31 Октябр 2026,
шанбе, 11:27, Душанбе
31.10.2026 10:51

Хитоби Ироқчӣ ба Мертс: Дигар ҳеч мулоҳиза нахоҳем кард

Сайид Аббос Ироқчӣ, вазири корҳои хориҷии Эрон дар посух ба изҳороти садри аъзами Олмон гуфт, ки 100 миллиард евро дар муқоиса бо зарбаи эҳтимолии неруҳои мусаллаҳи Эрон “ба ҳар таҷовузкор ҳеч аст”.

Вазири корҳои хориҷии Эрон дар вокуниш ба изҳороти ахири Фридрих Мертс, садри аъзами Олмон, ҳушдор дод, ки дар сурати ҳамла ба Эрон дигар ҳеч хати сурхе вуҷуд нахоҳад дошт (ҳеч мулоҳизае сурат нахоҳад гирифт).

Ироқчӣ рӯзи шанбе, 31-юми октябр, дар шабакаи иҷтимоии “Х” навишт, ки Мертс ҳангоми оғози ҳамлаҳои ҳавоии ИМА ва Исроил ба Эрон аз ин ҳамлаҳо истиқбол карда буд.

Ба гуфтаи вазири корҳои хориҷии Эрон, садри аъзами Олмон он замон изҳор дошта буд: “Онҳо кори ифлоси Аврупоро анҷом медиҳанд”.

Ироқчӣ бо ишора ба изҳороти ахири Мертс дар бораи зарари иқтисодии даргириҳо ба Аврупо навишт: “100 миллиард евро дар муқоиса бо зарбаи сангин ва харобиоваре, ки неруҳои мусаллаҳи пурқудрати Эрон ба ҳар касе, ки ҷуръати таҷовуз ба миллати моро дошта бошад, ҳеч аст. Дигар ҳеч хати сурхе вуҷуд нахоҳад дошт”.

Қаблан, Фридрих Мертс рӯзи ҷумъа, 30-юми октябр, дар поёни сафараш ба Кореяи Ҷанубӣ, дар робита ба эҳтимоли ҳамлаҳои дубораи ИМА ба Эрон аз тарафҳои даргир хоста буд, ки барои поён додан ба муноқиша роҳи дипломатиро пеш гиранд.

Ӯ таъкид карда буд, ки ин муноқиша аз роҳи низомӣ ҳал намешавад ва Олмон талошҳои дипломатии худро барои ҳарчи зудтар поён ёфтани он тақвият медиҳад.

Мертс ҳамчунин, бо ишора ба паёмадҳои иқтисодии даргириҳо гуфта буд, ки афзоиши нархи неруи барқ то кунун ба Аврупо беш аз 100 миллиард евро зарар расонидааст ва Олмон манфиати муҳимми иқтисодӣ дар поён ёфтани ҳарчи зудтари ин муноқиша дорад.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

31.10.2026 11:11

Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд

Си Ҷинпин, роҳбари Чуҳурии Халқии Чин дар дидор бо раиси ҷумҳури Швейтсария аз зарурати таҳкими ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ миёни Чин ва Аврупо таъкид кард. Си Ҷинпин дар дидор бо Ги Пармелен, раиси ҷумҳури Швейтсария, хостори густариш ва таҳкими ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд.
31.10.2026 10:04

Сироҷиддин Муҳриддин нусхаи эътимодномаи сафири Амороти Муттаҳидаи Арабиро қабул намуд

30-юми октябр вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин нусхаи эътимодномаи нахустин сафири муқими Фавқулода ва Мухтори Амороти Муттаҳидаи Арабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Носир Ҳувайдон Зейбон Алӣ Ал-Катбиро қабул кард.
31.10.2026 09:44

Озарбойҷон ва чор кишвари Осиёи Марказӣ байни худ низоми пардохти QR ҷорӣ мекунанд

Бонкҳои марказии Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Озарбойҷон барои таҳия намудани механизми ҳамгироии низомҳои миллии пардохтҳои QR то охири соли 2026 ба созиш расиданд.
31.10.2026 09:14

Путин: “Ҷанги Русия ва Аврупо ғолиб нахоҳад дошт”

Владимир Путин, президенти Федератсияи Русия ҳушдор дод, ки дар сурати оғози ҷанг миёни Русия ва кишварҳои Аврупо ҳеч ҷонибе ғолиб нахоҳад шуд. Ӯ гуфт, Маскав қасди ҳамла ба Аврупоро надорад, вале барои ҳама гуна таҳаввулот омода аст.
31.10.2026 07:58

Тоҷикистон ва Созмони байналмилалии муҳоҷират масъалаҳои ҳамкориро баррасӣ карданд

Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони байналмилалии муҳоҷират масъалаи тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи муҳоҷиратро баррасӣ намуданд. Ҷонибҳо ҳамчунин, дар хусуси вазъи кунунии муносибатҳо ва имкониятҳои рушди минбаъдаи ҳамкорӣ табодули назар намуданд.
30.10.2026 17:44

Беш аз 100 миллиард евро зарар ба Аврупо: Олмон аз талош барои поён додани муноқишаи Эрон ва Амрико хабар дод

Фридрих Мертс, садри аъзами Олмон мегӯяд, ки муноқишаи Эрон ва ИМА роҳи ҳалли низомӣ надорад. Ба гуфтаи ӯ, идомаи даргириҳо то кунун ба Аврупо беш аз 100 миллиард евро зарар расонидааст.
30.10.2026 13:10

Пешвои миллат Маркази аутизми шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд

Имрӯз, 30-юми октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт бинои нави муассисаи давлатии Маркази аутизм дар шаҳри Душанберо мавриди истифода қарор доданд.