“Рӯзи илмии Сино” дар донишгоҳи Бутто. Сафири Тоҷикистон ва Эрон аз ҷойгоҳи ҷаҳонии Сино гуфтанд
Амнияти Осиёи Марказӣ дар ҷаҳони бисёрқутбӣ: вазирони хориҷӣ дар Маскав чӣ гуфтанд?
Вазири молияи Амрико аз тарси таҳдиди Эрон ба пойгоҳи низомӣ паноҳ гирифт
71 фоизи амрикоиҳо дар як назарсанҷӣ хостори поёни ҷанги Эрон шуданд
“Рӯзи илмии Сино” дар донишгоҳи Бутто. Сафири Тоҷикистон ва Эрон аз ҷойгоҳи ҷаҳонии Сино гуфтанд
Дар Ҷумҳурии Исломии Покистон бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин кишвар ва ҳамкории Донишгоҳи тиббии Шаҳид Зулфиқор Алӣ Бутто рӯзи 10-уми ноябр таҳти унвони “Рӯзи илмии Абуалӣ ибни Сино” ҳамоиши илмӣ баргузор гардид. Ҳадафи ин ҳамоиш омӯзиш ва гиромидошти меросими илмии Абуалӣ ибни Сино мебошад.
Дар ин бора рӯзномаи “Галф обсервер” (The Gulf Observer) иттилоъ дода навишт, ки дар ҳамоиши илмии гиромидошти меросими илмии Абуалӣ ибни Сино, Сафири Ҷумҳурии Исломии Тоҷикистон дар Покистон Шарифзода Юсуф Тоир, Сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Покистон Ризо Амирӣ Муқаддам ва дигар намояндагон аз муассисаҳои илмию тиббӣ ширкат намуданд.
Шарифзода аз ҷойгоҳи ҷаҳонии Ибни Сино гуфт
Шарифзода Юсуф Тоир, сафири Тоҷикистон дар ҷарёни суханронӣ ба ҷойгоҳи Абуалӣ ибни Сино дар таърихи тамаддуни башарӣ ишора намуда, гуфт, ки нақши осори илмии ӯ дар ташаккули тафаккури илмии инсоният хеле муҳим аст.
Ӯ афзуд, Абуалӣ ибни Сино на фақат дар таърихи илми тиб, балки дар рушди андешаҳои фалсафӣ ва фарҳангии ҷаҳон низ ҷойгоҳи хос дорад. Осори ӯ дар тӯли асрҳо мавриди омӯзиш ва таҳқиқи донишмандон қарор гирифта, ба рушди соҳаҳои мухталифи илм таъсир расондааст.
Сафирии Тоҷикистон таъкид намуд, ки мероси илмӣ ва зеҳнии Ибни Сино, ки аз сарзамини бостонӣ ва тамаддунофари тоҷикон бархостааст, моҳияти ҷаҳонӣ дошта, аҳамияти худро барои наслҳои имрӯзу оянда нигоҳ медорад. Бар асоси гуфтаи ӯ, дониш ва андешаҳои Ибни Сино имрӯз низ метавонанд барои рушди илм, густариши маърифат ва ташаккули ҷаҳонбинии наслҳои ҷавон замина муҳайё кунанд.
Шарифзода Юсуф Тоир аз иқдомҳои Тоҷикистон дар бораи пос доштани номи Ибни Сино ёдовар шуд. Ӯ гуфт, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Донишгоҳи тиббӣ ба номи Ибни Сино гузошта шудааст. Номи яке аз ноҳияҳои шаҳри Душанбе номи Ибни Синоро дорад. Дар Тоҷикистон ҷоизаи байналмилалие ба номи Абуалӣ ибни Сино таъсис дода шудааст. Ин ҷоиза бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таъсис ёфта, ба шахсоне тақдим мешавад, ки дар рушди тандурустии байналмилалӣ ва пешрафти илми тибби ҷаҳонӣ саҳми назаррас мегузоранд.
Сафири Эрон гуфт мероси Сино бояд ҳифз карда шавад
Ризо Амирӣ Муқаддам, сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Покистон дар ин ҳамоиши илмӣ суханронӣ намуда, ба саҳми Абуалӣ ибни Сино дар пешрафти илм ва тиб ишора намуд. Ӯ аз таъсири амиқи осори Абуалӣ ибни Сино ба тамаддуни башарӣ ёдовар шуд ва зарурати ҳифзу омӯзиши мероси илмии ӯро дар шароити муосир муҳим донист.
Сафири Эрон таъкид намуд, ки осори Ибни Сино фақат арзиши таърихӣ надорад, балки омӯзиши он метавонад барои дарки равандҳои рушди илм ва истифодаи таҷрибаи донишмандони гузашта дар замони имрӯз аҳамият дошта бошад.
Ширкати намояндагони Тоҷикистону Эрон дар ин ҳамоиши илмӣ нишондиҳандаи пайвандҳои муштараки фарҳангӣ, таърихӣ ва илмии ду кишвар аст.
Ректори донишгоҳи Покистон аз ҷойгоҳи илмии Сино гуфт
Танвир Холиқ, ректори Донишгоҳи тиббии Шаҳид Зулфиқор Алӣ Бутто дар бахши дигари ҳамоиши илмӣ дар бораи зиндагӣ, фаъолияти илмӣ ва саҳми Абуалӣ ибни Сино дар рушди илмҳои тиб сухан гуфт.
Ӯ ба аҳамияти омӯзиши осори ин донишманд барои наслҳои имрӯз ишора намуда, ҷойгоҳи Ибни Синоро дар таърихи ташаккул ва пешрафти илми тиб бисёр муҳим арзёбӣ намуд.
Ӯ таъкид намуд, ки шиносоӣ бо дастовардҳои донишмандони бузурги гузашта метавонад барои муҳаққиқон ва мутахассисони ҷавон манбаи дониш ва таҷриба бошад. Ҳамчунин, дар доираи барнома ба иштирокдорон навори видеоӣ дар бораи зиндагӣ, фаъолияти илмӣ ва саҳми Ибни Сино дар пешрафти илми тиб намоиш дода шуд.
Ҳамкориҳои илмӣ ва фарҳангии Тоҷикистону Покистон
Тибқи иттилои расонаҳои покистонӣ яке аз ҳадафҳои бузургдошти “Рӯзи илмии Ибни Сино” муаррифии мероси илмии ин донишманди номвари тоҷику форс дар сатҳи байналмилалӣ мебошад. Дастандаркорони ҳамоиши ёдшуда ба тарғиби арзишҳои дониш, илму маърифат ва густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи тиб таваҷҷуҳ намуданд.
Зикр шуд, ки баргузор шудани чунин ҳамоиши илмӣ метавонад ба таҳким ёфтани робитаҳои илмиву фарҳангии Тоҷикистону Покистон мусоидат намояд. Ҳамчунин, ширкати намояндагони Эрон дар шамоиш имконияти густариши робитаҳои илмӣ ва табодули таҷриба дар миёни кишварҳои минтақаро фароҳам мекунад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Фавзия Кӯфӣ: “Ин бор Толибонро занони Афғонистон шикаст медиҳанд”
Эрон: ҷанг агар оғоз шавад, ба пойгоҳҳои Амрико дар Осиёи Ғарбӣ ва Аврупо ҳамла хоҳем кард
Қазоқистон 70 фоизи саҳмияҳои ду кони бузурги волфрамро ба ширкатҳои писарони Трамп медиҳад
Тоҷикистон ва Ӯзбекистон барои бартараф кардани монеаҳои нақлиётӣ ба созиш расиданд