Низомиёни Русия дар Хатлон роҳи мошингардро аз сел тоза карданд
Беларусия дар ҳукумати террористии Толибон сафир таъин кард
Раиси парлумони Туркманистон: Осиёи Марказӣ ба маркази муҳимми геополитикӣ ва иқтисодӣ табдил меёбад
Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд
“Артиши Покистон калиди тағйири ҳукумат дар Кобулро ба даст гирифтааст”
Журналисти покистонӣ Адиб Радҷо дар як матлаби таҳқиқотии худ мегӯяд, далелҳое вуҷуд доранд, ки Созмони иттилооти Покистон (ISI) нишасти мухолифони Толибонро дар Исломобод ташкил ва ҳимоят мекунад.
Тибқи навиштаи ин рӯзноманигор, нишасти мухолифони Толибон, ки рӯзҳои 25-ум ва 26-уми август дар Исломобод доир мегардад, як иқдоми классикии артиши Покистон барои тағйири ҳукумат дар Афғонистон мебошад.
Адиб Радҷо рӯзи гузашта дар саҳифаи худ дар шабакаи иҷтимоии “Х” бо ҳамовозӣ ба нигарониҳои Зулмай Халилзод, намояндаи собиқи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар умури Афғонистон навишт, мушоҳидаҳои ӯ нишон медиҳанд, ки Созмони иттилооти Покистон на фақат нишастро ташкил додааст, балки шароити зист барои ширкаткунандагонро низ фароҳам кардааст.
Ӯ, ҳамчунин, ба нақши Мария Султон, раиси муассисаи “Суботи стратегии Осиёи Ҷанубӣ” ишора намудааст, ки бо истифода аз робитаҳои касбии худ бо мақомоти истихбороти Покистон тавонист ҳамоҳангиҳои заруриро барои баргузории ин рӯйдод анҷом диҳад.
Мария Султон қаблан ба интиқоди Халилзод дар хусуси ин нишаст посух дода, ӯро ба ширката дар ҳамон конфронс даъват намуд ва гуфта буд, ки “ин чорабинӣ оромиши Халилзодро халалдор кардааст”.
Адиб Радҷо дар саҳифаи худ навишт: “Ба назар мерасад, ин як иқдоми классикӣ барои тағйири ҳукумат дар Афғонистон аст, ки Осим Мунир, ҳокими низомии Покистон барои хушнуд кардани Президент Трамп роҳандозӣ намудааст”.
Ба гуфтаи ӯ, мухолифати Чин метавонад барои Покистон мушкилоти ҷиддӣ ба бор оварад.
Зулмай Халилзод қаблан иқдоми Покистон барои доир кардани нишастро “ғайримасъулона ва таассуфбор” хонда, гуфт: “Дастгирии ошкори Покистон аз мухолифони Толибон ба воситаи мизбонии нишаст амали бисёр барвақт, таҳриккунанда ва нодуруст аст”.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Қариб як сол дер. Санаи баргузории Ҷоми Осиё-2027 тағйир ёфт
Артиши Эрон ҳушдор дод: агар Амрико ҳамла кунад, посухи Эрон аз Ғарби Осиё фаротар меравад
Сафири Тоҷикистон хостори густариши сармоягузории Покистон дар Тоҷикистон шуд
Низомиёни Русия дар Хатлон роҳи мошингардро аз сел тоза карданд