Раиси парлумони Туркманистон: Осиёи Марказӣ ба маркази муҳимми геополитикӣ ва иқтисодӣ табдил меёбад
Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд
Лавров: “Агар Зеленский хоҳони дидор бо Путин бошад, бояд ба Маскав биёяд”
Хитоби Ироқчӣ ба Мертс: Дигар ҳеч мулоҳиза нахоҳем кард
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон 15 кушта барҷой гузошт
Расонаҳои покистонӣ гуфтаанд, ки ҳамлаи террористӣ бар як посгоҳи муштараки полис дар иёлати Хайбар-Пахтунхоҳ дастикам 15 кушта, аз қабили 14 неруи амниятӣ, барҷой гузошт.
Расонаи “Дон”, шаби ҷумъа, 24-уми июл, гузориш дода, ки ин амали террористӣ рӯзи ҷумъа бо ҳамла бар як посгоҳи муштараки полис ва баъдан инфиҷори мошини бомбгузоришуда рух додааст.
Бар асоси гузориш, дафтари равобити умумии артиши Покистон гуфтааст, ки дар миёни кушташудагони ин ҳамла 12 сарбоз, ду полис ва як мақоми давлатӣ вуҷуд дорад.
Ин дафтар афзуда, ки ҳамла субҳи рӯзи ҷумъа ҳангоме рух додааст, ки 12 ҷинояткор талош кардаанд, то посгоҳро ба контроли худ дароранд, аммо бо муқовимати неруҳои амниятӣ рӯбарӯ шудаанд.
Артиши Покистон гуфтааст, ки ҷинояткорон сипас, як мошини бомбгузоришударо ба девори посгоҳ рондаанд, ки ба далели шиддати инфиҷор, зерсохтҳои посгоҳ ба таври ҷиддӣ осеб дидааст.
Бо ин ҳол, артиши Покистон “Таҳрики Толибони Покистон” -ро масъули ин ҳамла донистааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Иштироки Пешвои миллат дар Иди картошка
Конор Макгрегор: “Охирин муҳорибаамро ба таври шоиста мегузаронам”
Беларусия дар ҳукумати террористии Толибон сафир таъин кард
Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар оянда дар Тоҷикистон 900 миллион сармоягузорӣ мекунад