Низомиёни Русия дар Хатлон роҳи мошингардро аз сел тоза карданд
Беларусия дар ҳукумати террористии Толибон сафир таъин кард
Раиси парлумони Туркманистон: Осиёи Марказӣ ба маркази муҳимми геополитикӣ ва иқтисодӣ табдил меёбад
Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд
Вазири дифои Покистон мегӯяд ҳимояти Аврупо аз режими саркаши Исроил метавонад ба фоҷеа анҷом ёбад
Хоҷа Муҳаммад Осиф, вазири дифои Покистон бо интиқоди шадид аз ҳимояти Аврупо аз режими саркаши Исроил гуфт, ки ин пуштибонӣ метавонад ба паёмадҳои фоҷеабори минтақавӣ ва фароминтақавӣ боис шавад.
Ба навишати вебсайти “Ал-Олам” Вазири дифои Покистон бо нашри паём дар шабакаи иҷтимоии “Х” гуфт, ки Исроил ба ҳеч яке аз созишномаҳои байналмилалии атомӣ пойбанд нест ва Аврупо бояд дар бораи пуштибонии худ аз ин режими “саркаш” ҷиддан андеша кунад.
“Ҷаҳон дар мавриди тавоноии атомии Исроил, ки на ба муоҳидаи манъи густариши аслиҳаи атомӣ ва на ба ҳеч санади байналмилалии дигар имзо гузоштааст, бояд нигарон бошад. Ҳимояти Аврупо аз чунин режими саркаш метавонад тамоми минтақа ва ҳатто ҷаҳони васеътарро ба гирдоби низоъ бикашонад”- навишт Вазири дифои Покистон.
Ӯ афзуд, ки Покистон бар хилофи Исроил ба тамоми созишномаҳои байналмилалии атомӣ пойбанд аст ва иқтидори атомии он фақат барои таъмини амнияти миллӣ ва ба манфиати мардуми Покистон истифода мешавад. Вазири покистонӣ гуфт, ки кишвараш бар хилои амалкарди сиёсати таҳдидомез ва ҷангталабонаи Исроил, сиёсати ҳамла ба кишварҳои ҳамсояро дунбол намекунад ва ба “сиёсати сулҳомез ва дифоӣ” пойбанд мемонад.
Хоҷа Муҳаммад Осиф дар изҳороте дар парлумони Покистон ҳамлаи ахири Исроил ба Ҷумҳурии Исломии Эронро “амали террористӣ” номид ва афзуд, ки Исломобод дар канори Теҳрон қарор дорад ва ҳамкориҳоро дар сатҳи байналмилалӣ идома хоҳад дод.
Ҳамзамон бо суханронии Вазири дифои Покистон, маҷлиси Сенат ва Маҷлиси миллии Покистон қатъномаи ҷудогонаеро дар маҳкумияти амалҳои Исроил бо изҳори ҳамраъйӣ нисбат ба Эрон қабул намуданд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Қариб як сол дер. Санаи баргузории Ҷоми Осиё-2027 тағйир ёфт
Артиши Эрон ҳушдор дод: агар Амрико ҳамла кунад, посухи Эрон аз Ғарби Осиё фаротар меравад
Сафири Тоҷикистон хостори густариши сармоягузории Покистон дар Тоҷикистон шуд
Низомиёни Русия дар Хатлон роҳи мошингардро аз сел тоза карданд