19 Октябр 2026,
душанбе, 15:30, Душанбе
19.10.2026 14:02

Раиси вилояти Синди Покистон хостори афзоиши содирот ба Тоҷикистон аст

Раиси вилояти Синди Покистон гуфт, барои густариши тиҷорат, бахусус содирот ба Тоҷикистон имкониятҳои зиёд вуҷуд дорад. Дар мулоқоти консулгарии генералии фахрии Тоҷикистон дар Карочӣ ду ҷониб роҳҳои густариши ҳамкорӣ дар соҳаи тиҷорат, энергетика, саноат, кишоварзӣ ва нақлиётро баррасӣ кардаанд.

Тибқи иттилои расонаҳои покистонӣ Покистон мехоҳад содироти худ ба Тоҷикистонро афзоиш диҳад. Дар канори он мехоҳад аз имкониятҳои бандари Карочӣ барои густариши робитаҳои тиҷоратӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ бештар истифода намояд.

Хабаргузории “Нейшион” (The Nation)-и  Покистон хабар дод, ки ин масъала аз тарафи раиси вилояти Синди Покистон Муҳаммад Наҳал Ҳошимӣ бо Иршод Алӣ Қосим, консули фахрии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Карочии Покистон мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Раиси вилояти Синди Покистон гуфт, ҳаҷми савдои дуҷониба миёни Тоҷикистон ва Покистон аз 39 миллион доллари амрикоӣ бештар мебошад. Ба гуфтаи ӯ, вилояти Синд, ба вижа шаҳри Карочӣ метавонад дар таҳкими робитаҳои тиҷоратии Покистон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ нақши муҳим дошта бошад.

Дар мулоқоти намояндаи ду кишвар масъалаҳои густариши ҳамкорӣ дар бахшҳои сармоягузорӣ, энергетика, тандурустӣ, маориф, илм ва технология баррасӣ шуданд.

Иршод Алӣ Қосим гуфт, маҳсулоти нассоҷӣ, доруворӣ ва таҷҳизоти ҷарроҳии Покистон дар Тоҷикистон харидорони зиёд дорад. Ӯ афзуд, ки Тоҷикистон ва Покистон бар заминаи рушди тиҷорат, сармоягузорӣ ва энергетика манфиатдор будаанд.

Бандари Карочӣ яке аз марказҳои асосии тиҷоратӣ ва роҳи обии Покистон аст, ки барои Тоҷикистон метавонад аҳамият дошта бошад. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳҳои  дарёӣ иртиботи мустақим надорад ва барои баррасӣ ба бозорҳои байналмилалӣ ба роҳҳои транзитии кишварҳои ҳамсоя ниёз дорад.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

19.10.2026 15:01

Қарзу афзоиши нархи зиндагӣ мардуми хашмгини Фаронсаро ба майдонҳо овард

Афзоиши қарзи давлатӣ, гарон шудани зиндагӣ ва норозигӣ аз вазъияти хизматрасониҳои ҷамъиятӣ ба мушкилоти бузурги Фаронса табдил шудааст. Эътирози хиёбонии мардуми Фаронса нишон дод, ки ҳукумаи ин кишвар бо фишори бештар рӯбарӯ шудааст.
19.10.2026 14:32

Лавров: “Гурӯҳҳои террористӣ мехоҳанд дар либоси паноҳанда ва сайёҳ ба Осиёи Марказӣ ворид шаванд”

Русия мегӯяд, ки гурӯҳҳои терорристӣ ва тундрав аз қаламрави Афғонистон барои густариши фаъолиятҳои худ дар Осиёи Марказӣ истифода мекунанд. Русия тақвият додани марзи Тоҷикистону Афғонистон ва ҳамкорӣ бо ҳукумати террористии Толибонро роҳи мубориза бо таҳдидҳо донистааст.
19.10.2026 14:09

Чин мехоҳад дар Тоҷикистон сармоягузориро зиёд ва воридоти мол ба Чинро афзоиш диҳад

Ли Сян, сарвазири Чин рӯзи 19-уми октябр дар мулоқот бо Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон дар Душанбе гуфт, ки Пекин омода аст воридоти молҳои Тоҷикистон ва сармоягузории ширкатҳои чиниро афзоиш диҳад. Ду ҷониб масъалаи густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика, нақлиёт, истихроҷи маъдан ва технологияҳои навро баррасӣ кардаанд.
19.10.2026 14:02

Раиси вилояти Синди Покистон хостори афзоиши содирот ба Тоҷикистон аст

Раиси вилояти Синди Покистон гуфт, барои густариши тиҷорат, бахусус содирот ба Тоҷикистон имкониятҳои зиёд вуҷуд дорад. Дар мулоқоти консулгарии генералии фахрии Тоҷикистон дар Карочӣ ду ҷониб роҳҳои густариши ҳамкорӣ дар соҳаи тиҷорат, энергетика, саноат, кишоварзӣ ва нақлиётро баррасӣ кардаанд.
19.10.2026 13:53

Бонки Осиёии Рушд барои маблағгузории «Роғун 200 миллион доллар грант ва 300 миллион доллар қарзи имтиёзнокро пешбинӣ менамояд

Дар доираи ҷаласаҳои солонаи Гурӯҳи Бонки Умумиҷаҳонӣ ва Хазинаи Байналмилалии Асъор дар шаҳри Бангкоки Подшоҳии Тайланд ду даври мулоқоти сеҷониба бо иштироки вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода, ноиби президенти Бонки Умумиҷаҳонӣ оид ба Аврупо ва Осиёи Марказӣ Антонелла Бассани ва ноиби президенти Бонки Осиёии Рушд оид ба соҳаҳо ва самтҳои мавзуӣ Вемпи Сапутра баргузор гардиданд.
19.10.2026 12:49

Ли Сян: “Чин пайваста аз рушду нумуи Тоҷикистони дӯст дастгирӣ мекунад”

Имрӯз, 19-уми октябр дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарвазири Шурои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Сянро, ки бо сафари расмӣ ва ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои Созмони ҳамкории Шанхай дар Тоҷикистон қарор дорад, ба ҳузур пазируфтанд.
19.10.2026 10:36

Ироқчӣ ба Макрон: “Ба садои ояндаи Фаронса гӯш диҳед

Сайид Аббос Ироқчӣ, вазири корҳои хориҷии Эрон, дар вокуниш ба изҳороти ахири Эммануэл Макрон, раиси ҷумҳури Фаронса, дар бораи сабабҳои нооромиҳои ин кишвар гуфт, ки барои гунаҳкор донистани дигарон дер шудааст. Ӯ аз Макрон хост, ки ба садои ояндаи Фаронса гӯш диҳад.
19.10.2026 10:28

Трамп: “Зеленский намехоҳад ҷанг дар Украинаро ба поён расонад”

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, бо интиқод аз идомаи ҳамлаҳои Украина ба полоишгоҳҳои нафти Русия, иддао кардааст, ки Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, майли поён додани ҷангро надорад.
19.10.2026 09:13

Фуруд омадани изтирории ҳавопаймои аз Исроил парвозкарда ба далели таҳдиди амниятӣ дар Булғористон

Як ҳавопаймои мусофирбар, ки аз Исроил ба самти Венаи Австрия парвоз мекард, пас аз дарёфти ҳушдори амниятӣ дар бораи бомбгузорӣ, дар Булғористон (Балгария) фуруди изтирорӣ анҷом дод.
19.10.2026 08:00

Қирғизистон беш аз 326 километр марз бо Тоҷикистонро симхорбандӣ кард

Ҷумҳурии Қирғизистон дар ноҳияи Бодканд ва Лайлак беш аз 327 километр марзи Қирғизистон бо Тоҷикистонро симхорбандӣ кард. Дар назди минтақаҳои наздисарҳадӣ барои ҳаракат 338,5 километр роҳи саҳроӣ бунёд шуд.