Таҳлилгари исроилӣ: нишонаҳои шикасти стратегии Амрико дар ҷанги Эрон ошкор шудаанд
76 соли зиндагии Малика Қаландарова: рақс, шуҳрат, муҳоҷират ва муҳаббат ба Тоҷикистон
Аз Помир то Баҳри Миёназамин: таҳқиқот масири паҳншавии лоларо нишон дод
Тоҷикистон дар миёни роҳҳои Авруосиё. Чӣ гуна Афғонистон метавонад харитаи транзитии Осиёро тағйир диҳад?
Поёни ҷанги Украина ва Русия наздик аст?
Тарҳи сулҳи ҷадиди Доналд Трамп, ки чанде қабл фош шуду Владимир Путин гуфт, ки метавонад мабнои асосӣ барои ҳаллу фасли муноқишаи Украинаву Русия қарор гирад, умедро барои поёни ҷанги Украинаву Русия дар дилҳо зинда кард.
Тибқи изҳороти муштараки Вашингтон-Киев Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Украина корро ба рӯи лоиҳаи ислоҳшудаи сулҳ барои анҷом додани ҷанг бо Русия идома медиҳанд.
Расонаҳои русӣ менависанд, Амрико ва Украина ҳадаф доштанд, ки ин ҳафта баъд аз созиш барои бознигарии пешниҳодҳои қаблӣ, ки хеле “ба манфиати Маскав” арзёбӣ мешуд, кори муштаракро барои поён додан ба ҷанг идома диҳанд. Ду тараф дар изҳороти муштарак зикр карданд, ки баъд аз музокироти рӯзи якшанбе дар Женева пешнависи як “чорчӯби навшудаи сулҳ”-ро таҳия намоянд, ҳарчанд ҷузъиёти он ҳанӯз пурра маълум нашудааст.
Дар изҳорот гуфта мешавад, ки музокирот созанда, тамаркузёфта ва бо эҳтиром баргузор гардид ва ба уҳдадориҳои муштарак барои расидан ба сулҳи одилона ва пойдор таъкид шуд.
“Ҳар ду ҷониб розӣ шуданд, ки музокирот хеле судманд бошад. Ин гуфтугӯҳо пешрафти назаррасро дар ҳамоҳангии мавқеъ ва мушаххас намудани қадамҳои оянда нишон дод. Онҳо бори дигар таъкид карданд, ки дар созишномаи оянда бояд комилан аз ҳокимияти Украина ҳимоят кунанд ва сулҳи пойдор ва одилонаро таъмин намоянд. Дар натиҷаи ин музокирот ҷонибҳо чорчӯби навшуда ва ислоҳгардидаи сулҳро таҳия карданд” – зикр мешавад дар изҳорот.
Бар асоси гуфтаи Амрико ҳайати Украина бори дигар аз уҳдадориии устувори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва шахсан Президент “барои талошҳои бевақфаашон дар роҳи анҷоми ҷанг” изҳори қадрдонӣ карданд.
Ҳамчунин, ба таъкиди ҷонибҳо, онҳо бо пешрафти раванд бо шарикони аврупоии худ дар тамоси доим хоҳанд буд. Қарорҳои ниҳоии ин чорчӯба аз сӯи Президенти Украина ва Амрико гирифта мешаванд ва ҳар ду ҷониб омодагии худро барои ҳамкории минбаъда дар роҳи сулҳе, ки амният, субот ва бозсозии Украинаро таъмин кунад, таъкид кардаанд.
Кохи Сафед дар изҳороти алоҳида эълон кард, ки ҳайати Украина ба онҳо гуфт, ки ин лоиҳа “мутобиқ ба манфиатҳои миллӣ” -и онҳо аст ва “ба талаботи асосии стратегӣ” посух медиҳад, ҳарчанд Киев худ изҳорот нашр накардааст.
Бар асоси гузориши “Рейтерз” ҳанӯз маълум нест, ки лоиҳаи навшуда чӣ гуна ба масъалаҳои зиёди муҳим, аз ҷумла роҳҳои таъмини амнияти Украина дар муқобили таҳдидҳои доимии Русия посух хоҳад дод.
Амрико ва Украина гуфтанд, ки “кори фишурда” -ро идома медиҳанд, ҳарчанд Марко Рубио, Вазири корҳои хориҷии Амрико, ки роҳбари ҳайати амрикоиро бар уҳда дошт, шоми якшанбе ба Вашингтон баргашт. Доналд Трамп, Президенти Амрико фишор ба Украинаро барои расидан ба созиш афзоиш дод. Ӯ рӯзи якшанбе гуфт, ки Украина ҳич қадрдонӣ аз талошҳои Амрико дар ҷараёни ҷанг нишон надодааст. Чизе, ки боиси таъкиди минбаъдаи мақомоти Киев барои сипосгузорӣ аз пуштибонии Доналд Трамп гардид.
Ҳукумати Доналд Трамп гуфт, ки “ин нишаст бо дарки муштарак ба анҷом расид, ки имрӯз як қадами муҳим ба пеш буд ва ҳамоҳангии наздик ва доимӣ барои расидан ба сулҳи пойдору фарогир зарур хоҳад буд. Ҳайати Украина таъкид намуд, ки ҳама нигарониҳои асосии онҳо, кафолатҳои амниятӣ, рушди дарозмуддати иқтисодӣ, муҳофизати инфрасохтор, озодии киштиронӣ ва соҳибияти сиёсӣ, комилан баррасӣ шуд”.
Ҳайати Украина гуфт, ки лоиҳаи ислоҳшуда “ба манфиати миллӣ” -и онҳо мувофиқ буда ва он “механизмҳои воқеӣ” барои ҳифзи амнияти Украинаро дар кӯтоҳмуддат ва дарозмуддат фароҳам мекунад. Онҳо таъкид намуданд, ки низоми густаришёфтаи кафолатҳои амниятӣ, ҳамчунин, созишҳо дар хусуси пешгирӣ аз таҷовуз, суботи энергетикӣ ва бозсозӣ ба ниёзҳои стратегӣ посух медиҳад.
Онҳо бори дигар таъкид намуданд, ки ҳар созишномаи оянда бояд комилан аз соҳибияти Украина ҳимоят кунад ва сулҳи пойдору одилонаро таъмин намояд.
Доналд Трамп пештар, дар рӯзи панҷшанбе муҳлат дода буд, то Владимир Зеленский, Президенти Украина лоиҳаи сулҳро пазирад, аммо Марко Рубио рӯзи якшанбе гуфт, ки ин муҳлат метавонад қатъӣ набошад.
Сарчашмаҳои огоҳ зикр карданд, ки Владимир Зеленский шояд дар рӯзҳои наздик ба Амрико сафар кунад, то дар хусуси ҳассостарин ҷузъиёти лоиҳа бо Трамп гуфтугӯ намояд. Бо ин вуҷуд, “Блумберг” гузориш дод, ки Амрико чандон ба нишасти сеҷониба ҳавасманд нест.
Пешниҳоди ибтидоии 28-моддаии Амрико, ки дар ҳафтаи гузашта пешниҳод гардида буд, аз Украина талаб мекард, ки имтиёзҳои ҳудудӣ диҳад, маҳдудиятҳои низомиро қабул кунад ва аз пайвастан ба НАТО даст кашад.
Ин шартҳо барои бисёре аз украиниҳо пас аз тақрибан 4 соли ҷанг дар маргбортарин низои Аврупо аз замони Ҷанги ҷаҳонии дуюм “таслим шудан” маънидод шуд.
Қонунгузорони демократ дар Амрико лоиҳаи нахустро танқид карданд ва онро “рӯйхати хоҳишҳои Русия” номиданд. Вале Марко Рубио гуфт, ки Амрико дар лоиҳаи тарҳ назорати ҳар ду ҷонибро дар назар гирифтааст.
Кишварҳои аврупоӣ гуфтанд, ки дар тарҳи лоиҳаи аввалӣ ширкат надоштанд ва рӯзи якшанбе пешниҳоди ҷавобии худро нашр карданд, ки баъзе имтиёзҳои ҳудудиро коҳиш медиҳад ва ба Украина кафолати амниятии монанд ба НАТО аз сӯи Амрико дар сурати ҳамла медиҳад.
Бо вуҷуд ин, Вазири корҳои хориҷии Амрико таъкид кард, ки пешниҳоди аврупоӣ ба дасти ӯ нарасидааст.
Дар ҳамин ҳол, баъди интиқоди мақомоти аврупоӣ аз тарҳи сулҳи ҷадид Доналд Трамп гуфт, ки ин лоиҳа ниҳоӣ нест.
Музокирот дар ҳоле сурат мегирад, ки Русия дар баъзе минтақаҳо пешравии суст, вале мутамарказ дорад. Дар дохили Украина низ суботи сиёсӣ коста шудааст. Як қазияи бузурги фасод чанд вазирро муттаҳам кардааст ва хашми тозаро нисбат ба фасоди густурда ба вуҷуд овардааст. Ин вазъият талошҳои Украинаро барои ҷалби сармоя ва ҳифзи иқтисоди кишвар душвортар намудааст.
Журналист Маргарет Бреннан ба нақли як дипломати аврупоӣ гуфт, ки Ҷ. Д. Ванс, муовини Президенти Амрико неруи асосии дипломатияи Амрико дар ҷанги Украина шудааст. Тибқи гуфтаи сарчашмаҳо Дрисколл Дэниел, Вазири артиши Амрико ва дӯсти наздики Ванс низ ба як миёнрави калидӣ табдил шудааст.
Марко Рубио дар нишасти матбуотӣ гуфт, ки ҳанӯз “ҳич пешниҳоди ҷавобии аврупоиҳо” -ро надидааст. Ӯ афзуд, ки Амрико тарҳи сулҳро “санади асосӣ” дар ин раванд мешуморад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Хабарнигори “Телевизиони Тоҷикистон” дар садамаи нақлиётӣ ҷон бохт
Дар Душанбе Ҷаласаи 25-уми вазирони масъули фаъолияти иқтисод ва савдои хориҷии СҲШ доир шуд
Милитсияи пойтахт ду касро барои машғул шудан фолбинӣ ва сеҳру ҷоду ҷарима кард
Суҳбати Масъуд Пизишкиён дар “Индиа тудей”: бо кишварҳои минтақа мушкил надорем, бо пойгоҳҳои Амрико мушкил дорем