Бо дастури Президент мактаби №6-и шаҳри Хоруғ ба номи Алишери Мирзонабот номгузорӣ мешавад
Созишнома оид ба барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Габон имзо шуд
Роҳбарони гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистон ва Қатар мулоқот карданд
Созишнома миёни Тоҷикистону Сейшел оид ба бекор кардани раводид ба имзо расид
Шаҳбоз Шариф рӯзи 29-уми май ба Тоҷикистон меояд
Шаҳбоз Шариф, сарвазири Покистон рӯзи 25-уми май сафари кории шашрӯзаро ба кишварҳои Туркия, Озарбойҷон, Эрон ва Тоҷикистон оғоз кард. Мақсади сафари минтақавии Шаҳбоз Шариф қадрдонӣ аз муттаҳидони Покистон дар ҷараёни ҷанг бо Ҳиндустон эълон шудааст.
Дафтари матбуоти сарвазири Покистон эълон кардааст, ки ин сафар ба мақсади анҷом додани тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба ва баррасии масъалаҳои минтақавӣ сурат мегирад.
Шаҳбоз Шариф сафари худро аз Туркия оғоз кард ва ҳамин тавр, ба Озарбойҷону Эрон сафар карда, рӯзи 29-уми май ба Тоҷикистон хоҳад омад. Сарвазири Покистон дар конфронси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ширкат ва сунханронӣ мекунад.
Бар асоси иттилоъ, Шаҳбоз Шариф бо роҳбарони кишварҳои зикршуда гуфтугӯҳои фарогир анҷом хоҳад дод. Дар ҷараёни мулоқот бо роҳбарони кишварҳо сулҳи минтақавӣ, транзит, иртибототи нақлиётӣ ва дигар масъалаҳои байналмилалӣ баррасӣ хоҳад шуд.
Расонаҳои покистонӣ навиштанд, ки Шаҳбоз Шариф мақсад дорад дар ҷараёни мулоқот аз роҳбарони кишварҳои зикршуда дар робита ба ҳимояти Покистон дар ҷанг бо Ҳиндустон сипосгузорӣ намояд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Кремл: Украина посухи ҳамлаҳои ахирашро интизор бошад
Иттиҳоди Аврупо 27 шахс ва ниҳоди марбут ба Русияро таҳрим кард
Иштирок ва суханронии вазири рушди иқтисод ва савдо дар муколамаи шарикони рушд
Президенти Сербистон истеъфо дод