Русия барои Тоҷикистон 100 ҳазор тонна сӯзишвории дизелии иловагӣ ҷудо мекунад
Эмомалӣ Раҳмон: Тоҷикистон ислоҳоти иқтисодӣ ва иҷтимоии Қазоқистонро муҳим арзёбӣ мекунад
Сарвари давлат бо Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ мулоқот намуданд
Ба Президенти мамлакат ордени Хоҷа Аҳмади Ясавӣ тақдим гардид
Тоҷикистон ва Покистон дар Черат машқҳои муштараки низомӣ баргузор намуданд
Машқҳои муштараки низомии Тоҷикистону Покистон дар тамрингоҳи минтақаи Черати Покистон бо номи “Дӯстӣ-III” баргузор шуд. Дар ин тамринҳои зиддитеррористӣ низомиёни ду кишвар табодули таҷриба намуда, такмил додани омодагии ҷангиро тамрин карданд.
Ин севумин машқҳои муштараки зидди террористии неруҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ва Покистон аст, ки баргузор мешавад.
Дар ин бора сомонаи “Покистон тудей” (Pakistan Today) хабар дода, навишт, ки дар ҷараёни машқҳо низомиёни ду кишвар усулҳои амалиётӣ, тартиби иҷрои вазифаҳои ҷангӣ ва табодули таҷриба дар мубориза бо терроризмро тамрин намуданд. Мақсади тамрини низомӣ боло бурдани маҳорати ҷангии низомиён ва беҳтар кардани ҳамоҳангӣ дар амалиётҳои муштарак мебошад.
Ин машқҳо дар заминаи ҳамкории ду кишвар сурат гирифтааст. Бар асоси иттилои сомонаи зикршуда, машқҳои “Дӯстӣ-III” аз талоши Тоҷикистон ва Покистон барои густариши робитаҳои дифоӣ ва идомаи ҳамкориҳо дар мубориза бо терроризм шаҳодат медиҳанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Тоҷикистон ва Покистон дар Черат машқҳои муштараки низомӣ баргузор намуданд
Ба Тоҷикистон беш аз 1, 5 миллион сайёҳи хориҷӣ омадаанд
Русия барои Тоҷикистон 100 ҳазор тонна сӯзишвории дизелии иловагӣ ҷудо мекунад
Тоҷикистон низоми идоракунии рақамӣ ва истифодаи ҳуши маснуӣ дар соҳаи энергетикаи Қазоқистонро меомӯзад