Иттиҳоди Аврупо 27 шахс ва ниҳоди марбут ба Русияро таҳрим кард
Раҳбари католикҳои ҷаҳон бар ҷилавгирӣ аз озори ҷинсӣ тавассути аъзои калисо таъкид кард
Дар ҳамлаи мушакии Эрон дар Ҳурмуз 8 низомии Амрико захмӣ шуданд
Иштироки Пешвои миллат дар тантанаҳои идона ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳри Хоруғ
Эътирофи деррасидаи Хоҷа Осиф: “Мизбонии чандинсолаи Толибони Афғонистон “бузургтарин иштибоҳ”-и Покистон будааст"
Хоҷа Муҳаммад Осиф, вазири дифои Покистон, гуфтааст, ки мизбонии чандиндаҳсолаи Толибон бузургтарин иштибоҳ дар таърихи ин кишвар будааст ва ин гурӯҳ ҳоло бар зидди Покистон амал мекунад.
Осиф шаби сешанбе, 17-уми март дар шабакаи иҷтимоии “X” (Twitter) навиштааст, ки Толибони Афғонистон ба масҷидҳо ҳамла мекунанд, намозгузоронро мекушанд ва ғайринизомиён, бозорҳо ва мактабҳоро ҳадаф қарор медиҳанд.
Ба гуфтаи ӯ, қочоқи маводи мухаддир низ яке аз манбаъҳои асосии молиявии гурӯҳи Толибон мебошад.
Вазири дифои Покистон афзудааст, ки Толибони Афғонистон бо вуҷуди гирифтани паноҳгоҳ дар Покистон ба уҳдадориҳои худ пойбанд набудаанд ва барои иҷрои онҳо маблағҳои бузург талаб мекунанд.
Ӯ ҳамчунин, таъкид кардааст, ки Покистон дар тӯли панҷ даҳа аз Толибони Афғонистон мизбонӣ кардааст ва ҳатто барои онҳо бо як абарқудрат низ даргир шудааст.
Дар ҳамин ҳол, Атоуллоҳ Тарор, вазири иттилооти Покистон, иддаои Толибонро дар бораи он ки Покистон як маркази табобатии гирифторони маводи мухаддирро дар Кобул ҳадаф қарор додааст, рад карда ва онро “беасос” хондааст.
Ба гуфтаи ӯ, Покистон дар ҷанги зидди терроризм танҳо ҳадафҳои низомӣ ва зерсохторҳои гурӯҳҳои террористӣ, аз ҷумла Толибони Афғонистонро, ҳадаф қарор медиҳад.
Ин изҳорот дар ҳоле матраҳ мешавад, ки танишҳо миёни Покистон ва Толибон дар ҳафтаҳои охир афзоиш ёфта ва ду тараф якдигарро ба ҳимоят аз гурӯҳҳои мусаллаҳ муттаҳам мекунанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Кремл: Украина посухи ҳамлаҳои ахирашро интизор бошад
Иттиҳоди Аврупо 27 шахс ва ниҳоди марбут ба Русияро таҳрим кард
Иштирок ва суханронии вазири рушди иқтисод ва савдо дар муколамаи шарикони рушд
Президенти Сербистон истеъфо дод