“Атлантик” мегӯяд ҷанги Эрон Трампро “хашмгин” ва “фалаҷ” кардааст
Кореяи Шимолӣ аз озмоиши мушаки баллистикии тактикӣ хабар дод
Мақоми амрикоӣ: ҷанг бо Эрон баъд аз интихобот ба поён мерасад
Тағйири мавқеи Трамп дар қиболи Украина: Аврупо аз таҳияи стратегияи мустақили сулҳ мегӯяд
Имтиёз ба Русия ва фишор ба Киев. Трамп ба Зеленский: “Вақти рафтан фаро расид”
Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар як қарор маҳдудиятҳои фурӯши сӯзишвории дизелии Русияро бекор кард ва ҳамлаи Украина ба полоишгоҳҳои нафти Русияро маҳдуд намуд.
Доналд Трамп тасмим гирифт, ки маҳдудиятҳои фурӯши сӯзишвории дизелии Русияро аз миён бардорад ва аз ҳукумати Украина талаб кард, ки ҳамла ба зерсохтҳои энергетикӣ, бахусус полоишгоҳҳои нафти Русияро қатъ намояд. Ин иқдоми Трамп нигаронии кишварҳои Ғарбӣ дар бораи ояндаи музокироти сулҳ ва идомаи ҳимояти Амрико аз Украинаро афзоиш дод.
Талошҳои Доналд Трамп дар хусуси расидан ба созиш бо Русия ва коҳиш додани нархи сӯзишворӣ ба як мушкилоти нави дипломатӣ табдил ёфтааст. Қарори охири Кохи сафед дар хусуси сабук намудани маҳдудиятҳо ба сӯзишвории Русия на фақат мақомоти Украинаро ба ҳайрат овард, балки миёни Вашингтону шарикони ғарбии он низ нигаронӣ ба вуҷуд овард.
Ин ихтилоф рӯзи ҷумъа, дар ҷараёни мулоқоти намояндагони Украина ва кишварҳои ғарбӣ бо фиристодагони Доналд Трамп Стив Уиткофф ва Ҷаред Кушнер дар Флорида ошкор гардид. Ҳайатҳо барои баррасии пешниҳодҳои нав дар ҷиҳати поён додан ба ҷанги Украина ҷамъ омада буданд. Ин дидор мебоист қабл аз сафари навбатии намояндагони Амрико ба Русия баргузор шавад.
Аммо ҷараёни ин мулоқот баъд аз эълони қарори Вашингтон тағйир ёфт. Намояндагони Амрико хабар доданд, ки маҳдудиятҳо ба сӯзишвории дизелии Русия муваққатан боздошта мешаванд. Ҳамзамон, онҳо аз Киев талаб карданд, ки ҳамлаҳо ба корхонаҳои коркарди нафти Русияро қатъ намояд.
Яке аз намояндагони Украина аз ҳайати амрикоӣ пурсид, ки дар ивази ин иқдом Киев чӣ имтиёзе ба даст хоҳад овард. Тибқи сарчашмаҳои огоҳ, дар ҷараёни мулоқот, ҷониби Амрико посух додааст, ки Вашингтон аз ҳоло ба Украина кумаки зиёд мерасонад ва набояд барои боз доштани ҳамлаҳо ба корхонаҳои нафт ба Киев гузашти иловагӣ кунад.
Намояндагони Амрико ҳамчунин, ба кумаки иттилоотии Вашингтон ишора намуда, таъкид намуданд, ки барои амалиёти низомии Украина аҳамияти муҳим дорад.
Бархе ширкаткунандагони мулоқот ин суханонро ишора ба эҳтимоли маҳдуд кардани пуштибонии Амрико аз Киев арзёбӣ кардаанд. Як мақоми амрикоӣ чунин тафсирро рад карда, гуфтааст, ки ҳадафи таҳдид ба қатъи кумакҳо набудааст. Бо вуҷуди ин, ӯ эътироф намудааст, ки норозигии Трамп аз Украина ба ҳадде расида, ки пешгӯии иқдомҳои минбаъдаи ӯ душвор гардидааст.
Ҷанҷол ба сари нафт ва ояндаи кумакҳои Амрико ба Укриана
Ихтилофи Доналд Трамп ва Владимир Зеленский дар ҳоле ба авҷ мерасад, ки ҳанӯз ихтилофи гузаштаи ин ду раҳбар ҳалношуда боқӣ мемонад. Ҳоло масъалаи сӯзишвории Русия ба омили нави ихтилоф табдил шудааст ва ояндаи кумаки Вашингтон ба Киевро низ зери суол мебарад.
Барои Украина ҳамла ба корхонаҳои коркарди нафти Русия яке аз воситаҳои муҳимми фишор ба шаҳри Маскав аст. Киев ин иқдомҳоро посух ба ҳамлаҳои пайвастаи Русия ба неругоҳҳо, шабакаҳои барқ ва дигар зерсохторҳои энергетикии Украина медонад.
Владимир Зеленский гуфт, кишвараш омада аст, ҳамла ба зерсохторҳои энергетикиро қатъ намояд, ба шарте ки Русия низ ҳамин корро анҷом диҳад. Вале Маскав то ба ҳол ба чунин пешниҳод розигии худро эълон накардааст.
Мавқеи Доналд Трамп фарқ мекунад. Президенти Амрико аз Украина талаб намуд, ки ҳамла ба корхонаҳои нафтии Русияро боз дорад ва бар ин назар аст, ки Киев набояд даст ба иқдомҳое занад, ки талошҳои дипломатии Вашингтонро мушкилтар кунад. Доналд Трамп Зеленскийро мушкили ҷиддӣ дар роҳи расидан ба сулҳ медонад ва хоҳони баргузор намудани интихоботи президентӣ дар Украина аст. Русия дар пайи ин мавқеи Трамп гуфтааст, ки дар замони баргузории интихобот оташбас хоҳад кард ва иҷоза хоҳад дод, ки интихобот дар Украина баргузор шавад.
Ин баҳс ба масъалаи васеътар низ ишора мекунад. Оё Амрико омода аст барои расидан ба созиш бо Маскав аз бархе маҳдудиятҳои иқтисодӣ даст кашад, ҳатто агар чунин иқдом бо мавқеи Украина ва кишварҳои ғарбӣ мувофиқат накунад?
Нархи дизел ба омили фишори сиёсӣ табдил ёфтааст
Дар пасманзари ин ихтилофҳо, афзоиши нархи сӯзишворӣ низ барои Трамп аҳамияти сиёсӣ пайдо намудааст. Нархи дизел барои кишоварзон, ширкатҳои нақлиётӣ ва дигар бахшҳои иқтисодии Амрико муҳим мебошад. Афзоиши он дар остонаи мавсими ҷамъоварии ҳосили кишоварзӣ хароҷоти истеҳсокунандагонро бештар мекунад.
Ин масъала дар ҳоле ба миён омад, ки то интихоботи миёндавраии Амрико вақти хеле кам боқӣ мондааст. Бо ин далел, коҳиш додани нархи энергия барои маъмурияти Доналд Трамп на фақат ҳадафи иқтисодӣ, балки вазифаи муҳимми сиёсӣ ба шумор меравад.
Доналд Трамп рӯзи шанбе дар вақти суҳбат бо хабарнигорон аз Владимир Зеленский интиқод намуда, аз ӯ хост, ҳамлаҳо ба корхонаҳои нафтии Русияро қатъ кунад Ӯ иддао кард, ин ҳамлаҳо метавонанд барои кишоварзон ва чорводорони амрикоӣ мушкил эҷод кунанд.
Масъала фақат ба ҳамлаҳои Украина маҳдуд намешавад. Оморҳо нишон доданд, ки ҷанги Амрико бо Эрон низ дар боло рафтани нархи энергия нақши муҳим дорад. Ҳамлаҳои Украина ба зерсохторҳои нафтии Русия низ ба ин раванд таъсир мегузорад.
Ҳамин тавр, талошҳои Доналд Трамп барои ба эътидол овардани бозори сӯзишворӣ бо муноқишаи геополитикӣ пайванд хӯрдаанд, ки ҳалли он аз ихтиёри ин кишвар хориҷ аст.
Оташбасе, ки ҳанӯз тасдиқ нашудааст
Доналд Трамп рӯзи якшанбе дар шабакаҳои иҷтимоӣ эълон намуд, ки Русия ва Украина дар хусуси оташбас дар бахши энергетика ба созиш расидаанд ва ин созиш бояд фавран иҷро карда шавад.
Вале на Киев ва на Маскав чунин созишро расман тасдиқ накардаанд.
Бар асоси гузориши як манбаи Доналд Трамп пешниҳоди мавриди назар ба қатъи ҳамлаҳо ба корхонаҳои коркарди нафт дар ҳар ду кишвар рабт дошт. Бо вуҷуди ин, вазъияти зерсохторҳои энергетикии ду ҷониб яксон нест. Иқтидори коркарди нафти Украина аз оғози ҷанг ба таври ҷиддӣ осеб дидааст.
Доналд Трамп рӯзи душанбе дар Кохи сафед бори дигар гуфт, ки ҷонибҳо ба созиш расидаанд. Ӯ гуфт, ба назари ӯ Путин нисбат ба Зеленский бештар ба ҳалли муноқиша манфиатдор мебошад.
Ин изҳорот дар ҳоле садо дод, ки мақомоти Украина ва роҳбарони аврупоӣ ба иҷрои эҳтимолии оташбас аз ҷониби Русия шубҳа доштаанд. Андрей Сибига, вазири корҳои хориҷии Украина иттилоъ дод, ки неруҳои Русия шаби якшанбе ҳамагӣ чанд соат пас аз эълони Доналд Трамп ба зерсохторҳои энергетикии Украина ҳамла кардаанд.
Агар ин гузоришҳо тасдиқ шаванд, чунин рӯйдодҳо метавонанд эътимод ба имконияти иҷораи оташбасро боз ҳам коҳиш диҳанд. Зеро ҳар гуна созиш дар бахши энергетика фақат дар сурате натиҷа медиҳанд, ки ҳар ду ҷониб ба уҳдадориҳои худ пойбанд бошанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Имсол дар хиёбони Саъдӣ Шерозӣ сохтмони эстакада ва як пули автомобилгард оғоз мегардад
Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи ҳуқуқҳои маъюбонро Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ намуд
Имтиёз ба Русия ва фишор ба Киев. Трамп ба Зеленский: “Вақти рафтан фаро расид”
Аврупо аз наздикшавии эҳтимолии Вашингтон ва Маскав нигарон аст