Путин: “Ҷанги Русия ва Аврупо ғолиб нахоҳад дошт”
Тоҷикистон ва Созмони байналмилалии муҳоҷират масъалаҳои ҳамкориро баррасӣ карданд
Беш аз 100 миллиард евро зарар ба Аврупо: Олмон аз талош барои поён додани муноқишаи Эрон ва Амрико хабар дод
Кремл: Путин барои гуфтугӯ бо ҳамаи раҳбарони ҷаҳон омода аст
Озарбойҷон ва чор кишвари Осиёи Марказӣ байни худ низоми пардохти QR ҷорӣ мекунанд
Бонкҳои марказии Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Озарбойҷон барои таҳия намудани механизми ҳамгироии низомҳои миллии пардохтҳои QR то охири соли 2026 ба созиш расиданд.
Дар сурати амалӣ гардидани ин лоиҳа, шаҳрвандони ин кишварҳо метавонанд дар вақти сафар ба кишварҳои дигар ба воситаи замимаҳои мобилии бонкии худ барои хариди молу хизматрасонӣ бо рамзҳои QR пардохт намоянд.
Дар ин бора хабаргузории “Казинформ” бо такя ба изҳороти Бонки миллии Қазоқистон хабар дода, навишт, ки созишнома дар бораи ин лоиҳа дар нишасти чоруми минтақавии намояндагони бонкҳои марказии панҷ кишвар ба даст омадааст. Ин нишаст дар рӯзҳои 22 ва 23-юми октябр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардидааст.
Дар нишасти мазкур масъалаҳои рушди платформаҳои миллии пардохт, низомҳои пардохти фаврӣ, муомилоти ғайринақдӣ ва шиносоии фосилавии мизоҷон баррасӣ гардиданд.
Тибқи иттилоъ, дар ин нишаст таваҷҷуҳи асосӣ ба низоми пардохтҳои мобилӣ равона шудааст. Ин низом имкон медиҳад, ки бо истифода аз рақами телефон маблағ интиқол диҳанд ва барои молу хизматрасонӣ ба воситаи рамзҳои QR пардохт кунанд.
Ширкаткунандагони нишаст аз пешниҳодҳои Қазоқистон барои ҳамгироии низомҳои миллии пардохти QR ҳимоят кардаанд.
Дар сурате, ки ин механизм роҳандозӣ шавад, шаҳрвандони панҷ кишвари номбурда на танҳо дар вақти сафар метавонанд аз барномаҳои мобилии бонкҳои худ барои пардохт истифода баранд, балки интиқоли маблағро дар вақти зарурӣ анҷом диҳанд.
Ҷонибҳо ҳамчунин, масъалаи табодули иттилоот, танзими дороиҳои рақамӣ, ҳифзи зерсохтори пардохт аз ҳамлаҳои киберӣ ва мубориза бо қаллобиро баррасӣ кардаанд. Истифодаи зеҳни сунъӣ дар назорати низомҳои пардохт низ аз мавзуъҳои ин нишаст будааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Сироҷиддин Муҳриддин нусхаи эътимодномаи сафири Амороти Муттаҳидаи Арабиро қабул намуд
АСА дар Тоҷикистон: Фаридун Одилов Артём Фроловро шикаст дод
Озарбойҷон ва чор кишвари Осиёи Марказӣ байни худ низоми пардохти QR ҷорӣ мекунанд
Путин: “Ҷанги Русия ва Аврупо ғолиб нахоҳад дошт”