13 Октябр 2026,
сешанбе, 10:10, Душанбе
13.10.2026 09:15

Садамаи қатора дар Покистон: 4 нафар кушта ва 30 тани дигар захмӣ шуданд

Дар натиҷаи аз роҳ баромадани қатораи мусофирбар дар вилояти Панҷоби Покистон дастикам 4 нафар кушта ва 30 нафари дигар захмӣ шуданд.

Ба гузориши расонаҳо садама субҳи сешанбе дар наздикии шаҳри Мултон рух додааст.

Бино ба маълумоти расонаҳои Покистон, ҳамаи 15 вагони қатораи мусофирбар аз роҳ баромада, як қисми он ба поён афтодааст.

Гуфта мешавад, ки бархе аз захмиён дар ҳолати вазнин қарор доранд ва эҳтимоли афзоиши шумораи қурбониён вуҷуд дорад.

Гуфта мешавад, ки қатораи мазкур аз шаҳри Карочӣ ба самти Пешовар, маркази вилояти Хайбар-Пахтунхво дар шимолу ғарби Покистон, ҳаракат мекард.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

12.10.2026 19:10

Эътирози хиёбонии “Насли Z” ва хонадони Гандӣ дар муқобили ислоҳоти Модӣ дар Ҳиндустон: интихобот қоғазӣ шавад

Аз рӯзи 10-уми октябр ба ин сӯ дар шаҳри Деҳлии нав ва дигар шаҳрҳои Ҳиндустон ҷавонон ва тарафдорони Ҳизби конгресси Ҳиндустон намоишҳои хиёбонии эътирозӣ доир намуда, ҳукумати Модиро ба он муттаҳам мекунанд, ки мардумро аз ҳаққи овоздиҳӣ маҳрум мекунад.
12.10.2026 18:49

Бақоӣ: “Вогузории замин ба Афғонистон дар Бандари Чобаҳор ҳақиқат надорад”

Исмоил Бақоӣ, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Эрон, дар вокуниш ба хабари вогузории замин ба Афғонистон дар Бандари Чобаҳор гуфтааст, ки ин масъала бар асари “нофаҳмӣ” ба миён омадааст.
12.10.2026 15:35

Иттиҳоди Аврупо таҳримҳо алайҳи Русияро бо иловаи 1900 мавриди нав густариш медиҳад

Кая Каллас, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо, рӯзи душанбе эълом кард, ки ин иттиҳод бо илова кардани 1900 мавриди нав ба феҳристи таҳримҳо алайҳи Русия мувофиқат кардааст.
12.10.2026 15:18

Соро Муҳаммад: Романи “Сармаддеҳ”-и Баҳманёр бо забони арабӣ нашр мешавад. Ман дар бораи ин роман рисолаи докторӣ дифоъ намудам

Соро Муҳаммад Солим, зодаи кишвари Миср аст. Ӯ рисолаи доктории худро дар мавзуи романи “Сармаддеҳ”-и Баҳманёр дар факултети забон ва адабиёти форсии Донишгоҳи Ал-Азҳари Миср дифоъ кардааст. Ҳоло ӯ дар ҳамин донишгоҳ дар бахши забон ва адабиёти форсӣ ба донишҷӯён таълим медиҳад.