд Трамп, президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Си Ҷинпин, роҳбари Ҷумҳурии мардумии Чин дар Чин бо сафари расмӣ рӯзҳои 18 ва 19-уми ноябр ба шаҳри Душанбе меояд.
17.11.2026 09:24

Сироҷиддин Муҳриддин ва Муҳаммад Исҳоқ Дор масъалаҳои тиҷорат ва энергетикаро баррасӣ карданд

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин рӯзи 16-уми ноябр дар ҳошияи Иҷлоси 30-юми Шурои вазирони корҳои хориҷии Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ) бо вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Исҳоқ Дор мулоқот кард.
17.11.2026 09:19

Даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии «Доирабазм» доир мегардад

Тибқи иттилои маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар даҳаи сеюми моҳи ноябр дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А. Ҷӯраев даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии созҳои зарбӣ «Доирабазм» баргузор мегардад.