Трамп: “Эрон мушаке дорад, ки метавонад ба Аврупо бирасад”
Русия ва Беларус аз омодагӣ ба муқобила бо ҳар гуна таҳдид хабар доданд
Вазорати хориҷии Покистон: Амалиёти низомӣ дар Афғонистон дар посух ба ҳамлаҳои террористӣ анҷом шудааст
Сенатори амрикоӣ хостори поёни ҳамдастии Амрико бо Исроил шуд
Вазорати хориҷии Покистон: Амалиёти низомӣ дар Афғонистон дар посух ба ҳамлаҳои террористӣ анҷом шудааст
Вазорати корҳои хориҷии Покистон мегӯяд, ки амалиёти низомии ин кишвар дар Афғонистон дар посух ба ҳамлаҳои террористӣ анҷом шуда, танҳо “террористҳо” ва пойгоҳҳои пуштибонии онҳоро ҳадаф қарор додааст.
Ин вазорат рӯзи душанбе, 26-уми октябр, бо нашри як баёния иддаоҳои Толибонро дар бораи талафоти ғайринизомиён дар ин амалиёт рад карда, гуфтааст, ки паҳн кардани маълумоти нодуруст наметавонад таҳдиди гурӯҳҳои террористии фаъол дар Афғонистонро пинҳон кунад.
Бар асоси баёния, ҳамлаҳое, ки ба гуфтаи Покистон аз хоки Афғонистон анҷом шудаанд, танҳо дар соли 2026 беш аз 3 ҳазору 500 нафарро куштаву захмӣ кардаанд.
Исломобод ҳамчунин, Толибонро ба фароҳам кардани паноҳгоҳ барои гурӯҳҳои мусаллаҳ муттаҳам кардааст.
Покистон аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хостааст, ки Толибонро водор созад то аз истифодаи хоки Афғонистон барои ҳамла ба ин кишвар ҷилавгирӣ кунанд.
Исломобод ҳамчунин, гуфтааст, ки ҳамлаҳои фаромарзӣ пас аз ба қудрат расидани Толибон дар соли 2021 афзоиш ёфтаанд ва ин кишвар барои ҳифзи соҳибихтиёрӣ ва амнияти шаҳрвандони худ ҳаққи анҷом додани иқдомоти заруриро барои худ нигоҳ медорад.
Ин изҳорот дар ҳолест, ки Толибон ҳамеша иддаои Покистонро рад карда, гуфтаанд, ки аз хоки Афғонистон зидди ҳеч кишваре истифода намешавад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Ҳарри Кейн барандаи ҷоизаи “Тӯби тиллоӣ” дар соли 2026 шуд
Швейтсария равобити худро бо Кореяи Шимолӣ эҳё мекунад
Трамп: “Эрон мушаке дорад, ки метавонад ба Аврупо бирасад”
Русия ва Беларус аз омодагӣ ба муқобила бо ҳар гуна таҳдид хабар доданд