Лавров: “Агар Зеленский хоҳони дидор бо Путин бошад, бояд ба Маскав биёяд”
Хитоби Ироқчӣ ба Мертс: Дигар ҳеч мулоҳиза нахоҳем кард
Озарбойҷон ва чор кишвари Осиёи Марказӣ байни худ низоми пардохти QR ҷорӣ мекунанд
Путин: “Ҷанги Русия ва Аврупо ғолиб нахоҳад дошт”
Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд
Си Ҷинпин, роҳбари Чуҳурии Халқии Чин дар дидор бо раиси ҷумҳури Швейтсария аз зарурати таҳкими ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ миёни Чин ва Аврупо таъкид кард. Си Ҷинпин дар дидор бо Ги Пармелен, раиси ҷумҳури Швейтсария, хостори густариш ва таҳкими ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд.
Ба гузориши расонаҳои Чин, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии ин кишвар Мао Нин гуфтааст, ки Си Ҷинпин дар ин дидор бар зарурати ҳамкории наздиктар барои эҷоди эътимод дар равобити иқтисодӣ ва тиҷоратии Чин бо Аврупо ва ҳамчунин, дар иқтисоди ҷаҳонӣ таъкид кардааст.
Роҳбари Чин ҳамкориҳо дар заминаи тиҷорати озодро яке аз дастовардҳои муҳимми равобити дуҷонибаи Пекин ва Берн дониста, гуфтааст, ки ин ҳамкориҳо аз пойбандии ҳар ду кишвар ба пешбурди иқтисоди ҷаҳонии боз шаҳодат медиҳанд.
Си Ҷинпин таъкид кардааст, ки Чин омода аст бо Швейтсария барои ҳифзи фазои боз, амиқтар кардани ҳамкориҳо ва пешбурди ҷаҳонишавии фарогири иқтисодӣ ҳамкорӣ кунад.
Вай ҳамчунин, изҳори умедворӣ кардааст, ки Чин ва Иттиҳоди Аврупо барои бунёди “ҷаҳони бисёрқутбии баробар ва муназзам ва ҷаҳонишавии иқтисодии фарогиру судманд барои ҳама” бо ҳам ҳамкорӣ хоҳанд кард.
Дар поёни дидор, роҳбарони ду кишвар протоколи марбут ба такмили созишномаи тиҷорати озод ва чанд санади дигари ҳамкориро дар соҳаҳои таҳқиқоти илмӣ, шуғл ва расонаҳо имзо кардаанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд
Лавров: “Агар Зеленский хоҳони дидор бо Путин бошад, бояд ба Маскав биёяд”
Хитоби Ироқчӣ ба Мертс: Дигар ҳеч мулоҳиза нахоҳем кард
Сироҷиддин Муҳриддин нусхаи эътимодномаи сафири Амороти Муттаҳидаи Арабиро қабул намуд