Путин: “Шикасти Русия дар ҷанг ғайриимкон аст”
Заминларза бо қувваи 7 бал дар Тибет: 16 нафар ба ҳалокат расида ва 65 тани дигар захмӣ шуданд
Вэнс: “Фиристодаи вижаи Иёлоти Муттаҳида гуфтугӯҳо бо Русия ва Украинаро аз сар гирифт”
Русия, Қазоқистон, Қирғизистон ва Беларусия ба Тоҷикистон таҷҳизоти низомӣ ирсол мекунанд
Шаҳбоз Шариф: “Покистон дар рӯзҳои андӯҳ дар канори Эрон истодааст”
Шаҳбоз Шариф, нахуствазири Покистон, мегӯяд, ки ин кишвар ба унвони як “ҳамсояи бародар” дар рӯзҳои ғаму андӯҳ дар канори Эрон истода ва ҳамбастагии худро бо давлат ва мардуми ин кишвар эълом мекунад.
Шаҳбоз Шариф рӯзи шанбе, 4 –уми июл, дар саҳифаи худ дар шабакаи иҷтимоии “X” навиштааст, ки ба намояндагӣ аз давлат ва мардуми Покистон дар маросими видоъ бо Алӣ Хоманаӣ ширкат карда ва таслият ва ҳамдардии Исломободро ба давлат ва миллати Эрон иброз кардааст.
Нахуствазири Покистон гуфтааст, ки ҳайати баландпояи муташаккил аз мақомҳои сиёсӣ ва низомӣ, аз ҷумла Исҳоқ Дор, вазири корҳои хориҷии Покистон, Сайид Осим Мунир, фармондеҳи артиш ва шуморе аз вазирон ва мақомҳои аршад ӯро дар ин сафар ҳамроҳӣ кардаанд.
Нахуствазири Покистон афзудааст, ки ҳузури ин ҳайат нишонаи ҳамбастагии Исломобод бо мардуми Эрон дар рӯзҳои ғам аст.
Покистон дар ҳафтаҳои охир низ бо таъкид бар коҳиши танишҳо дар минтақа талош кардааст, ки бо ҳимоят аз гуфтугӯҳои дипломатӣ дар наздик кардани дидгоҳҳои Теҳрон ва Вашингтон нақши миёнҷиро ифо кунад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Толибон бе Тоҷикистону Чин роҳи Долони Вахонро боз карданд. Чин гуфт, роҳ баста мемонад
Путин: “Шикасти Русия дар ҷанг ғайриимкон аст”
Заминларза бо қувваи 7 бал дар Тибет: 16 нафар ба ҳалокат расида ва 65 тани дигар захмӣ шуданд
Байни Тоҷикистону Узбекистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ дар соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ба имзо расид