3 Ноябр 2026,
сешанбе, 15:50, Душанбе
28.06.2025 11:23

Сарвазири Покистон гуфт муборизаи ҷасуронаи Эрон бар зидди Исроил шоистаи таҳсин аст

Шаҳбоз Шариф, сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон дар изҳороти расмии худ гуфт, ки мавқеи ҷасурона ва устувори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар баробари таҷовузҳои режими саҳюнистии Исроил сазовори таҳсин аст.

“Мо аз иқдомҳои далеронаи Эрон дар посух ба ҳамлаҳои Исроил қотеъона ҷонибдорӣ мекунем. Шубҳае нест, ки Исроил нисбати Эрон таҷовуз анҷом додааст. Эрон дар ин ҳолат аз ҳаққи қонунии худ барои ҳимояи истиқлол ва якпорчагии сарзаминаш истифода бурд” – таъкид кард сарвазири Покистон.

Шаҳбоз Шариф афзуд, ки дар ҳошияи нишасти ахири вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмони ҳамкории исломӣ, ки дар шаҳри Истанбул доир шуд, фармондеҳи артиши Покистон генерал Сайид Осим Мунир бо доктор Сайид Аббос Ироқчӣ, вазири корҳои хориҷии Эрон мулоқоти муҳим анҷом доданд.

Ба гуфтаи ӯ, дар ҷараёни мулоқоти беш аз яксоата фармондеҳи артиши Покистон дипломати баландпояи Эронро дар бораи талошҳои дипломатии Исломобод ба хотири ҳимоят аз мавқеи Эрон ва қатъ кардани ҷанг дар минтақа дар ҷараён гузошт.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

03.11.2026 13:57

Артиши Эрон ҳушдор дод: агар Амрико ҳамла кунад, посухи Эрон аз Ғарби Осиё фаротар меравад

Муҳаммад Акраминиё, сухангӯи артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт, дар сурати ҳамлаи дубораи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Эрон бо вокуниши фаврӣ, шадидтар ва густурдатар аз гузашта посух хоҳад дод.
03.11.2026 13:49

Сафири Тоҷикистон хостори густариши сармоягузории Покистон дар Тоҷикистон шуд

Шарифзода Юсуф Тоир, Сафири Тоҷикистон дар Покистон дар суҳбат бо расонаҳои покистонӣ хостори тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ, густариши тиҷорати дуҷониба ва афзоиши сармоягузорӣ дар миёни Тоҷикистон ва Покистон шудааст.
03.11.2026 13:12

Тоҷикистон бо Лаос дар бораи ҳамкориҳои дуҷониба гуфтугӯ кард

Рӯзи 2-юми ноябр намояндагони Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии халқӣ-демократии Лаос дар шаҳри Вентян масъалаҳои таҳкими муколамаи байниҳукуматӣ, рушди робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва ҳамкориҳои фарҳангиро баррасӣ намуданд.
02.11.2026 14:36

Рӯзноманигорон ва блогерони Беларус барои дидани имкониятҳои сайёҳӣ ба Тоҷикистон омадаанд

Як гурӯҳ рӯзноманигорон ва блогерони Беларус барои шиносоӣ бо имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ва муаррифии он ба Тоҷикистон сафар кардаанд. Ҳадафи ин сафар муаррифии имкониятҳои сайёҳӣ, мероси таърихию фарҳангӣ ва анъанаҳои миллии кишвар дар расонаҳои Беларус аст.