Раиси парлумони Туркманистон: Осиёи Марказӣ ба маркази муҳимми геополитикӣ ва иқтисодӣ табдил меёбад
Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд
Лавров: “Агар Зеленский хоҳони дидор бо Путин бошад, бояд ба Маскав биёяд”
Хитоби Ироқчӣ ба Мертс: Дигар ҳеч мулоҳиза нахоҳем кард
Гуфтугӯи Амрико бо Покистон: ҳадаф бозпас гирифтани аслиҳаи Амрико аз дасти Толибон
Муҳаммад Исҳоқдор, муовини сарвазири Покистон ва мушовири амнияти миллии Президенти Амрико Майлк Уолтс суҳбати телефонӣ анҷом доданд. Дар суҳбати телефонии мақомоти Покистону Амрико масъалаи бозпас гирифтани таҷҳизоти низомии Амрико аз дасти Толибон баррасӣ шуд. Дар ин хусус, вазорати корҳои хориҷаи Толибон хабар додааст.
Тибқи иттилоъ, гуфтугӯи мақомоти покистонӣ бо мақомоти амрикоӣ рӯзи сешанбе, 4-уми март анҷом шудааст. Дар ин гуфтугӯ ҳар ду тараф оид ба мубориза бар терроризм таъкид кардаанд. Мушовири Доналд Трамп аз кӯшишҳои Покистон дар роҳи мубориза ба терроризм қадрдонӣ намудааст. Покистон, ҳамчунин, таъкид кардааст, ки кишвараш дар бахши мубориза бар терроризм бо Амрико ҳамкориро идома медиҳад.
Муовини сарвазири Покистон Муҳаммад Исҳоқдор аз изҳороти Доналд Трамп, президенти Амрико дар хусуси хориҷ намудани таҷҳизоти амрикоии боқимонда дар Афғонистон истиқбол намудааст.
Доналд Трамп, президенти Амрико қаблан борҳо масъалаи бозпас гирифтани таҷҳизоти низомии Амрико аз Толибонро таъкид намуда буд. Покистон боқӣ мондани таҷҳизоти низомӣ дар дасти гурӯҳи террористии Толибонро таҳдиди ҷиддӣ ба амнияти худ медонад.
Суҳбати телефонии ду мақоми олирутбаи Амрико ва Покистон дар ҳоле анҷом мешавад, ки мақомоти Покистон аз боздошти тарроҳи ҳамлаи террористӣ дар майдони ҳавоии Кобул дар замони хуруҷи низомиёни Амрико хабар дод. Дар ин ҳамла даҳҳо сарбоз ва ҳазорон афроди мулкӣ дар назди майдони ҳавоии Кобул кушта шуданд. Масъулияти ҳамларо дар он замон гурӯҳи террористии ДОИШ ба уҳда гирифта буд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Тоҷикистон бо Лаос дар бораи ҳамкориҳои дуҷониба гуфтугӯ кард
Беш аз 97 фоиз. Вазорати мудофиа ҳолати иҷроиши нақшаи даъвати тирамоҳиро эълон кард
Дидори вазири корҳои хориҷӣ бо Одил Дониш
Иштироки Пешвои миллат дар Иди картошка