Боздошти зане, ки ба ноболиғон чилими электронӣ мефурӯхт
Бақоӣ: “Вогузории замин ба Афғонистон дар Бандари Чобаҳор ҳақиқат надорад”
Покистон: Беш аз 20 000 террорист дар Афғонистон паноҳ гирифтаанд
Иттиҳоди Аврупо таҳримҳо алайҳи Русияро бо иловаи 1900 мавриди нав густариш медиҳад
Артиши Покистон: гуфтугӯҳо бо Эрон созанда буданд
Покистон мегӯяд, музокироти фармондеҳи артиши ин кишвар Осим Мунир бо раҳбарони Эрон ба коҳиши танишҳои минтақавӣ ва ҷустуҷӯи роҳи дипломатӣ барои ҳалли ихтилофҳо равона шуда буд. Артиши Покистон ин гуфтугӯҳоро «хеле созанда» арзёбӣ кардааст.
Артиши Покистон сафари якрӯзаи фелдмаршал Осим Мунир ба Теҳронро як бахше аз талошҳои дипломатии Исломобод барои коҳиши танишҳо дар минтақа ва аз сар гирифтани музокироти Иёлоти Муттаҳида ва Эрон унвон кардааст.
Мунир дар ҷараёни ин сафар бо раиси ҷумҳури Эрон Масъуд Пизишкиён, раиси Маҷлиси ин кишвар Муҳаммадбоқир Қолибоф ва дигар мақомоти баландпояи Эрон мулоқот кард.
Ба иттилои артиши Покистон, ҷонибҳо дар бораи роҳҳои пешгирӣ аз афзоиши танишҳо, таҳкими сулҳи минтақавӣ ва ҳалли ихтилофҳо тавассути музокирот табодули назар карданд.
Сафари Мунир дар шароите сурат гирифт, ки Покистон талош дорад барои барқарории гуфтугӯҳои мустақим миёни Вашингтон ва Теҳрон миёнаравӣ кунад. Пеш аз сафар низ мақомоти Покистон гуфта буданд, ки пешниҳоди нав барои эҳёи музокироти ду кишвар ва боз шудани тангаи Ҳурмуз баррасӣ мешавад.
Ба гуфтаи артиши Покистон, ҳадафи ин талошҳо расидан ба роҳи ҳалли дипломатӣ ва фароҳам кардани замина барои сулҳи пойдор дар минтақа аст.
Мунир дар моҳҳои охир чанд бор дар доираи талошҳои Покистон барои коҳиши танишҳо ба масъалаи музокироти миёни ИМА ва Эрон ҷалб шудааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Эътирози хиёбонии “Насли Z” ва хонадони Гандӣ дар муқобили ислоҳоти Модӣ дар Ҳиндустон: интихобот қоғазӣ шавад
Озмуни ҷумҳуриявии “Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат” ҷамъбаст шуд
Боздошти зане, ки ба ноболиғон чилими электронӣ мефурӯхт
Бақоӣ: “Вогузории замин ба Афғонистон дар Бандари Чобаҳор ҳақиқат надорад”