Рубио бо нақли таърих ба зидди Эрон ҳарф зад: Ҳахоманишиён ба Юнон ҳамла карданд ва маъбаду иботатгоҳҳоро оташ заданд
“Ал-Ҷазира”: Буҳрони сӯзишворӣ дар Русия Душанберо ба домани Теҳрон тела медиҳад?
Намояндагони вижаи Трамп барои гуфтугӯ бо Путин ба зудӣ ба Маскав мераванд
Номзад ба Сенати Амрико: Исроил қонунҳои ҷанг ва ҳуқуқи байналмилалиро нақз кардааст
Рубио бо нақли таърих ба зидди Эрон ҳарф зад: Ҳахоманишиён ба Юнон ҳамла карданд ва маъбаду иботатгоҳҳоро оташ заданд
Марко Рубио, вазири корҳои хориҷии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар сафари ахири худ ба Юнон ба таърих рӯ оварда, гуфт, ки соли 480-и пеш аз мелод лашкари Ҳахоманишиён ба Юнон ворид шуда, маъбад ва ибодатгоҳҳоро дар ин кишвар ба оташ кашиданд.
Ин изҳороти Марко Рубио, вазири корҳои хориҷии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар мавриди лашкаркашии подшоҳи Ҳахоманишӣ ба Юнон ва ба оташ кашидани маъбаду ибодатгоҳҳо вокуниши тунди мақомоти эронӣ, рӯзноманигрон ва таърихнигорони хориҷиро ба вуҷуд овард. Онҳо мегӯянд, ки Марко Рубио таърихро ба таври интихобӣ нақл кардааст.
Тибқи иттилоъ, Марко Рубио дар ҷараёни суханронии худ дар Акрополи Афина гуфт, лашкари Хашёршоҳ, подшоҳи Ҳахоманишиён дар соли 480-и пеш аз мелод ба шаҳри Юнон ворид шуда, маъбад ва ибодатгоҳҳоро оташ зад. Ин нақли қавли Марко Рубио аз таърихи гузаштаи Эрон баҳсҳои зиёдеро дар расона ва шабакаҳои иҷтимоӣ ба вуҷуд овардааст. Гуфта мешавад, ин суханони Марко Рубио на фақат вокуниши мақомоти Эронро ба бор овард, балки мавриди интиқоди баъзе расонаву муаллифони хориҷӣ низ қарор гирифт.
Муҳаммад Ҷавод Зариф, вазири корҳои хориҷии пешини Эрон дар вокуниш ба ин изҳороти Марко Рубио гуфт: “Рубио аз ҷиноҳи мухолифи музокира дар Амрико аст ва ҳадафҳои худашро дунбол мекунад. Ҳама дар Амрико яксон фикр намекунанд ва касоне ҳастанд, ки назари дигаре доранд. Аммо ҷаноби Рубио, ки худаш ададе нест, касе, ки барои ӯ суханронӣ навишта, савод надоштааст. Худаш, ки ҳеч, балки касе, ки суханронии ӯро омода мекунад, нафаҳмидааст”.
Дар ҳамин ҳол, Исмоил Бақоӣ, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар саҳифаи Икси худ навишт, вақте таърих ба абзоре барои машруиятбахшӣ ба қудрат табдил шавад, қадами баъдӣ дигар “фаҳми гузашта” нест, балки “муқаддас сохтани қудрат” бар асоси нафс аст.
Сарлашкар Муҳсин Ризоӣ, Дабири Шурои олии амнияти Ҷумҳурии Исломии Эрон, Алиакбар Вилоятӣ, мушовири роҳбари инқилоб дар корҳои байналмилалӣ ва Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Шурои Исломӣ (парлумон) -и Эрон ба шакли ҷудогона башиддат ин изҳороти мақоми Амрикоро интиқод намуданд.
Ин суханони Марко Рубио вокуниши интиқодии бархе нависандагону таърихнигоронро низ ба вуҷуд овардааст. Онҳо мегӯянд, ки Вазири корҳои хориҷии Амрико таърихро ба сифати интихобӣ нақл намудааст. Вокуниши интиқодӣ ба суханони Марко Рубио бо мақомоти Эрон маҳдуд намонд. Эндрю Рот, хабарнигори рӯзномаи “Гардиан” навишт, ки Рубио таърихро ба таври интихобӣ нақл намуда, аз он барои таблиғи сиёсати “Аввал Амрико” -и Доналд Трамп истифода кардааст.
Ҷозеф Леконте, муаллифи амрикоӣ низ дар нашрияи “Нэншл Ревю” гуфт, ки дар ривояти Рубио аз таърихи Афина баъзе паҳлуҳои муҳим, аз ҷумла оқибатҳои густариши аз ҳад зиёди қудрати ин шаҳр сарфи назар шудаанд.
Рӯзноманигор Эдвард Люс, шореҳи “Файнэншл Таймз” бо ишора ба шеваи омода кардани суханронӣ онро ба кори зеҳни сунъӣ монанд намудааст. Хабаргузории “Ассошиэйтед Пресс” низ гуфт, ки дар суханронии Вазири корҳои хориҷии Амрико иддаои баҳсбарангези таърихӣ ҷо дорад.
Нақли интихобии таърихи гузаштаи Эрон аз ҷониби Марко Рубио, бо ҳадафи тарғиби сиёсати имрӯзаи Трамп сурат гирифт, зеҳнияти мардуми Амрикоро дар мавриди ин ки Эрон дар гузашта ба Юнон ҳамла карду маъбадҳои онҳоро оташ зад, зинда мекунад. Ӯ, ба гуфтаи коршиносон, амдан аз пешина ё омили ҳамлаи Эрон ба Юнон нагуфт, то нишон диҳад, ки низои Исроилу Амрико бо Эрон реша аз ихтилофҳои қадимӣ дорад.
Ба иборати дигар, Марко Рубио бо ин суханон ба таври пӯшида ишора мекунад, ки баҳс бо Эрон баҳси тамаддуни ғарбу Эрон аст ва ин ихтилофҳо дар соли 480-и пеш аз мелод ҳам вуҷуд дошт. Оғози чунин нақлҳои қавли таърихӣ, ки ба таври интихобӣ аз забони сиёсатмадорони амрикоиву исроилӣ ва ғарбӣ садо медиҳад, чизи тоза нест. Бенямин Нетаняҳу борҳо аз ривоятҳои таърихӣ барои тавҷеҳ додани сиёсати худ истифода кардааст.
Баҳси бамиёномада нишон медиҳад, ки таърихи муносибатҳои Эрону Юнони бостон ҳамоно метавонад дар баҳсҳои сиёсии имрӯз истифода шавад. Вале арзёбии чунин изҳорот бояд тибқи сарчашмаҳои таърихӣ ва таҳқиқотҳои муътабари илмӣ сурат гирад, на аз дидгоҳи рақобатҳои муосири сиёсиву геополитикӣ.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Иттиҳоди Аврупо таҳримҳо алайҳи Русияро бо иловаи 1900 мавриди нав густариш медиҳад
Соро Муҳаммад: Романи “Сармаддеҳ”-и Баҳманёр бо забони арабӣ нашр мешавад. Ман дар бораи ин роман рисолаи докторӣ дифоъ намудам
Иддаои Бен-Гвир: “Кулли Ғазза аз они мост”
Тағйири мавқеи Трамп дар қиболи Украина: Аврупо аз таҳияи стратегияи мустақили сулҳ мегӯяд