Иттиҳоди Аврупо 27 шахс ва ниҳоди марбут ба Русияро таҳрим кард
Раҳбари католикҳои ҷаҳон бар ҷилавгирӣ аз озори ҷинсӣ тавассути аъзои калисо таъкид кард
Дар ҳамлаи мушакии Эрон дар Ҳурмуз 8 низомии Амрико захмӣ шуданд
Иштироки Пешвои миллат дар тантанаҳои идона ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳри Хоруғ
Боронҳои шадид ва обхезиҳо дар Покистон ҷони 307 нафарро гирифт
Дар вилояти Хайбар-Пахтунхоҳи Покистон дар давоми 48 соати охир, ҳадди аққал 307 нафар дар натиҷаи боронҳои шадид ва обхезиҳои ногаҳонӣ ҷони худро аз даст доданд. Дар ин бора расонаҳои покистонӣ хабар додаанд.
Тибқи иттилоъ, беш аз 90 фоизи қурбониён дар натиҷаи обхезии шадид ва қисми дигар бо сабаби фурӯ рехтани боми хонаҳо ба ҳалокат расидаанд.
Созмонҳои наҷот мегӯянд, ки боронҳои шадид ва зарбаи раъду барқ ба 11 ноҳияи Хайбар-Пахтунхош хисороти ҷиддӣ расонидаанд. Бар асоси гузоришҳо, даҳҳо нафар зери вайронаҳо монда, баъзеи дигарро об бурдааст.
Билол Файзӣ, намояндаи хадамоти наҷот ба хабаргузории “Синхуа” гуфтааст, вазъ дар минтақа вахим боқӣ монда ва гурӯҳҳои наҷотбахш барои берун овардани ҷасад ва осебдидагон аз зери вайронаҳо кор мекунанд.
Бар асоси омори расмӣ аз оғози мавсими боришоти шадид то ба ҳол дар саросари Покистон 634 нафар ба ҳалокат расида ва беш аз 760 кас маҷруҳ шудаанд. Аз ҳама беш талафот дар Хайбар Пахтунхоҳ, 760 кас ба қайд гирифта шудааст. Дар Панҷоб 164 нафар, дар музофоти Синд 28 нафар ва дар Гилгит-Балтистон 24 нафар ҷон бохтаанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ирсоли барқияи тасаллият ба наздикони қурбониёни ҳодиса изҳори ҳамдардӣ намуд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Кремл: Украина посухи ҳамлаҳои ахирашро интизор бошад
Иттиҳоди Аврупо 27 шахс ва ниҳоди марбут ба Русияро таҳрим кард
Иштирок ва суханронии вазири рушди иқтисод ва савдо дар муколамаи шарикони рушд
Президенти Сербистон истеъфо дод