3 Ноябр 2026,
сешанбе, 15:02, Душанбе
05.06.2025 09:15

Духтари тиктокери покистонӣ бо ду тир кушта шуд

Дар Покистон як духтари тиктокер, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо шеваи либоспӯшии аврупоияш машҳур шуда буд, аз ҷониби як мард ба қатл расид.

Қатли духтари ҷавон мавҷи интиқодҳоро дар ҷомеа барангехт ва мардум аз ҳукумат талаб намуданд, ки барои поён додан ба хушунати хунин бар зидди занон, қотилони Сано Юсуф, духтари кушташударо боздошт ва муҳокима кунад.

Дар натиҷаи амалиёти полиси Покистон қотили духтари тиктокер Сано Юсуф боздошт шуд.

Бар асоси иттилои пешакии мақомоти полис барои ин ки Сано Юсуф пешниҳоди мулоқот бо қотилашро рад мекунад ва ӯ баъди ради дархости мулоқот ӯро ба қатл мерасонад.

Муҳсин Нақавӣ, вазири корҳои дохилии ҳукумати федеролии Покистон гуфт, ки гумонбари қатли Сано Юусуф инфлюенсери навраси покистонӣ боздошт шудааст.

Қотил ҷавони 22 сола буда, дар минтақаи Файсалобод дар Исломобод боздошт шудааст.

Алӣ Носир Разавӣ, Прокурори шаҳри Исломобод дар як нишасти хабарӣ гуфт, ки парванда бо шикояти модари Сано Юусуф боз шуда, дар ҳоли тафтишот қарор дорад.

  “Мақомоти амниятӣ дар вақти боздошти гумонбар як таппонча ва телефони ҳамроҳи Сано Юсуфро аз ӯ пайдо ва мусодира карданд. Гумонбар телефонро бардошта буд, то сабти зангҳо ва паёмҳои худро ҳифз кунад”- иттилоъ додааст Прокуратураи генералии Покистон.

Алӣ Носир Разавӣ гуфтааст, таҳқиқоти ибтидоӣ нишон дод, ки ин ҷавон ба сабаби он ки Сано Юсуф дархостҳои ӯро кард кардааст, нақшаи куштани ӯро мекашад.

Сано Юсуф рӯзи душанбе дар хонаи худ дар шаҳри Исломобод чанд лаҳза баъд аз ҷашни зодрӯзаш бо ду тир ба қатл расид. Санҷиши камераҳои амниятӣ нишон дод, ки гумонбар бидуни ҳамоҳангӣ вориди хона шуда, Сано Юсуфро ба қатл мерасонад.

Сано Юсуф 17 сол дошт ва дар бахши тиббӣ таҳсил мекард. Вай дар шабакаҳои иҷтимоӣ садҳо дунболкунанда дошт, зеро муҳтавои омӯзишӣ, шеваи зиндагӣ лаҳзаҳои фароғатиро тавлид мекард.

Ин қатл дар ҳолест, ки ҳафтаи гузашта як фаъоли шабакаҳои иҷтимоӣ бо номи Иқро Аъзам дар минтақаи Панҷоби Покистон аз сӯйи наздиконаш кушта шуд.

Дар Покистон қатли духтарони фаъоли шабакаҳои иҷтимоӣ рӯз ба рӯз афзоиш меёбад. Ҷомеаи суннатии Покистон ба фаъолияти занон ҳассосият нишон медиҳад ва дар аксари маврид занон қурбони хушунати хунини хонаводагӣ мегарданд. Бар асари гузоришҳо аксари ҷавондухтарони кушташуда дар Покистон бо усули “қатлҳои номусӣ” кушта шудаанд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

03.11.2026 13:57

Артиши Эрон ҳушдор дод: агар Амрико ҳамла кунад, посухи Эрон аз Ғарби Осиё фаротар меравад

Муҳаммад Акраминиё, сухангӯи артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт, дар сурати ҳамлаи дубораи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Эрон бо вокуниши фаврӣ, шадидтар ва густурдатар аз гузашта посух хоҳад дод.
03.11.2026 13:49

Сафири Тоҷикистон хостори густариши сармоягузории Покистон дар Тоҷикистон шуд

Шарифзода Юсуф Тоир, Сафири Тоҷикистон дар Покистон дар суҳбат бо расонаҳои покистонӣ хостори тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ, густариши тиҷорати дуҷониба ва афзоиши сармоягузорӣ дар миёни Тоҷикистон ва Покистон шудааст.
03.11.2026 13:12

Тоҷикистон бо Лаос дар бораи ҳамкориҳои дуҷониба гуфтугӯ кард

Рӯзи 2-юми ноябр намояндагони Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии халқӣ-демократии Лаос дар шаҳри Вентян масъалаҳои таҳкими муколамаи байниҳукуматӣ, рушди робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва ҳамкориҳои фарҳангиро баррасӣ намуданд.
02.11.2026 14:36

Рӯзноманигорон ва блогерони Беларус барои дидани имкониятҳои сайёҳӣ ба Тоҷикистон омадаанд

Як гурӯҳ рӯзноманигорон ва блогерони Беларус барои шиносоӣ бо имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ва муаррифии он ба Тоҷикистон сафар кардаанд. Ҳадафи ин сафар муаррифии имкониятҳои сайёҳӣ, мероси таърихию фарҳангӣ ва анъанаҳои миллии кишвар дар расонаҳои Беларус аст.