3 Ноябр 2026,
сешанбе, 15:51, Душанбе
15.06.2025 09:47

Генерали покистонӣ: “Посухи Эрон ба Исроил ҳайратовар ва боиси ифтихор аст”

Генерал Наим Лодӣ, муовини пешини Вазорати дифои Покистон бо ишора ба посухи шадиди неруҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон ба режими Исроил гуфт, ки ин посух сабаби сардаргумии ин режим  ва ҳомиёни он шуд. Ӯ афзуд, ки амалиёти Эрон ҳайратангез ва ифтихорофарин барои кишварҳои дӯст ва ҷаҳони Ислом аст.

Генерали покистонӣ дар суҳбат бо телевизиони покистонии “BOL News” гуфт: “Коре, ки эрониҳо бо Исроил карданд, барои худи он режим ва ҳомиёнаш, аз ҷумла Амрико ғайриқобили пешгӯӣ буд”.

Ӯ бо нигаронӣ аз шиддат гирифтани танишҳо дар минтақа ва маҳкум кардани равиши таҷовузкоронаи Исроил нисбат ба Эрон гуфт, исроилиҳо чунин фикр мекарданд, ки пас аз ҳамлаҳояшон Эрон ниёз ба вақт пайдо мекунад, то вазъро арзёбӣ кунад, аммо неруҳои мусаллаҳи Эрон бо ҳамлаи ногаҳонӣ ва барқосо Исроилро ҳадаф қарор доданд, ки воқеан ҳайратангез аст.

“Онҳо аз таърихи миллати Эрон чизе намедонанд ва намефаҳманд, ки ҳеч чиз наметавонад Ҷумҳурии Исломии Эронро ба таслим ва ақибнишинӣ водор созад”- гуфт генерали покистонӣ.

Муовини собиқи Вазири дифои Эрон афзуд, шакке нест, ки Исроил дар ин ҷанг танҳо нест ва дар саргаҳи пуштибониҳои Амрико қарор дорад, аммо ғарбиҳо аз таърих ва тамаддуни Эрон бехабар мебошанд. Эрон ва мардуми он дар тӯли таърих аз буҳронҳои бесобиқа гузаштаанд, аммо ҳаргиз таслим нашудаанд.

Генерали покистонӣ ҳамчунин, аз тавтеаи эҳтимолии Исроил барои густариши ҷанг бо истифода аз амалиёти парчами сохта дар минтақа ҳушдор дода, таъкид кард “дар мақоиса бо Исроил Эрон посухи худ ба таҷовузҳои Исроилро бо ҳисоби дақиқ ва санҷидашуда анҷом медиҳад”.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

03.11.2026 13:57

Артиши Эрон ҳушдор дод: агар Амрико ҳамла кунад, посухи Эрон аз Ғарби Осиё фаротар меравад

Муҳаммад Акраминиё, сухангӯи артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт, дар сурати ҳамлаи дубораи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Эрон бо вокуниши фаврӣ, шадидтар ва густурдатар аз гузашта посух хоҳад дод.
03.11.2026 13:49

Сафири Тоҷикистон хостори густариши сармоягузории Покистон дар Тоҷикистон шуд

Шарифзода Юсуф Тоир, Сафири Тоҷикистон дар Покистон дар суҳбат бо расонаҳои покистонӣ хостори тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ, густариши тиҷорати дуҷониба ва афзоиши сармоягузорӣ дар миёни Тоҷикистон ва Покистон шудааст.
03.11.2026 13:12

Тоҷикистон бо Лаос дар бораи ҳамкориҳои дуҷониба гуфтугӯ кард

Рӯзи 2-юми ноябр намояндагони Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии халқӣ-демократии Лаос дар шаҳри Вентян масъалаҳои таҳкими муколамаи байниҳукуматӣ, рушди робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва ҳамкориҳои фарҳангиро баррасӣ намуданд.
02.11.2026 14:36

Рӯзноманигорон ва блогерони Беларус барои дидани имкониятҳои сайёҳӣ ба Тоҷикистон омадаанд

Як гурӯҳ рӯзноманигорон ва блогерони Беларус барои шиносоӣ бо имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ва муаррифии он ба Тоҷикистон сафар кардаанд. Ҳадафи ин сафар муаррифии имкониятҳои сайёҳӣ, мероси таърихию фарҳангӣ ва анъанаҳои миллии кишвар дар расонаҳои Беларус аст.